Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбати ҷанги Ироқ ба ҷавони 19-солаи тоҷик расид (ВИДЕО)


Файзалӣ Латифов, ки ҳоло дар Ироқ аст
Файзалӣ Латифов, ки ҳоло дар Ироқ аст

Хонаводаи як ҷавон 19-сола, ки тоза мактаби миёнаро хатм карда буд, мегӯянд, фарзандашон Файзалӣ Латифов бо баҳонаи кор ба Русия рафт, аммо хабараш аз Ироқ расид.

Ин бори аввал аст, ки хабари ба ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" пайвастани як ҷавони 19-солаи Кӯлоб вирди забонҳо мешавад. Дар чанд қазияи дигар синну соли мардҳо аз 20 ба боло буд. Ҳамсоя ва ҳамсинфони Файзалӣ Латифов мегӯянд, ӯ баъд аз хатми мактаб талоши дохил шудан ба донишгоҳ кард, вале ноком гашт роҳи муҳоҷирати корӣ ба Русияро дар пеш гирифт.

Бахтиёр Латифов, бародари Файзалӣ, ки дар яке аз сохтмонҳои минтақаи Люблинои Маскав кор мекард, панҷ моҳ пеш додарашро ба назди худ даъват кард, то дар сохтмон кор кунад. Аммо дар ин ҷо барои ӯ кор пайдо нашуд ва Файзалӣ ҳамроҳи ҳамватанони дигари худ дар ҷустуҷӯи кор ба минтақаи дуртаре рафт.

Робитаи ду бародар охирҳои моҳи феврал қатъ шуд. Бахтиёр рӯзи ҷумъаи 17 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари пайвастани бародараш Файзалиро ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" тасдиқ кард ва гуфт баъди қатъ шудани тамос бародараш дубора дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” падидор шуд ва хабар дод, ки дар Ироқ “дарс” мегирад ва баъдан ба сафи ҷангиёни "Давлати Исломӣ" мепайвандад.

Бахтиёр, бародари Файзалӣ Латифов, ки ҳоло дар Ироқ аст
Бахтиёр, бародари Файзалӣ Латифов, ки ҳоло дар Ироқ аст

«Дар интернет ҳамроҳи ман гап зада, гуфт, ки "ман дар Ироқ дарс омӯхта истодаам". Ман пурсидам, кӣ туро ба онҷо бурд, як розӣ шуд, ки гӯяд, аммо боз аз роҳаш гашт ва нагуфт, ки чӣ тавр ба он ҷо рафтааст. Ростӣ, дар назди ман буд, аз сабабе, ки кори вазнин карда наметавонист, бо чанд нафар ба дигар ҷо рафт. Баъди як моҳ телефонаш хомӯш шуд. Ҳамин тавр аз Ироқ пайдо шуд. Ҳозир милисаҳо ду нафареро, ки мумкин ӯро бурда буданд, пурсида истодаанд, онҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд,» -- гуфт Бахтиёр Латифов

Ду ҳафта пеш, вақте Бахтиёр фаҳмид, бародараш ба Ироқ рафтааст, аз Маскав, барои огоҳ нашудани модараш аз қазия ба хона баргашт. Ҳоло вай қасд дорад, боз ба Русия баргардад ва нафаронеро, ки бародари ӯро ба ин роҳ бурдаанд, пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кунад.

Фотима Ҳафизова, модари Файзалӣ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ду рӯз пеш пулис ба хонаашон омада, аз пайвастани писараш ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" хабар дод. Ба гуфтаи Ҳафизова, баъдан ӯ аз писараш Бахтиёр воқеият доштани ин хабарро дарёфт ва фаҳмид, ки Файзалӣ на дар Маскав, балки дар Ироқ будааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло умед надорад, ки писараш аз инҷо раҳо шуда ба Ватан баргардад.

Фотима Ҳафизова, модари Файзалӣ Латифове, ки ҳоло дар Ироқ аст
Фотима Ҳафизова, модари Файзалӣ Латифове, ки ҳоло дар Ироқ аст

«Пеш аз Ироқ рафтанаш ба ман телефон карда, сӯҳбат мекард. Баъди бо бародараш гап задан дигар ба ман телефон накард. Писари ман ҷавон буд, ӯро фиреб карда бурданд. Ӯ нав мактабро ба охир расонида буд ва ба ман кор карда, омада аз нав ҳуҷҷат месупорам, мегуфт. Ҳозир ҳамон нафароне, ки ӯро ба кор даъват карда буданд, дар ҳамин Тоҷикистонанд, аммо писари маро фиреб карда, фиристоданд,»-- гуфт модар.

Аммо бародари Файзалӣ мегӯяд, дар Маскав афроде ҳастанд, ки ҷавононро гумроҳ мекунанд ва онҳоро бо пул ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" мефурӯшанд. Бахтиёр Латифов мегӯяд, эҳтимолан бародари ӯ низ ба дасти чунин афрод афтодааст. Ҳоло ӯ таассуф мехӯрад, бародараи ҷавонашро аз бараш дур кард ва ӯ ба чанголи нафарони «ифротӣ» афтод.

Ризвон Муродов, як ҳамсинфи Файзалӣ ба Озодӣ гуфт, ӯ ҳеҷ тасаввур намекунад, як ҷавоне, ки ҳатто мурчаро озор намедод, чӣ тавр гирифтори ақидаҳои ифротӣ шудааст.

Хабари дар Ироқ будани Файзалии 19-сола дар ҳоле сари забонҳо шуд, ки ҳафтае пеш хабари фавти Диловар Мухторов писари як сарҳанги бознишастаи полис дар Ироқ ба гӯши волидонаш расид. Дар пайи ин мақомоти интизомӣ ба хонаводаи Фарҳод Давлатов рафта, аз иштироки фарзанди онҳо дар ҷангҳо хабар додаанд.

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Кӯлоб, ҳамаи нафароне, ки ба сафи гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ё ДОИШ пасвастаанд, умдатан дар муҳоҷирати меҳнати қарор доштаанд. Ҳоло пулиси шаҳри Кӯлоб дар мавриди пайвастани Файзалӣ ба ҷангҷӯёни Ироқ таҳқиқотро оғоз кардаанд. Барои халалдор накардани пажӯҳиш корманони пулис аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд.

"Ба ватан баргард, бачаам!"-мегӯяд модари модари Файзалӣ Латифов.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00

Дар пасманзари пахши хабарҳои тоза аз пайвастани ҷавонони Кӯлоб ба "Давлати Исломӣ", Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи Кӯлоб аз ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ интиқод кард. Ба гуфтаи генерал Ятимов, то кунун танҳо аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия 33 тан кушта шуда, дар ҳоли ҳозир 10 нафар бо зану фарзандонашон дар майдони ҷанг қарор доштаанд. Барои мисол, ӯ аз Комил Иззатов ва Абдусалом Одинаев ном гирифт, ки аввалӣ зодаи ноҳияи Мӯъминобод ва дувумӣ аз шаҳри Кӯлоб буда, бо кӯдаконашон дар Сурия будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқро то 300 нафар тахмин мезананд ва мегӯянд, то имрӯз то 60 тоҷик дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна ҷон бохтаанд. Дар заминаи нигарониҳо аз ҷалб шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи "Давлатӣ Исломӣ" моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Мақомот ҳамчунин ба хотири дур кардани шаҳрвандони кишвар аз ин гурӯҳи даҳшатафкан аз пайгарди қонун озод будани онҳоеро ваъда кардаанд, ки ихтиёран бармегарданд ва иштибоҳи худро эътироф мекунанд.

Файзалӣ Латифов, то ҳол аз ҷавонтарин иштирокдорони ҷанги ДОИШ, ин гурӯҳи ҷаррор аст, ки бо кушторҳои намоишкорона ва сарбурии асирони худ ҷаҳонро ба ваҳшат овардааст. Файзалӣ дар сини 7-солагӣ аз падар маҳрум шуда, модараш ӯ ва бародару хоҳарашро бо дастмузди фаррошӣ бузург кардааст.

XS
SM
MD
LG