Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роғуншоҳу Саҳмия роҳгардак шуданд, саҳмияҳои Роғун чӣ?


Марде дар маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун, 6-умиянвари соли 2010.
Марде дар маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун, 6-умиянвари соли 2010.

Даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чаҳор сол пеш саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харидаанд, мегӯянд, намедонанд, пулҳои онҳо дар куҷост ва барои киҳо чӣ қадар фоида меорад.

Навзодони собиқ -- Роғуншоҳу Саҳмия имсол 4-сола шуданд ва дигар мустақилона роҳ мераванд ва ҳарф мезананд, аммо сарнавишти саҳмияҳои Роғун, ки даҳҳо тифл дар соли 2010, дар авҷи маъракаи “Роғун -- номуси миллӣ”-и ба нишони пуштибонӣ аз ин маърака номгузорӣ шуданд, имсол ҳам барои аксар саҳҳомонаш норӯшан боқӣ монд.

Аксарият дар бораи шеваи истифодаи пули ин самҳияҳо маълумоти дақиқ надоранд ва ҳам намедонанд, ки саҳмияҳои Роғун барояшон кай фоида хоҳад овард. Бархе аз саҳҳомон ноумед шуданд ва саҳмияҳоро аз коғазпорае беш намедонанд, аммо гурӯҳи дигар бо умеди як рӯзи хуб онҳоро нигоҳ медоранд.

Абдумалик, ҷавони 29-сола ҳам, ки ба 14 ҳазор сомонӣ саҳмияи Роғунро дорад, мегӯяд “шайтон ноумед аст”. Вай соли 2010 бо умеди он, ки рӯзе ин васиқаҳо барояш даромад меоранд, онҳоро аз чандин донишҷӯву корафтодае харид, ки маҷбуран саҳмия харида, пушаймон шудаанд. Аммо Абдумалик мегӯяд, аз шеваи истифодаи ин саҳмияҳо маълумоте надорад: “Боре ҳам ба ҷаласаи Шӯрои саҳҳомон даъват нашудаам ва ҳатто намедонам, ки тартиби гузаронидани ин шӯро чӣ гуна асту киҳо дар он ширкат мекунанд. Ба мо чизе нафаҳмонидаанд, аммо ҳар хабари

Саҳмияи Роғун
Саҳмияи Роғун

марбут ба Роғунро дар расонаҳо мехонаму пайгирӣ мекунам. Вақте баҳсҳо дар сатҳи минтақаву ҷаҳонӣ идома дошт, як каме боварро аз даст додам ва гуфтам, шояд сохтмонро иҷоза надиҳанд. Баъди нашри хабарҳо дар бораи безарар будани ин тарҳ аз нигоҳи экологӣ дигар хушҳолу умедвор шудам. Аз сӯи дигар худи президент ҳам ба мо кафолат додааст ва дар ин масъала қонун ҳам қабул шуда буд. Бояд бефоида набошад,” -- мегӯяд Абдумалик.

Дар воқеъ хулосаи мусбати Бонки ҷаҳонӣ дар бораи Роғун, ки ба сохтмони ин тарҳ бо чанд шарт иҷоза дод, барои бисёриҳо хушхабари сол буд. Он пас аз 4 соли норӯшанӣ дар дили бисёриҳо шӯълаи умедро барангехт. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам барои сохтмони нерӯгоҳ дар буҷаи соли оянда 300 миллион доллар, ё 10 дар сад бештар аз соли қаблӣ маблағ пешбинӣ кард. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки Роғун набояд аз ҳисоби буҷа сохта шавад. Он машварат дод, ки барои тарҳе ба ин бузургӣ кишвар сармоягузорон пайдо кунад. Таври маълум барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз 5 то 6 миллиард доллар даркор аст.

Дар ҷустуҷӯи сармоя ҳайатҳои Тоҷикистон ба бонкҳои байнулмилалӣ, ширкатҳои ҷаҳонӣ ва ҳукумати кишварҳои пешрафта муроҷиат мекунанд. Чанде пеш яке аз чунин ҳайатҳо аз Фаронса баргашт ва эҳтимол меравад, дар Порис масъалаи сармоягузорӣ ҳам матраҳ шудааст.

