Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Манъ аст, аммо ба наврасон сигор мефурӯшанд." Санҷиши Радиои Озодӣ


Қонун дар Тоҷикистон фурӯши сигор ва навъҳои дигари тамокуро ба шахсони зери синни ҳаждаҳ манъ кардааст. Як санҷиши иҷтимоии Радиои Озодӣ дар Душанбе нишон дод, ки ин муқаррарот аксар вақт поймол мешавад. Озмоиш 31-уми май, дар Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку, анҷом шуд.

Ба навраси 15-солае як миқдор пул дода, ба панҷ дӯкону фурӯшгоҳ фиристодем, то бибинем ба ӯ сигор медиҳанд ё не. Дар ду дӯкон гуфтанд, ки сигор надоранд, вале дар се мағозаи дигар ҳатто синнашро напурсиданд ва ба ӯ сигору нос фурӯхтанд.

Бар хилофи саҳнае, ки озмоиш нишон дод, фурӯшандаҳо дар назди дурбин гуфтанд, ки ба шахсони ноболиғ сигор намефурӯшанд.

"Умуман намефурӯшем. Вақте шубҳа кунем, ки ҳаждаҳсола нест, шиноснома мепурсем. Баъзе вақт мегӯянд, ки калонҳо фиристоданд, вале мо намефурӯшем. Мегӯем, ҳар касе туро барои сигор фиристодааст, худ биояд,” – гуфт фурӯшанда Ҳасан Зарифов.

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, барои пешгирӣ аз фурӯши тамоку ба шахсони зери синни 18 корҳои зиёде дар миёни мардум, аз ҷумла фурӯшандаҳо ва марказҳои тафреҳӣ, анҷом медиҳанд.

“Онҳо огоҳ карда мешаванд, ки фурӯхтани сигор ба ноболиғон манъ аст. Дар ҳолате, ки дидаву дониста ба чунин кирдор даст зананд, аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд,” – шарҳ дод Сафаралӣ Абдулло аз Маркази тарзи ташаккули ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ.

Сафаралӣ Абдулло
Сафаралӣ Абдулло

Мақомот мегӯянд, омори ҷудогонаи мавридҳои фурӯши тамокуро ба ноболиғон надоранд, аммо Вазорати корҳои дохилӣ пас аз қабули қонун зиёда аз 15 ҳазор мавриди вайрон кардани онро сабт кардааст.

Тоҷикистон дар соли 2011 қонунро “Дар бораи маҳдуд намудани истифода аз маҳсулоти тамоку” қабул ва фурӯшу истифодаи онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто дар мошинҳои шахсӣ, ки дар онҳо шахсони то ҳаждаҳсола ҳузур доранд, манъ кард.

Душанбе
Душанбе

Ба иттилои Созмони Милал, дар солҳои охир теъдоди масрафкунандагони сигори электронӣ дар миёни наврасони 13-15-сола дар ҷаҳон ба таври чашмгир афзуда ва 37 миллион нафарро ташкил медиҳад. Арзиши ин навъ сигор дар Тоҷикистон аз 50 сомонӣ то 250-500 сомонӣ аст.

Як таҳқиқи муштараки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Вазорати беҳдошти Тоҷикистон нишон дода, ки зиёда аз даҳ дарсади аҳолии кишвар тамокуи бедуд ва 4,8 дарсад сигор мекашанд. Ин таҳқиқ шумораи ноболиғонеро, ки тамоку масраф мекунанд, ба таври ҷудогона нишон намедиҳад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Озмоиш: Ба наврасони тоҷик сигор мефурӯшанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
XS
SM
MD
LG