Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо ба шарикии қавӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ниёз дорем"


Федерика Могерини ва Невен Мимитса

Муаллифон ин мақола Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният/Муовини Раиси Комиссия Аврупо Федерика Могеринӣ ва Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тараққиёт Невен Мимитса мебошанд.

Дар ҷаҳони муосири хеле ба якдигар пайваста, ки дар он ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавии зичтар замина барои сулҳ ва тараққиёт ба шумор меравад, Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ чунин наздик набуданд. Манфиатҳои имконпазири ҳамкории ҳатто аз ин ҳам зичтари муштарак пеш аён набуд.

Мо шоҳиди замоне тағйироти муҳим дар Осиёи Марказӣ ҳастем. Кишварҳои Осиёи Марказӣ боз шуда истодаанд, ислоҳотро амалӣ намуда истодаанд ва ҳамкории минтақавиро миёни ҳамдигар пеш бурда истодаанд. Онҳо аз мустақилият ва ҳамвобастагӣ қавитар шуданд. Хуллас, аҳамияти сиёсии Осиёи Марказӣ ҳоло мавқеи ҷуғрофии онро ба ҳайси шарики асосии Шарқу Ғарб инъикос менамояд, гарчанде, ки мушкилоти бисёр ҳам вуҷуд доранд.

Дар ин шароити нав ва мусбати сиёсӣ, Иттиҳоди Аврупо бо ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо муносибати навро дар робитаҳои худ бо Осиёи Марказӣ созмон доданд. Стратегияи нави мо ба дастгирии устуворӣ ва инкишофи минтақа равона шудааст, ки дар ҳамкории ҷории пайвастаи мо барои созмон додани ҳамкории муосири Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба нафъи шаҳрвандони мо бунёд меёбад.

Иттиҳоди Аврупо шарики табиӣ барои ин минтақа мебошад. Мо соҳиби таърихе ҳастем, ки моро аз манфиатҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо ҳамсоягони худ собит намудааст ва мо метавонем ин таҷрибаро бе бозиҳои сиёсӣ мубодила кунем.

Мо мехоҳем, ки кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ намоем то онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ бештар устувор шаванд. Мо дар инҷо таҳкими воситаҳои ахбори мустақил, боз намудани фазо барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти волоияти қонун ва идоракунии босамар, мубориза бо коррупсия ва тавсеаи имкониятҳои ҷавонон ва занонро дар назар дорем.

Мо инчунин мехоҳем дар инкишофи минтақа саҳмгузор бошем. Иттиҳоди Аврупо сарчашмаи бузургтарини сармоягузориҳои хусусӣ дар ҷаҳон мебошад ва метавонад, сармоягузориҳои босифат ва калонро барои амалисозии лоиҳаҳои ҳамгироии устувор дар Осиёи Марказӣ фароҳам оварад, дар сурате, ки фазои хуби соҳибкорӣ ба вуҷуд ояд. Бо ин мақсад, Иттиҳоди Аврупо дастгирии ислоҳот ва навсозии иқтисодиётҳои кишварҳои минтақаро идома хоҳад дод, ки рушди бахши хусусии қавиро дарбар мегирад. Инчунин Иттиҳоди Аврупо шарики асосии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шомил шудан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин ду рукн, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ умедворанд, барои пайвастани ду минтақаи мо кор кунанд ва инчунин робитаҳои дохилиро дар худи Осиёи Миёна тавсеа диҳанд то ин амал ба таври устувор, озод ва дар асоси қоидаҳо роҳандозӣ шуда, имкон диҳад, ки қарздорӣ ва инфрасохтори бесифат ҷилавгирӣ карда шавад.

Ин тариқ, Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Миёна шарик шуда, мушкилоти зиёдеро ҳалл карданӣ аст, ки ягон кишвар онҳоро дар танҳоӣ бартараф карда наметавонад: аз ҳифзи муҳити зист, идоракунии захираҳои обӣ, идоракунии сарҳадот сар карда то мубориза бар зидди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир.

Пойдоршавии сулҳ дар Афғонистон ин як мушкилоти дигар мебошад, ки дастгирии фаъоли ҷомеаи байналмилалиро, аз ҷумла талошҳои шарикони Осиёи Марказиро, тақозо мекунад. Дар ҳолатҳои зарурӣ иштироки Афғонистон дар ҷаласаҳо ва барномаҳои дахлдори минтақавӣ ва дастгирии бештари лоиҳаҳои ҳамкории минтақавӣ ва сеҷониба бо шарикон аз Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамин тариқ афзалият дар фаъолияти муштараки мо боқӣ мемонад.

Охири ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Бишкек Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаласаи солонаи минтақавиро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ доир менамоянд. Паёми Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи мазкур ин аст, ки ҳамкории мо ба сӯи иқтисодиёти қавӣ ва гуногунҷанба, имкониятҳои бештар барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар Аврупо, эҷоди ҷойҳои кории нав ва минтақаи барои ҳама оромтар метавонад манфиатҳои воқеӣ ва аслиро барои шаҳрвандони мо дар ин минтақа ва дар Иттиҳоди Аврупо фароҳам оварад. Дар ҷаҳони муосир мо ба шарикии қавитар миёни ду минтақа ниёз дорем. Биёед барои расидан ба ин мақсад ҳамроҳ кор кунем.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG