Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Қудратов дар Сочи ба марра нарасид


Алишер Қудратов дар Сочи
Алишер Қудратов дар Сочи

Алишер Қудратов, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ оид ба слалом то марра нарасид ва ноком шуд.

Ин мусобиқа байни мардон шоми шанбеи 22-юми феврал дар Маркази лижаронии Роза Хутори Сочи барпо гардид. Аз 117 нафар варзишгарон, ки дар даври аввал ширкат доштанд, танҳо 77 нафарашон ба марра расиданд ва дар даври дувум барои медалҳо мубориза бурданд.

Вале 40 тани дигар, аз он ҷумла Алишер Қудратов, ки ба марра нарасиданд, аз ҳаққи ширкат дар даври дувум маҳрум шуданд.

Ба ин тартиб, дар слалом байни мардон Марио Матт аз Австрия бо натиҷаи умумии 1:41,84 мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Марсел Хиршер (Австрия, 1:42,12) бо медали нуқра ва Ҳенрик Кристофферсен (Норвегия, 1:42,67) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Варзишгари Узбакистон Артём Воронов (2:10,98) ҷойи 40-ум ва намояндаи Қирғизистон Евгений Тимофеев (2:15,43) ҷойи 43-юмро гирифтанд.
Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ аз рӯи натиҷагирии понздаҳ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Русия - мизбони бозиҳо ба ҷойи аввал баромад. Варзишгарони Русия ҳамагӣ 29 медал - ёздаҳ тилло, даҳ нуқра ва ҳашт биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Норвегия, ки 26 медал - ёздаҳ тилло, панҷ нуқра ва даҳ биринҷӣ дорад, ба ҷойи дувум фуромад. Тими Канада бо касби 24 медал - нӯҳ тилло, даҳ нуқра ва панҷ биринҷӣ дар ҷойи севум аст.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 27медал – нӯҳ тилло, ҳафт нуқра ва ёздаҳ биринҷӣ мисли пешин дар мақоми чорум мебошад. Дастаи Ҳолланд бо касби 24 медал (ҳашт тилло, ҳашт нуқра ва нӯҳ биринҷӣ) дар мақоми панҷум қарор гирифтааст.

Умуман, то рӯзи охирин варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 21 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.

Мунтахаби Русия аз ҳама бештар – 29 медал, варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 27 медал ва Норвегия 26 медал ба даст овардаанд. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо панҷ нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 8-ум, Украина бо як нишони тилло ва як биринҷӣ дар мақоми 20-ум, Латвия бо як нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 24-ум, Қазоқистон бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 26-ум ҷойгир шудаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Русия 11 10 8 29
2 Норвегия 11 5 10 26
3 Канада 9 10 5 24
4 ИМА 9 7 11 27
5 Ҳолланд 8 7 9 24
6 Олмон 8 6 5 19
7 Швейтсария 6 3 2 11
8 Беларус 5 0 1 6
9 Австрия 4 8 5 17
10 Фаронса 4 4 7 15
11 Лаҳистон 4 1 1 6
12 Чин 3 4 2 9
13 Корея 3 3 2 8
14 Шветсия 2 6 6 14
15 Ҷумҳурии Чех 2 4 2 8
16 Словения 2 2 4 8
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
Ҷопон
Финляндия
Британия
Украина
Словакия
Италия
Австралия
Латвия
Хорватия
Қазоқистон
1
1
1
1
1
0
0
0
0
0
4
3
1
0
0
2
2
1
1
0
3
1
2
1
0
6
1
2
0
1
8
5
4
2
1
8
3
3
1
1

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи имрӯз, 23-юми феврал, хотима меёбанд. Маросими ботантана пӯшидашавии бозиҳо имшаб соати 20:14 ба вақти Маскав шурӯъ мешавад.

Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Дар рӯзи охирини Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои се маҷмӯи медалҳо оид ба бобслей, пойгаи лижатозӣ ва хоккей мубориза мебаранд. Бозии ниҳоӣ оид ба хоккей байни дастаҳои мунтахаби мардонаи Шветсия ва Канада имрӯз соати 17:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Дирӯз мунтахаби Финляндия, ки барои ҷойи севум тими ИМА-ро бо ҳисоби 5-0 шикаст дод, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG