Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норвегия дар Олимпиадаи Сочи пешсаф шуд


Мунтахаби Норвегия.
Мунтахаби Норвегия.

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии дувоздаҳ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Норвегия ба ҷойи аввал баромад.

Варзишгарони Норвегия дар ин муддат ҳамагӣ 20 медал - нӯҳ нишони тилло, чор нуқра ва ҳафт биринҷӣ - ба даст овардаанд. Мунтахаби Олмон бо касби 15 медал – ҳашт тилло, се нуқра ва чор биринҷӣ - ба ҷойи дувум фуромад.

Дастаи Иёлоти МуттаҳидаиАмрико бо касби 23 медал (ҳафт тилло, панҷ нуқра ва ёздаҳ биринҷӣ) дар мақоми севум мебошад. Дастаи Русия - мизбони бозиҳо, ки 22 медал (шаш тилло, нӯҳ нуқра ва ҳафт биринҷӣ) дорад, дар мақоми чорум қарор гирифтааст. Тими Ҳолланд бо касби 22 медал - шаш тилло, ҳафт нуқра ва нӯҳ биринҷӣ – дар ҷойи панҷум мебошад.

Умуман, то имрӯз варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 20 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама бештар – 23 медал, варзишгарони Русия ва Ҳолланд– 22-медалӣ ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо панҷ нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 8-ум, Латвия бо як нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 23-юм, Қазоқистон ва Украина ҳар кадом бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 25-ум ҷойгир шудаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Норвегия 9 4 7 20
2 Олмон 8 3 4 15
3 ИМА 7 5 11 23
4 Русия 6 9 7 22
5 Ҳолланд 6 7 9 22
6 Швейтсария 6 3 1 10
7 Канада 5 9 4 18
8 Беларус 5 0 1 6
9 Лаҳистон 4 0 0 4
10 Фаронса 3 2 6 11
11 Чин 3 2 1 6
12 Австрия 2 6 1 9
13 Шветсия 2 5 4 11
14 Ҷумҳурии Чех 2 4 2 8
15 Словения 2 1 4 7
16 Корея 2 1 1 4
17
18
19
20
21
22
23
24
25
25
Ҷопон
Финляндия
Британия
Словакия
Италия
Австралия
Латвия
Хорватия
Қазоқистон
Украина
1
1
1
1
0
0
0
0
0
0
4
3
0
0
2
2
1
1
0
0
2
0
1
0
5
1
2
0
1
1
7
4
2
1
7
3
3
1
1
1
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Имрӯз, 20-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои шаш маҷмӯи медалҳо оид ба лижаронии дуҳарба (1), кёрлинг (1), рақси рӯи ях (1), фристайл (2) ва хоккей (1) мубориза мебаранд.

Дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов - ширкат мекунад. Вай дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал барпо мегардад, вориди рақобат мешавад.
XS
SM
MD
LG