Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муқоисаи Тоҷикистон бо Сингапур то бузкашии тоҷикону қирғизҳо дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Бузкашии тоҷикону қирғизҳо, қаҳрамонии ҷавони тоҷик дар Қазоқистон ва вокунишҳо ба гарон шудани ҷаримаву танбеҳи кӯдакон дар Балҷувон аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.

Аввал видеоеро мебинем, ки аз ноҳияи Шоҳмансури Душанбе фиристодаанд. Сокинон мегӯянд, тақрибан ним сол боз лӯлаи об дар яке аз маҳаллаҳо кафида ва об ба роҳ баромадааст, вале касе онро таъмир намекунад. Мақомот дар бораи ин мушкил чизе нагуфтаанд.

Видеои дигарро Комилҷон Олимов, сокини деҳаи Қазоқони ноҳияи Лахш, фиристодааст. Вай мегӯяд, охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Чуйи Қирғизистон бузкашии тоҷикҳо ва қирғизҳо баргузор шуд ва ӯ ҳам дар онҷо иштирок дошт. Олимов дар паёме дар Вотсап навишт, бар хилофи занозаниҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ин дафъа мусобиқа бо сурудхонии дӯстона ба поён расид.

Чанд видеои дигар ҳам дорем, ки аз хориҷ гирифтем ва дар охири барнома хоҳем дид. То он вақт вокуниши корбаронро ба хабари боло рафтани қимати ҷаримаҳо дар Тоҷикистон мехонем. Мақомот гуфтанд, ба сабаби беқурбшавии асъори миллӣ аз январи соли оянда ҷарима ва пардохтҳои ҳатмӣ гарон хоҳад шуд.

Корбаре "Беном" гуфтааст, "ҷарима боло рафт, нархи маҳсулоту барқ ва роҳкиро қиммат аст, аммо маош кам. Фикри аҳолиро кардан даркор аст. Ба ҷои ин қадар боло бурдани нархҳо, маошро зиёд кунед, намешавад?"

"Тоҷикистонро бо Сингапур муқоиса накунед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

"Ҳақиқат" навиштааст, ҳеҷ қароре набаромад, ки ба манфиати халқ бошад. Дар буҷа камомад шавад, ба ҷайби мардум чашм меандозанд. Оқибати нархбардориҳо хуб нест. Буҷаро бо роҳи боло бурдани иқтисод пур мекунанд, на бо роҳи кашида гирифтани як бурда нони мардум."

"Давлат" дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, ҷаримаи ронандагоне, ки дониста чароғаки сурхро мегузаранд, ба муқобили роҳ мебароянд ва дар гузаргоҳҳо ба одамон роҳ намедиҳанд, кам аст ва бояд боз ҳам боло бурда шавад. "Афлотун" мегӯяд, Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва қадам ба қадам пеш меравад ва аз ин сабаб ҷаримаҳоро ҳам баланд бардоштааст. "Шаҳрванд" ҳам гуфтааст, ҷарима чӣ қадар зиёд шавад, хуб аст ва Сингапурро мисол овардааст. Ин назари хонанда бисёёриҳоро хашмгин кардааст. "Қишлоқӣ" мегӯяд, Сингапурро бо Тоҷикистон муқоиса накунед. Маоши онҳо чӣ қадар боло аст. Ҷаримаро баланд кардан гирему маош 700-800 сомонӣ бошад, боқимондаашро аз куҷо меёбем?"

Танбеҳ ё химча задани чанд хонанда дар як мактаби ноҳияи Балҷувон аз сӯи муаллимон низ корбаронро бетараф нагузоштааст. "Муҳоҷир" мегӯяд, "дар замони Советӣ моро низ танбеҳ медоданд ва ҳатто мезаданд. Калон шудем, босавод шудем." Корбаре "Беном" гуфтааст, "ҳеч чиз нашудед, миллати ғулому гастарбайтер шудем."

"Инсон" пешниҳод кардааст, ки кӯдаконро бо меҳр тарбия кунанд. Агар гуфтание доред, ба баҳсҳо ҳамроҳ шавед.

Ва видеоеро мебинем, ки аз Русия фиристодаанд ва муаллифаш тафтиши муҳоҷиронро дар яке аз кӯчаҳои Маскав нишон медиҳад.

Инчунин аксу видеоеро аз Қазоқистон мебинем, ки овозхони тоҷики муқими он кишвар Нурулло Саъдуллоев фиристодааст. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш Наврӯзи Нурулло дар мусобиқаи бодибилдинг ё бадансозӣ дар Қазоқистон қаҳрамон шуд ва медали тилло гирифт. Хонаводаи ин овозхони тоҷик 25 сол боз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад.

Бо умеди хабарҳои хуш аз Шумо, барномаро ба поён мебарем. Навиштани назарҳоро дар сомонаи ozodi.org ва фиристодани аксу видеоро ба рақамҳои зерин фаромӯш накунед

(+420) 607 900 808;

(+992)-980-15-10-10

(+420) 724056681;

(+420) 724053959

Вайберу Телеграму Вотсап ва ИМО дорем. То дидор!

XS
SM
MD
LG