Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи пешгирии фалаҷи кӯдак дар Бадахшон


Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, маъракаи эмкунӣ барои пешгирӣ аз бемории полиомиелит ё фалаҷ дар Бадахшонро пеш аз муҳлат оғоз кунад.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 20 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба хотири сироят накардани ангезаи полемиолит ё бемории фалаҷ аз Бадахшони Афғонистон ба манотиқи Бадахшони Тоҷикистон ҳамаи чораҳо дида шуда, қарор аст, 24-уми феврал пеш аз муҳлат маъракаи воксинзанӣ дар вилояти Бадахшон оғоз шавад.

«Азбаски мардуми Мурғоб ва дигар минтақаҳои Бадахшон дар моҳи апрел ва май ба айлоқ, яъне чарогоҳҳои тобистонаи худ мераванд, имкони эмкунӣ мушкил хоҳад шуд. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки дар моҳи феврал ин маъракаро оғоз кунем,» - зикр кард ҷаноби Ҷаъфаров.

Вай афзуд, қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон аз хуруҷи ин беморӣ дар Бадахшони Афғонистон ба таври ғайрирасмӣ хабарҳо дарёфт карда буд ва бо дарназардошти ин 24 феврал маъракаи эмкунӣ дар ин вилоят оғоз хоҳад шуд.

Расонаҳои хабарии Афғонистон иттилоъ медиҳанд, ки дар вилояти Бадахшони Афғонистон чандин мавриди сирояти кӯдакон ба бемории фалаҷ ба қайд гирифта шудааст, ки барои саломатии хусусан хурдсолон хатарнок мебошад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт соли гузашта эълон карда буд, ки ҷаҳонро аз вируси фалаҷ озод хоҳад кард. Тибқи як барнома, ин созмон ҳадаф дорад, то соли 2018 тамоми нишонаҳои полиомиелитро дар ҷаҳон нобуд созад.

Барномаи мазкур, ки аз ҷониби ин созмон моҳи апрели соли 2013 роҳандозӣ шуда буд, ҳадаф дорад, дар 5 соли оянда сирояти фалаҷи атфолро аз байн бубарад. Ахиран масъулини беҳдошт дар Вашингитон гуфтанд, ки барномаи нав амнияти кормандони эмкунандаи атфолро дар минтақаҳои хушунатзо низ дар назар мегирад. Арзиши барномаи нави зидди фалаҷ 5,5 миллиард доллар ҳисоб шудааст ва феълан ҷамъоварии сармояаш идома дорад.

Ҳадафи барнома қабл аз ҳама то соли 2014 нобуд кардани нишонаҳои ин маризӣ дар кишварҳои манбаи хуруҷи фалаҷ мебошад. Нигерия, Афғонистон ва Покистон аз давлатҳое ба шумор мераванд, ки фалаҷ дар ин ҷомеаҳо ба як мушкили сартосарӣ табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG