Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз боздошту барканории раиси Кӯлоб то сеҳри Чилдухтарон дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Имрӯз доир ба ришвахорӣ дар Тоҷикистон ва боздошти раиси шаҳри Кӯлоб, сероҳаи хатарноку бепарвоӣ ба амнияти мардум суҳбат мекунем. Ба дидани Чилдухтарони зебо дар Мӯъминобод ва деҳаи Ясманди Ҳоит ҳам меравем.

Шояд хабар дошта бошед, ки рӯзи 8-уми июн раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро дастгир карданд ва гуфтанд, ки ҳамроҳ бо дастёронаш қаллобӣ ва ё ришвахорӣ кардааст. Азбаски дар Тоҷикистон раисони шаҳру ноҳияҳо бисёр кам дастгир мешаванд, ин мавзуъ баҳси зиёдеро дар вебсайти Радиои Озодӣ ва ҳам саҳифаи мо дар Инстаграму Фейсбук барангехт. Ҳамроҳ мебинем, ки мардум дар ин бора чӣ мегӯянд. Аз шарҳи корбаре бо номи Муҳоҷир оғоз мекунем, ки дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин навиштааст:

“Инҷо шояд ягон гапи дигар шудааст. Дар Тоҷикистон мансабдорро барои қаллобӣ, ё пора гирифтан, то имрӯз ягон ҷазо надодаанд.”

Усмон Ғозӣ дар саҳифаи мо дар Инстаграм навиштааст, шояд сабаби боздошт на иттиҳоми ришвахорӣ, балки чизи дигаре бошад. Ӯ гуфтааст: “Ин бечора муқобили система ягон гап гуфтааст, ё ба касе халал расондааст, ё чоплус нест, хулоса ягон айбе дорад.”

Дар воқеъ, Баҳром Иноятзода, борҳо Бег Сабур, яке аз хешовандони раиси ҷумҳури Тоҷикистонро танқид кардааст, ки ширкатҳои сохтмонии ӯ саривақт молиёт намепардозанд.

Ба қавли корбаре, ки нахостааст, номашро дар вебсайти Радиои Озодӣ бигӯяд, боздошти раиси шаҳри Кӯлоб як навъ бозиҳои дарунӣ дар ҳукумати Тоҷикистон аст. Вай навиштааст: “Шоҳмотбозӣ дар сатҳи боло рафта истодааст, якеро медоранд, дигаре аз коронавирус мефавтад. Ҳоло аввали кор аст, вагарна ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳо заминфурӯшӣ мекунанд, аммо инро дастгир карданд, бозии шоҳмоти аҷиб идома дорад.”

Корбаре бо номи Алӣ ба баҳсҳо дар ин бора дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм пайвастааст ва мегӯяд, мақомоти интизомӣ дар мубориза бо фасоду ришвахорӣ дар Тоҷикистон самимӣ нестанд ва боздошти Баҳром Иноятзода “хок пошидан ба чашми ҷомеа аст”. Ӯ гуфтааст: “Якеро барои намоишкорӣ медоранд, лекин дигаронаш порахӯрӣ кардан мегиранд. Ҳукумат ҳамаашро медонад.”

Шумо ҳам агар дар ин бора назаре доред, бинависед, чӣ дар вебсайти Радиои Озодӣ ва ё чӣ саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм.

Дар идомаи барнома ба самти роҳи Душанбе-Турсунзода ҳаракат мекунем, ки аз роҳҳои серравуоест, ки шаҳри Душанберо ба ғарб ва ба Узбекистон мепайвандад. Дар ин гӯшаи роҳ дар дуроҳае дар Шӯроб ба қавли як корбари Радиои Озодӣ чароғаке ҳаст, ки ним сол боз кор намекунад ва аз ин сабаб инҷо чандин садама рух дода ва камаш як нафар ҳам фавтидааст.

Аз барканории раиси Кӯлоб, то сеҳри Чилдухтарон дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00

Дар барнома чанд видеои фиристодаи корбаронро ҳам мебинем. Яке аз видеоҳо аз Чилдухтарон аст, аз мавзеъҳои хушманзараи ноҳияи Мӯъминобод, ки дар бораи он достони аҷибе ҳам бофтаанд.

Видеои дигарро Акрам аз водии Рашт ба мо фиристод ва дар бораи деҳаи Ясманд дар Ҳоит нақл кард. Яке аз гӯшаҳои кӯҳистонӣ дар шарқи Тоҷикистон, ки дар он баҳору тобистон назар ба дигар минтақаҳои кишвар андаке дертар мерасад.

Аз ҳамаи Шумо барои кумак дар таҳияи ин барнома сипосгузорем. Телефон барои қабули видео, аксу хабарҳои Шумо дар инҷост, Вотсапу Вайбер ва Телеграму Имо дорем. Хабарҳои тозаро дар вебсайти мо ҳам метавонед бихонед. Худу азизонатро эҳтиёт кунед ва то дидор дар барномаи дигар.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG