Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохтар нахустин Наврӯзи худро пешвоз мегирад


Шаҳри Бохтар, ки то як моҳи пеш бо исми Қӯрғонтеппа маъруф буд, аввалин Наврӯзи худро зери исми навшуда пешвоз мегирад. Тамоми шаҳр барои пешвози иди миллӣ ва фарорасии баҳор омода мешавад.

Дар саросари шаҳр корҳои ободонӣ, сохтмон, таҳриру навсозӣ идома дорад. Яке аз тағйироти нав - фаввораи оби зинда дар саҳнаи ҳунарӣ, кишти лолаҳои ҳолландӣ дар гулгашту боғҳои маркази шаҳр ва барафрохтани парчами миллӣ мешавад. Муаллифи дизайни ин ҳама рукнҳо ҳам мақомоти шаҳру вилоят мебошанд.

Ҳукумати шаҳри Бохтар ҳудуди миллион лолаи ҳолландиро аз хориҷ харидорӣ кардааст, ки гуфта мешавад бояд дар рӯзҳои Иди Наврӯз кишт карда шаванд.

Фариштамоҳ Файзуллоева, як сокини 62-солаи шаҳри Бохтар ҳам мисли дигар ҳамсояҳоаш серташвиш аст. Ин зан гулпарвари ботаҷриба аст ва масъулони Наврӯзи Бохтар аз ӯ хостанд, дар омодагӣ ба ҷашн ва зеботар шудани маркази вилояти Хатлон саҳм бигирад.

Вай аз шурӯи парвариши пиёзаки лолаҳои ҳолландӣ, ки рангҳои сурху сафед доранд, ҳамаро худаш парвариш мекунад ва масъули то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саросари шаҳр кишт шудани ин гулҳои зебову нодир мебошад.

Фариштамоҳ Файзуллоева мегӯяд, "гулҳоро парвариш дорем, то шом, гоҳҳо шабонарӯзӣ кор мекунем, ки Наврӯзро хуб пешвоз гирем. Дар пешорӯи ҷашни Наврӯз хело серкор ҳастем, гулҳоро омода кардем, дар шаҳр ва иди Наврӯз 22 намуд гулро кишт мекунем". Ба кори Фариштамоҳ Файзуллоева даҳҳо дигар бознишастаҳои маҳаллӣ кӯмак мекунанд.

Ҳукумати шаҳри Бохтар ҳудуди миллион лолаи ҳолландиро аз хориҷ харидорӣ кардааст, ки гуфта мешавад бояд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз кишт карда шаванд. Ин шаҳр бо иваз шудани номаш зоҳиран тағйир мекунад. Мақомот мегӯяд, ки 13 иншооти ҷашнӣ дар рӯзи ид ва дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмононе, ки ба иди байналмилалии Наврӯз меоянд, расман ифтитоҳ мешаванд.

Валиҷон Ятимзода, сармеъмори шаҳри Бохтар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бори аввал дар саҳнаи барномаи Наврӯзи фаввораҳои зинда истифода мешавад. Дар нақша аст. ки зиёда аз 90 метри мукааб об дар фавораҳо истифода шавад.

Вай гуфт, "дар шаҳри Бохтар, ки иди байналмилалӣ баргузор мешвад хеле омодагӣ хуб аст, майдони парчами миллӣ, як тӯҳфаи идона барои мардуми шаҳр аст, ки тафреҳ мекунад. Дар қисмати пешаш фаввораҳо, парчами 65 метра гузошта мешавад. Инчунин саҳнаи барномаи наврӯзӣ фарқунанда аст, чун бори аввал об ва фаввораи зинда дар саҳна истифода мешавад

Дар миёни сохтмонҳои наве, ки қарор аст ба истифода дода шаванд, нахустин боғчаи бачагонаи дузабонаест, ки ба кӯдакон англисию русӣ таълим медиҳад.

Дар шаҳри Бохтар биноҳое, ки аз замони Шӯравӣ рангу бор нашудаанд, сурати худро дигар мекунад ва бори аввал ин биноҳоро рангу бор мекунад.

Дар ҷаласаи ҳукумати шаҳри Бохтар ахиран гуфтанд, ки дар марҳилаи аввал барои корҳои ободони беш аз 2, 5 миллион сомонӣ ҷудо кардаанд. То фарорасии Наврӯз қарор аст боз маблағи муайяни дигар ихтисос дода шавад .

Дар миёни дигар афроди серташвиш ин шабу рӯз донишгоҳу коллеҷҳои маҳалллӣ ҳам мебошанд. Абдуваҳҳоб ва Сомон, ду донишҷӯ барои баромад дар варзишгоҳ марказӣ омода мешаванд, чун қарор шудааст як барномаи калони театрикунонида ҳам барпо шавад.

Аскар Нуриддинов, директори Коллечи тиббии шаҳри Бохтар таъкид кард, ки донишҷӯёни ширкатдори ин барнома баъди дарсҳо ба маршировка ё барномаи театрӣ омода мешавад.

Вазорати фарҳанг гуфт, ки соли ҷорӣ Наврӯз дар се нуқтаи мухталиф – шаҳри Бохтар, Панҷакент ва Душанбе баргузор мешавад. Ба муносибати ин иди миллӣ қарор аст се рӯз истироҳати расмӣ эълон шавад.

XS
SM
MD
LG