Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари САҲА: Ба ҳукумат кӯмак мекунем, то ӯҳдадориҳояшро дар назди мо иҷро кунад


Валериу Кивер, роҳбари тозатаини дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе

Валериу Кивер, роҳбари тозатаини дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе мегӯяд, ин созмон ҳамчунон ба дастгирии ҳукумати Тоҷикистон идома медиҳад.

Кивер дар аввалин вокуниши худ ба ҳайси роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе гуфт, дар баробари ҳукумат ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ барояшон муҳим аст. Ҳарфи роҳбари нави дафтари САҲА дар Душанбе дар ҳоле садо медиҳад, ки коршиносон аз ин созмон барои чашм пӯшидан ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар сахт интиқод мекунанд.

“Бо ҳукумат ҳамкории наздик дорем, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам”

Валериу Кивер, роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе рӯзи 21-уми июн дар ҳошияи як нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, мандати нави ин созмон ҳамчунон имконият медиҳад, ҳукуматро дастгирӣ кунанд. Ба қавли ҷаноби Кивер, онҳо ба дастгирӣ кардани ҳукумат мехоҳанд ба Тоҷикистон кӯмак кунанд, то уҳдадории худро дар назди ин созмон иҷро кунад.

Мақоми САҲА дар пайи иштироки мухолифини тоҷик дар нишасти солонаи ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава дар соли 2016 бо талаби ҳукумат пойин оварда шуд. Роҳбари нави дафтари САҲА дар Душанбе мегӯяд, бо дигар шудани мақоми намояндагӣ ҳамчунон дар се самт корҳо пеш рафта истодаанд.

“Мо ҳамкории хубе бо ҳукумати Тоҷикистон дорем. Мо дар инҷо бо хоҳиши ҳукумат ҳастем. Умедворам, ки дар вақтҳои наздик бо ҳукумат вомехӯрем то нақшаи ҳамкориамонро барои соли 2020 ҳамоҳанг кунем,”-гуфт роҳбари нави САҲА дар Душанбе.

Дар айни замон Валериу Кивер ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ барояшон муҳим аст.

Муносибати ҳукумати Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо соли 2016 дар пайи он тира шуд, ки мухолифини давлат ба ҷаласаи солонаи ҳуқуқи ин башари ин созмон роҳ ёфтанд. Ширкати мухолифону мунаққидони ҳукумати тоҷик дар нишасти солонаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава мавриди эътирози ҳукумати Тоҷикистон шуд ва баъди ним сол мақоми ин созмон дар Тоҷикистон маҳдуд шуд ва дафтарҳои саҳроии он дар минтақаҳои кишвар баста шуд.

САҲА мегӯяд, ки конфронси ҳуқуқи башари ин созмон – як майдони озоди баҳсу баррасиҳо барои ҳама гурӯҳҳои ҷамъиятӣ аст ва ҳеҷ гоҳ ширкати ин ё он гурӯҳро дар ин нишасти муҳим маҳдуд намекунад.

“САҲА вокуниш мекунад, аммо на ба ҳама қазияҳо”

Пас аз пойин шудани мақоми намояндагии САҲА дар Тоҷикистон фаъолияти он низ дар ҷомеаи кишвар ва бахусус дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ камранг шуд. Коршиносон аз ин созмон ба он хотир сахт интиқод мекунанд, ки дар баробари нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, озодии баён ва бастани сомонаҳо аксаран хомӯширо ихтиёр кардааст. Интиқоде, ки масъулини ин созмон онро дигаргуна шарҳ медиҳанд.

Азҷумла Валериу Кивер, роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе мегӯяд, ин созмон ҳам ҳамчунон кӯмаки худро барои таъмини озодии баён дар Тоҷикистон идома медиҳад.

Даиниус Радзявичюс, роҳбари Иттифоқи журналистони Литва ва аз коршиносони САҲА мегӯяд, ин созмон ба вазъи озодии баён, ки ба ҳама кишварҳои мухталиф рабт дорад, вокуниш нишон додааст.

“САҲА наметавонад ба ҳар як қазия вокуниш нишон диҳад. Аммо дар маҷмуъ мо дар бораи вазъи озодии баён дар минтақа ва кишварҳои шомили САҲА вокуниш мекунем ва гузориши ахири мо аз он далолат медиҳад, ки озодии баён дар бештаре аз кишварҳои узви САҲА азҷумла ҳатто кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бадтар шудааст. Равандҳои умумӣ ҳатман зикр мешавад,”-афзуд Даиниус Радзявичюс.

“Меъёрҳои созмонҳои ғарбӣ дигар шуд?”

Интиқод аз чашм пӯшидан ба нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон на танҳо нисбати САҲА, балки дар робита ба дигар созмонҳое садо медиҳад, ки ҳимоя аз ҳуқуқи инсон барояшон арзиш дорад.

Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, стандартҳои нави созмонҳои ғарбиро чунин таҳия кардаанд, ки акнун маҳз бо ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Миёна ҳамкории танготанг дошта бошанд, на бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, он тавре то соли 2005-2006 буд.

Ба таъкиди Раҷаби Мирзо, то он вақт на танҳо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, балки сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ҳам бештар бо намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иртибот доштанд.

“Аммо акнун, бар хилофи арзишу аслҳои мавриди назарашон, шояд ба ин натиҷа расиданд, ки дар ин кишварҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ чизеро ҳал намекунад ва имкон дорад, танҳо "аз дохил" вазъро дигар кунанд. Ба ҳамин хотир ҳарфи ҳукуматҳоро бештар мешунаванду аз рӯи гуфтаи онҳо амал мекунанд. Ё шояд ҳадафҳои дигаре ҳам дошта бошанд, ки бо бештар кардани норозигӣ дар кишварҳои худкома вазъиятро ба сӯи манфиатҳои худ истифода намоянд,” - таъкид кард рӯзноманигори тоҷик.

XS
SM
MD
LG