Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар Афғонистон 11 ҳазор сарбоз доштааст


Вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 30-юми август гуфт, ки шумораи нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон ҳудуди 11 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерс", ин дар ҳоле аст, ки Пентагон пештар гуфта буд, ҳудуди 8 ҳазору 400 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд.

Дар ҳамин бора генерал Кеннет МаккКензи, мудири Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳ дар Пентагон гуфтааст, ки эъломи теъдоди воқеии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, дар ростои шаффофсозӣ, сурат гирифтааст. Ин мақоми вазорати дифои Амрико дар идома гуфтааст, ки дар чаҳорчӯбаи стратегияи нави Амрико, шумораи нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон афзоиш хоҳанд ёфт.

Амрико 16 сол аст, ки бо сарнагун кардани ҳукумати Толибон пас аз ҳамлаҳои террористии сентябри соли 2001, дар Афғонистон ҳузур дорад. Аммо нишонаҳое аз поён ёфтани ҷанг дар ин кишвар ба чашм намерасад.

Шумораи дақиқи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар ҳоле маълум шуд, ки Пентагон пас аз таъйиди стратегияи нави ин кишвар дар Афғонистон, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури он кишвар онро ҳафтаи гузашта расман эълон кард, ният дорад ҳудуди 4 ҳазор нерӯи нав ҳам ба Афғонистон ирсол намояд.

Бо ин вуҷуд генерал МакКензи афзудааст, ки "вазири дифои Амрико ҳанӯз дар ин маврид тасмим нагирифтааст... ҳанӯз нерӯи нав эъзом нашудааст ва ҳанӯз ҳам дастури фиристодани нерӯҳо содир нашудааст". Ин генерали амрикоӣ ҳамчунин гуфтааст, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико тобистони соли гузашта шумораи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро 8400 нафар эълон карда буд.

Шумораи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон як ҳафта пас аз таъйини стратегияи нави Амрико дар Афғонистон, эълом мешавад. Ҳудуди як ҳафта қабл раиси ҷумҳури Амрико стратегияи нави ҳукумати худро дар баробари Афғонистон эълон кард, ки тибқи он шумораи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон афзоиш меёбад.

Доналд Трамп дар оғоз қасд дошт, ки нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон берун кунад, аммо мушовиронаш ӯро қонеъ кардаанд, ки барои пешгирӣ аз пешравии Толибон ва суқути эҳтимолии ҳукумати Афғонистон, ба тақвияти онҳо иқдом кунад. Амрико 16 сол аст, ки бо сарнагун кардани ҳукумати Толибон пас аз ҳамлаҳои террористии сентябри соли 2001, дар Афғонистон ҳузур дорад. Аммо нишонаҳое аз поён ёфтани ҷанг дар ин кишвар ба чашм намерасад.

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", таҳлили ниҳодҳои амниятии Амрико дар моҳи майи соли ҷорӣ нишон додааст, ки ҳатто бо афзоиши нерӯҳои Амрико дар Афғонистон, эҳтимолан соли оянда вазъият вахимтар шавад. Доналд Трамп як ҳафта қабл ҷанги Афғонистонро "тӯлонитарин ҷанги таърихи Амрико" хонд. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамзамон аз "хуруҷи саросемавор"-и нерӯҳои низомии Амрико аз Ироқ интиқод карда ва гуфта буд, ин хуруҷ ба ҳузур ва тақвияти ДИИШ анҷомид ва ИМА набояд иҷозат диҳад чунин иттифоқе дар Афғонистон рух бидиҳад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG