Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар бозии ҷавобии гузариш тими “Эсхата”-и шаҳри Хуҷандро дар майдони худ бо ҳисоби 3:2 шикаст дод, мавқеашро дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли оянда нигаҳ дошт.

Бозии ҷавобӣ барои ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2018 рӯзи якшанбеи 26-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Балхӣ баргузор шуд.

«Панҷшер», ки дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мақоми пешазохирин - ҳафтумро касб намуд, бо барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал - «Эсхата»-и Хуҷанд – рақобат кард. Мизбонон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Голҳои Ҳасан Холов, Алишер Салимов ва Фаррух Фузайлов дар ин бозии муҳим ба “Панҷшер” пирӯзӣ овард. Бозии аввал миёни ин дастаҳо, ки 22-юми ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир шуда буд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расидааст.

Ба иттилои мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Панҷшер», ки аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ бар тими “Эсхата” ғолиб омад, мавқеашро дар лигаи олӣ нигаҳ дошт. Дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, ки дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ дар мақоми охирин қарор гирифт, лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи аввал ширкат меварзад. Дастаи ғолиби мусобиқоти лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2017 - «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ - ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти лигаи олӣ дар мавсими нав мушарраф шуд.

Бозии ҷавобӣ барои ҳаққи ширкат дар мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон-2018. Бозии ҷавобӣ

«Панҷшер» – «Эсхата» – 3:2

Голҳо: Ҳасан Холов, 27 (1:0). Абдумалик Шодиев, 41 – аз пеналтӣ (1:1). Алишер Салимов, 49 (2:1). Ҷӯрабой Исоев, 60 (2:2). Фаррух Фузайлов, 62 (3:2).

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Сафар Наботов, Алишери Ҳотам, Равшан Азизов, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Иззатулло Рӯзиев, Ҳасан Холов, Сорбон Авғонов (Фаррух Фузайлов, 43), Алишер Салимов (Қурбонбой Шералиев, 52), Хайриддин Турахонов (Хушвахт Миров, 90+3), Шавкат Худойназаров, Қимматшо Муъминшоев (Акрам Қурбонов, 64).

«Эсхата» (Хуҷанд): Ғуфрон Исоев, Музаффар Бобоҷонов, Абдураҳмон Узоқов, Довуд Зиёвуддинов, Нарзулло Раҷабов, Иброҳим Эшонхонов (Саидҷон Шарифов, 86), Хусрав Бобоев (Далер Бобоев, 76), Саидамир Мирзоев, Боҳир Сангинбоев, Ҷӯрабой Исоев (Сӯҳроб Сабуров, 83), Абдумалик Шодиев.

Огоҳӣ гирифтанд: Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Фаррух Фузайлов («Панҷшер»), Музаффар Бобоҷонов («Эсхата»).

Аз майдон хориҷ шуд: Абдураҳмон Узоқов («Эсхата»), 74 – корти 2-юми зард.

Бозигари беҳтарини дидор: Ҳасан Холов («Панҷшер»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

26-уми ноябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 2000 тамошогар.

Бозии аввал – 1:1.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG