Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи пизишкони тоҷик ба гирифтани ҷоиза пешниҳод шуд. ВИДЕО


Кормандони соҳаи тиб дар яке аз бемористонҳои шаҳри Хуҷанд. Моҳи майи 2020
Кормандони соҳаи тиб дар яке аз бемористонҳои шаҳри Хуҷанд. Моҳи майи 2020

Номи зиёда аз 100 корманди соҳаи тибро дар вилояти Суғд ба гирифтани ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод кардаанд. Ин гуруҳи пизишкону парасторон дар замони густариши коронавируси нав дар шифохонаҳои вилоят кор карда, баъзе аз онҳо ба бемории ҳамагир гирифтор шудаву иддае ҷон бохтаанд.

То ин дам мақомотро танқид мекарданд, ки ба қадри кофӣ аз пизишкону кормандони соҳаи тиб барои талошҳояон ба муқобила бо коронавирус қадрдонӣ накардаанд. Мақомот мегӯянд, пизишконро дар рӯзи касбияшон, ки ҳар сол 18-уми август таҷлил мешавад, хурсанд хоҳанд кард.

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд, охири ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар вилоят марги 3 пизишк аз бемории COVID-19 расман тасдиқ шудааст. Ӯ гуфт, бо вуҷуди талафот пизишкон аз мубориза бо бемории ҳамагир даст набардоштанд.

Вале бино хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш табибони фавтида дар се моҳи ахир дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, бамаротиб зиёд аст.

Дар ҳоле ки наздикони бархе аз пизишкони фавтида дар Суғд ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон мегӯянд, онҳо бештар гирифторони коронавируси навро табобат мекарданд ва зоҳиран бемории ҳамагир ба онҳо сироят кардааст, вазири тандурустӣ рӯзи 24-уми июл гуфт, "фавти табибон дар раванди табобат сабт нашудаст".

Қаблан Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки аз замони паҳншавии бемории ҳамагир то 10-уми июн беш аз 1700 корманди соҳаи тиб дар Тоҷикистон (619 пизишк ва 548 ҳамшираи шафқат) ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Сабаби асосӣ "камбуди таҳҷизоти муҳофизати шахсӣ, ба вижа дар рӯзҳои аввали паҳншавии беморӣ" гуфта шуд. ​

Вале вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, "фавти табибон дар раванди табобат бо бемороне, ки табобат мегирифтанд, сабт нашудаст. Ҳолатҳое, буд, ки духтурон дар хона ё кӯча мубтало шуда, бо оризаҳо бистарӣ шуданд."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав дар Тоҷикистон моҳи феврал таъсис ёфт. Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, дар моҳи март бори аввал тақрибан 1500 нафарро, ки аз хориҷа баргашта буданд, ба "карантин" гирифтанд. Бархе аз онҳо табу сулфаи хушк доштаанд.

Дар чунин вазъ ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд бо иштироки раиси ҷумҳурӣ бо раҳпаймоиву ҳунарнамоии ҳазорон донишҷӯ таҷлил гардид. Сардори Раёсати тандурустии Суғд дар нишасти мабуотӣ ба ин суол, ки оё ҳамоишҳо ва "маршировка"-и наврӯзӣ ба авҷи бемории COVID-19 сабаб нагардид, ҷавоби рад дод. Фаррух Мақсудзода гуфт, "он вақт марз бо кишварҳои ҳамсоя баста ва вазъ зери назорат буд".

Мақомоти Тоҷикистон 30-юми апрел эътироф карданд, ки коронавирус ба чанд сокини кишвар сироят кардааст ва бахше аз онҳо дар Суғд ҳастанд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, аз охири моҳи апрел то ин дам тақрибан ду ҳазор сокини шимоли Тоҷикистон ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. "1891 нафари онҳо шифо ёфта, 16 нафар фавтиданд. Айни ҳол 31 нафар муолиҷа мегиранд", -- хабар дод Фаррух Мақсудзода.

Ба иттилои расмӣ, то 26-уми июл дар саросари Тоҷикистон бемории 7192 нафар ва марги 59 нафар аз коронавирус тасдиқ шудааст. Тақрибан 6 ҳазор кас шифо ёфтаанд. Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 22 -юми июл номи беш аз 440 нафар навишта шудааст.

Тоҷикистон аз замони мавҷудияти коронавируси нав карантин ҷорӣ накардааст, аммо таҳсили хонандагону донишҷӯёнро пеш аз муҳлат қатъ кард ва барои як муддат бозору кошонаҳои ҳуснро баст.

Ҳоло пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ аст ва барои надоштанаш то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд. Ҳамчунин барои паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри "ахбори носаҳеҳ" дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин шуд. Мақомот ҳадафи таъини ҷазову ҷаримаҳоро пешгирӣ аз коронавируси нав тавсиф мекунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин тасмим бештар барои пешгирӣ аз нашри ахбори алтернативӣ дар бораи беморон ва қурбониёни бемории ҳамагир амалӣ шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG