Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати муҳоҷирони тоҷик дар интихобот-2015 зери суол рафтааст


Барои ширкати муҳоҷирони тоҷик дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар Русия ҳамагӣ се қитъаи раъйдиҳӣ таъсис хоҳад ёфт. Муҳоҷирон мегӯянд, имконияти ширкати онҳо дар интихобот маҳдуд мешавад.

Шумораи қитъаҳои раъйдиҳии муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои ширкати онҳо дар интихобот порлумонии моҳи феврали соли оянда коҳиш ёфта, ҳамагӣ се ададро ташкил хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳоле ки дар интихоботи президентии соли гузашта барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия 24 қитъаи овоздиҳӣ таъсис ёфта буд. Раиси дастгоҳи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон ё КМИРТ, Абдуманнон Додоев мегӯяд, чунин коҳиш бар пояи тағйиру дигаргуниҳо ба қонунгузориҳои Тоҷикистон рӯй дод, ки таъсиси қитъаҳои райъдиҳиро ба ҳастии намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа бастагӣ медиҳад.

Сарони бархе аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, коҳиши шумораи қитъаҳои раъйдиҳӣ сабаби ширкат накардани муҳоҷирон дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон хоҳад гашт.

Агар дар интихоботи президентии 6-уми ноябри соли 2013 қитъаҳои райъдиҳӣ дар марказҳои таҷаммуи бештари муҳоҷирони тоҷик дар Русия боз шуданд, соли оянда чунин қитъаҳо танҳо дар Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳо дар Уфа ва Екатеринбург таъсис хоҳанд ёфт. Ҳамчунин гумон намеравад, ки дар интихоботи соли оянда қуттиҳои сайёри раъйдиҳӣ ба макони кор ва истиқомати дастаҷамъонаи муҳоҷирон бурда шаванд. Бино бар маълумоти расмӣ соли 2013 дар бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославль, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмень, Челябинск, Красноярск, Благовешенск, Новосибирск, Самара, Перм, Хабаровск ва дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) қитъаҳои интихоботӣ боз шуда буданд.

Ин дар ҳолест, ки дар корзори интихоботи президентӣ муҳоҷирон аз он шикоят карданд, ки бо вуҷуди ташкили и24 қитъаи овоздиҳӣ барои онҳо шароити ширкат дар интихобот фароҳам оварда нашуд. Аз ҷумла эътирофи имзои онҳо барои пешбарии номзад номумкин буд ва ба ин тартиб онҳо шикоят мекарданд, ки ҳаққи конститутсионии онҳо поймол гаштааст. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон мегуфт, шаҳрвандони тоҷик, ки дар берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, наметавонанд номзадии худро дар интихобот пешбарӣ кунанд ва дар ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади худ саҳм гузоранд.

Тафсилоти бештар дар ҳамин ҷо нашр хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG