Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай мулоқот бо Обамаро дар пойгоҳи Багром рад кардааст


Раиси ҷумҳури Амрико дар як сафари аз қабл эълоннашуда, бегоҳи рӯзи якшанбе вориди Кобул шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, раиси ҷумҳури Амрико асри рӯзи якшанбе вориди пойгоҳи ҳавоии Багром дар Кобул шудааст. Раиси ҷумҳури Амрико дар мулоқот бо низомиёни кишвараш дар Багром, аз талошҳо ва дастовардҳои онҳо дар Афғонистон ситоиш қадрдонӣ намудааст. Оқои Обама изҳори умедворӣ кардааст, ки раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистон паймони амниятӣ миёни ду кишварро имзо кунад.

Барак Обама ҳамчунин гуфтааст, Амрико интиқоли масъулиятҳои ҷангӣ ба нерӯҳои Афғонистонро то поёни имсол "масъулона" такмил хоҳанд кард, аммо омӯзиши нерӯҳои ин кишвар идома хоҳад ёфт. Оқои Обама қарор аст дар ин сафари аз пеш эълонношуда бо фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дидор кунад ва ҳамчунин аз сарбозони амрикоии маҷруҳ дар бемористон аёдат намояд. Амрико ҳамакнун беш аз 30 ҳазор нерӯ дар Афғонистон дорад. Ба гузориши Ройтерз, Барак Обама дар ин сафар барномае барои дидор бо мақомоти Афғонистон надорад.

Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки Ҳомид Карзай ин хости Барак Обамаро радд кард, ки вайро барои мулоқот ба қароргоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Багром даъват намудааст. Карим Хуррам, раиси дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин дархостро сафорати Амрико дар Кобул дар тамос бо вазорати умури хориҷии Афғонистон матраҳ кардааст.

Карим Хуррам афзуд, "дар урфи мо вуҷуд надорад, ки раиси ҷумҳури Афғонистон ба як пойгоҳ барои мулоқоти раиси ҷумҳури дигар биравад. Агар дар Кобул меҳмони мо мебошад, барояш хушомадед мегӯем. Ин тақозо аз сӯи раиси ҷумҳури Афғонистон дар бораи рафтан ба пойгоҳи Багром радд шуд."

Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки Барак Обама ва Ҳомид Карзай телефонӣ бо ҳам сӯҳбат кардаанд. Ин сӯҳбат андаке пас аз он анҷом шуд, ки Барак Обама баъд аз дидори ғайримунтазира аз Афғонистон, ин кишварро тарк кард. Ба гуфтаи ин мақомот, Обама ба Карзай гуфт, ки ӯ мехоҳад мувофиқатномаи дуҷонибаи амниятиро бо президенти нави Афғонистон имзо кунад. Барак Обама ҳамчунон ба Ҳомид Карзай гуфтааст, ки ӯро аз тасмимаш дар хусуси шумораи нерӯҳои амрикоӣ пас аз соли 2014 дар Афғонистон, пеш аз он ки ба таври расмӣ эълон кунад, дар ҷараён хоҳад гузошт.

Амрико ва Афғонистон дар мавриди паймони амниятӣ барои ҳузури нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон мувофиқат кардаанд, аммо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон бо вуҷуди таъйини Лӯи Ҷирга, аз имзои он то кунун худдорӣ кардааст. Тибқи ин мувофиқатнома, шуморе аз сарбозони амрикоӣ баъд аз соли 2014 метавонанд дар Афғонистон ҳузур дошта бошанд. Аммо Ҳомид Карзай, бо худдорӣ аз имзои ин тавофуқнома, амалан тасмимгирӣ дар ин мавридро ба ҷонишини худ вогузор кардааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 5 апрели соли ҷорӣ баргузор шуд ки ҳеҷ яке аз номзадҳо натавонист аксарияти ороро ба даст биёрад ва интихобот ба даври дувум кашида шуд. Дар даври аввал Абдуллоҳ Абдуллоҳ тавонист 44,9 дарсади ороро ба даст биоварад ва пас аз ӯ Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо касби 31,5 дарсад қарор дорад. Ҳар ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфтаанд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, паймони амниятиро имзо хоҳанд кард. Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июн доир мешавад.
XS
SM
MD
LG