Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабоҳату фарқҳои интихобот дар Озарбойҷону Тоҷикистон


Интизор меравад дар интихоботи президентии 9-уми октябр Озарбойҷон раисиҷумҳури феълиаш Илҳом Алиев пирӯз гардад, аммо мухолифон дар ин маъракаи одатӣ таъсири ғайриинтизори худро хоҳанд гузошт.

Агар дар гӯшае аз кӯчаи пуриздиҳоми пойтахти шукуфони Озарбойҷон истода, лаҳзае ба атроф нигарӣ, хоҳӣ дид, ки ҷаҳон, зоҳиран, хеле бо суръати баланд ҳаракат мекунад. Аз раҳгузаре агар пурсед, ки панҷ соли оянда кӣ раҳбари кишвар хоҳад шуд, посухи ӯ гӯё бо хароше вақтро бозмедорад: "Шубҳае нест, ки Илҳом интихоб хоҳад шуд. Вай президент мешавад. Илоҷ нест.”

Назарсанҷиҳо, таърих ва ҳис – ҳамагӣ нишон медиҳанд, ки раҳбари худкомаи Озарбойҷон Илҳом Алиев раъйҳои интихоботи 9-уми октябрро, ба истилоҳ, ба ҷайби худ хоҳад андохт. Ғалабае, ки аз пеш маълум аст, ба раҳбари 51-солаи меросӣ имкон медиҳад, даври савуми баҳсбарангез ва ба гунае қонунишудаи раёсатро ба даст гирад ва низоми феълиро идома диҳад.

Фарқҳо ва шабоҳатҳои интихоботҳои президентии ду кишвари пасошӯравӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим


Аммо фарқи қобили мулоҳиза ин аст, ки аввалин бор аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Озарбойҷон дар Шӯрои нерӯҳои демократӣ муттаҳид шуданд ва номзади ягонаи худро ба майдон оварданд. Дар ҳамаи интихоботҳои гузашта чунин ҳолат даст надода буд.

Аз рӯйи ин ду нишонаи худ – яъне натиҷаҳои аз пеш маълуми интихобот ва номзади ягонаи мухолифон вазъи Озарбойҷон бо Тоҷикистон хеле монанд аст. Дар Тоҷикистон низ бисёриҳо бар инанд, ки раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6-уми ноябр пирӯз хоҳад гашт. Аммо аввалин бор ҳизбу гуруҳҳои мухолифи давлат дар як ҷабҳа ба ҳам омаданд ва номзади ягонаи худ, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназароваро номзад карданд.

Ҷамил Ҳасанлӣ
Ҷамил Ҳасанлӣ
Дар Озарбойҷон аввал номзади пуровоза – филмноманавис ва коргардони синемо Рустам Иброҳимбековро номзад карданд. Аммо ба сабаби он ки вай солҳои охир берун аз Озарбойҷон зиндагӣ кардааст, куммиссюни интихобот ин номзадро ба қайд нагирифт. Эътилофи мухолифони Озарбойҷон он гоҳ рӯ ба номзаде овард, ки чандон машҳур нест. Таърихшиноси 61-сола ва собиқ вакили парлумон Ҷамил Ҳасанлӣ ибтидо интихоби хубе намудор нашуд, аммо оғози маърака нишон дод, ки ӯ нотиқи барҷаста ва ҷасурест, ки табиати саҳнаи сиёсии кишвари худро хуб медонад. Вай дар аввалин баҳси телевизионӣ чунин гуфт: "Ҳизби ҳоким то банди по ғарқи фасод аст. Ҳукумати Илҳом Алиев то зону ва худи Илҳом Алиев то гулӯ ба фасод ғӯтидааст.”

Ин баҳс бештар ба сирке монанд буд, ки худи Алиев дар он ширкат надошт, аммо ҳашт номзади дигари тарафдори ӯ ба Ҳасанлӣ дармеафтоданд ва як бор ҳатто ӯро бо шиша заданд.

Рақибон бо истифода аз вақти давлатӣ дар телевизион Ҳасанлӣ ва мухолифони режимро таҳқир карданд ва онҳоро сагу ҳамҷинсбоз ва занони онҳоро “фоҳиша” номиданд.

Узви ҳизби ҳоким Сиёвуш Наврӯзов унвонҳои илмии Ҳасанлиро, ки Ҳасанлӣ муаллифи чандин китоб дар бораи давраи Ҷанги Сард ва манотиқи Қарабоғу Нахҷувони Озарбойҷон аст, рад кард: "Ту олим ҳам нестӣ. Ту як ҷӯгӣ ҳастӣ ва дар кӯча мезистӣ ва баъд аз интихобот ҳам дар кӯча хоҳӣ монд, Ҷамил Ҳасанлӣ!”

Номзадҳои озарӣ (аз рӯи қад)
Номзадҳои озарӣ (аз рӯи қад)
Мушоҳидон мегӯянд, дашному таҳқирҳои заҳромези маърака мардумро аз сиёсат дилмонда кардаанд. Элхон Шоҳиноғлу, мудири маркази таҳлилии “Атлас” дар Боку мегӯяд, ин стратегия ба фоидаи Алиев аст, ки худро болотар аз ин ҷанҷолҳо мегузорад ва худро кам нишон додаву хеле кам мустақиман ба мардум муроҷиат мекунад: "Бетафовутии мардум нисбати равандҳои сиёсӣ падидаи манфист. Ва он ба фоидаи ҳукумат аст, зеро дар чунин ҳолат онҳо бе талоши зиёд ҳам метавонанд дар интихобот пирӯз шаванд. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, ҳизби ҳоким ҳатто фикре надорад, ки дар Боку раҳпаймоии калоне созмон диҳад.”

Аммо канораҷӯии Алиев аз саҳнаҳои баҳс дар навбати худ ба Ҳасанлӣ имкон додааст, ки бо истифода аз ин фурсатҳо нуқтаҳои заъфи ҳукумат, аз ҷумла фасодзадагии он, ваъдаҳои иҷронашуда, ба манотиқи оффшор рафтани сармояҳои кишвар, хариди қасрҳо дар кишварҳои хориҷӣ, ҳисобҳои бонкии аҳли оилаи раисиҷумҳурро ба намоиш гузорад.

Суханрониҳои Ҳасанлӣ дар минтақаҳо ҳазорон нафарро гирд оварданд ва ба тазоҳурот табдил ёфтанд. Аммо бисёре аз тарафдорони ӯ шикоят мекунанд, ки ҳадафи ҳамлаву таъқиб қарор ёфтаанд. Чанд рӯз пеш сухангӯи Ҳасанлӣ – Оқтай Кӯлолиев ҳалдафи ҳамла қарор гирифт ва баъд аз он зиндонӣ шуд.

Мақомоти Озарбойҷон ангезаи сиёсӣ доштани ин рӯйдодҳоро рад мекунанд, аммо Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз фишори давомдор ба фаъолони сиёсӣ, журналистон ва таблиғгарони номзади мухолифон изҳори нигаронӣ кардаанд. Ва аъзои Шӯрои миллӣ мегӯянд, агар интихобот озоду одилона ва шаффоф баргузор шавад, номзади онҳо ғалаба хоҳад кард. Дар он сурат вай танҳо ду сол президентӣ карда, интихоботи нав, тағйири сарқонун ва бекор кардани сензураро эълон хоҳад кард.

Тақрибан ҳамон ваъдаи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки мегӯяд, номазадаш дар сурати пирӯзӣ танҳо 4 сол ҳукумат хоҳад ронд ва дар ин муддат кишварро барои як интихоботи воқеан демократӣ омода хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG