Муфаттишон дар шаҳри Исфара таҳқиқи қатли як соҳибкор ва узви пешини Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба поён расондаанд.
Ҷасади Маннон Содиқов ё Домулло Абдуманнони 60-сола моҳи май аз таҳхонаи як бинои нимсохт дар деҳаи Чорбоғи Исфара ёфт шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ бо худ 100 ҳазор доллар дошт ва бояд барои раҳо кардани писараш аз зиндон ба шаҳри Душанбе мерафт.
Хулосаи тафтишот ҳанӯз маълум нест. Раёсати корҳои дохилии Суғд пештар бо нашри наворе гуфта буд, ки Маннон Содиқов фирефтаи ваъдаи дурӯғи озодии писараш аз зиндон шуда, дар роҳ кушта ва ғорат гаштааст.
Қарор аст, парвандаро Додгоҳи шаҳри Исфара баррасӣ кунад.
Абдусалом Содиқов, писари Маннон Содиқов, ки падараш мехост ӯро дар ивази сад ҳазор доллар аз зиндон раҳо кунад, чанде пеш афв* шудааст. Вай соли 2024 бо гуноҳи фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумат, ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуда буд.
Абдусалом рӯзи 3-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мақомот дар кушта шудани падарам Эҳсон Бобоеви 31-сола ва Юсуф Шарифови 46-сола муттаҳам кардаанд. Парванда рӯзи 27-уми август ба додгоҳ фиристода шуд.”
Ӯ ва модараш иддао доранд, ки дар ин қазия як нафари дигар даст дорад ва он шахсро гумонзади асосӣ мепиндоранд, вале аз он норозӣ ҳастанд, ки мақомот ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Ному насаби ин шахс дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, аммо феълан ба далели набудани далели кофӣ нашр намешавад.
"Падарам ба ҳарфҳои ин шахс бовар дошт. Мо хостем, ки дар қазияи куштор ҳамчун нафари аввал ҷалб карда шавад. Додситон ба мо посух дод, ки ӯ шахсан дар куштор ҳузур надошт," -- гуфт Абдусалом Содиқов.
Радиои Озодӣ барои шарҳи ин иддао ба Додситонии шаҳри Исфара муроҷиат кард, аммо посух гирифт, ки “ҳамаи маълумотро аз Маркази матбуоти Прокуратураи вилояти Сугд дастрас кунед”. Тамосҳои мо ба Додситонии вилояти Суғд то ин дам бенатиҷа буд.
Намояндагони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, Маннон Содиқов пас аз баста шудани ин созмони сиёсӣ дар кишвар таъқибу боздошт ва як сол зиндонӣ шуда буд.
Ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 дар Тоҷикистон гурӯҳи ифротӣ ва террористӣ эълон шуда, даҳҳо узви фаъоли он боздошту зиндонӣ ва гурӯҳи дигар дар хориҷа паноҳанда гардидаанд. Намояндагони ҳизб иттиҳомҳои мақомоти Тоҷикистонро ҳамеша рад мекунанд.
*Қонуни нави афв дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн қабул шуд ва бар асоси он ҳазорҳо нафарро аз зиндону ҷавобгарӣ озод ва муҳлати ҳабси гурӯҳеро кам карданд.
Гуфтугӯ