Аммо Георгий Кошлаков, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, сабаби таъхир дар сохтмони асосии Роғун на мушкилоти молӣ, балки набудани мутахассисони ҳирфаист. Ба ақидаи ӯ, “мутахассисоне заруранд, ки назорат ва хулосаҳои муҳандисиро ба роҳ монанд. Мо чунин мутахассисон қариб надорем. Аммо ба ҳар сурат Тоҷикистон бояд аз рӯйи ҷадвале, ки коршиносони ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон пешниҳод кардааст, корро шурӯъ кунанд. Дар масъалаи молӣ ман фикр мекунам, Тоҷикистон бояд дар Русия сармоягузор ҷӯяд.”

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун, ки сарбандаш аз 300 то 335 метр баландӣ дошта, иқтидораш 3600 мегаватт хоҳад буд, дар сурати фаъол шуданаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ тавлид кунад. Он гоҳ маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру деҳоти Тоҷикистон, ки ҳар сол аз моҳи октябр то апрел ҷорӣ мешавад, аз байн меравад. Азоби бебарқӣ буд, ки ҳазорон нафарро водор кард, саҳмияҳои Роғунро харида, дар бунёди он ҳисса гузоранд. Ҳарчанд гуфта мешуд, қисме аз мардумро ба харидани саҳмияҳо маҷбур кардаанд, даҳҳо нафар мегӯянд, бо амри дил ва аз рӯйи номус барои ин коғазпораҳо пул доданд, то ба ватани худ кӯмак кунанд.

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов

Ҳоло махфӣ мондани сарнавишти ин саҳмияҳо бовари саҳмдоронро ба росткории мақомот ҷиддан коҳиш додааст. Коршиноси тоҷик Саймуддин Дӯстов мегӯяд, махсусан соли 2014 сарнавишти пули мардум барои Роғун ба як марҳилаи ториктар ворид шуд: “Имсол масъалаи истифодаи маблағҳои Роғун хеле махфӣ буд ва маълумоте дар расонаҳо набуд. Гуфтугузорҳо ҳам ҳаст, ки ин маблағҳо асосан ба ду банк -- "Ориёнбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" дода шудаанд. "Ориёнбонк" чанд моҳ пеш ин маблағҳоро баргардонидааст. Як иштибоҳи вазорати молия ин буд, ки ин пулҳо бо сомонӣ нигоҳ дошта мешуданд ва дар натиҷа ин пулҳо дар хизмати сохторҳои тиҷоратии хусусӣ буданд, ки ғайриқонунӣ аст. Бадбахтона, бо чанд тағйир дар ҳуҷҷатҳои оинномавии нерӯгоҳи Роғун онҳо тавонистанд, муваффақ шаванд, ки дар назди саҳҳомони каторӣ ҷавобгарӣ надошта бошанд ва ин пулро танҳо дар сурати ба кор даровардани нерӯгоҳ баргардонанд. Аммо мардум ҳақ доранд, талаб кунанд, ки пули онҳо куҷо шуд, бо кадом фоиз ва асъор истифода мешавад,”-- мегӯяд ҷаноби Дӯстов.

Саҳҳоми қатории тоҷик Абдумалики 29-сола мегӯяд, умедвор аст, дар ифтитоҳи нерӯгоҳи Роғун нӯшбод гӯяд. Аммо ҷаноби Дӯстов бар ин аст, ки саҳҳомон набояд ба сохта шудани Роғун дар солҳои наздик умед банданд.

Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун чаҳор сол пеш 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Соли 2013 Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин маблағҳо аз ҳисоби баҳра ё сарбахш 70 миллион сомонӣ фоида овардаанд ва гуфта мешуд, ин фоида моли саҳҳомони Роғун аст. Аммо аксари онҳое, ки саҳмияи Роғунро дар даст доранд мегӯянд, ҳанӯз аз ин коғазҳо ҳеч фоидае нагирифтаанд.

Баҳси Роғун дар дидори вакилони Тоҷикистону Аврупо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

XS
SM
MD
LG