Ҷиёнбӣ Ҳалимшоева, хоҳари маҳбус Давлатмурод Ҳалимшоев, ки ба нишони эътироз аз таъхири сабти никоҳаш дар идораи САҲШ (ЗАГС) гуруснанишинӣ карда буд, зимни ташаккур ба "Озодӣ" гуфт, ки мақомот ризоят додаанд, ки бародараш ҳафтаи оянда бо арӯсшавандааш никоҳ намояд.
Хонум Ҷиёнбӣ дар сӯҳбат ба Озодӣ афзуд, ки сардори идораи ЗАГС-и Қӯрғонтеппа субҳи рӯзи ҷумъа ба маҳбас омада ва гуфтааст, ки ба хотири риояи қонун омодаанд, ки маросими ақд аввали ҳафтаи оянда баргузор шавад. Ба гуфтаи Ҷиёнбӣ пас аз розигии масъулини САҲШ барои сабти ақди никоҳ, Давлатмурод, рӯзи ҷумъа баъди зуҳр гуруснанишиниро қатъ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ин маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа ба нишони эътироз аз таъхири сабти никоҳаш дар идораи САҲШ (ЗАГС) гуруснанишинӣ карда буд.
Давлатмурод Ҳалимшоев, як маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа, аз он ки Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС сабти никоҳи ӯро бо дӯстдоштааш ба таъхир мегузорад, гуруснанишинӣ кардааст. Ҷиёнбӣ Ҳалимшоева, яке аз наздикони ӯ, ба Радиои Озодӣ гуфт, Давлатмурод ҳамаи санадҳои заруриро барои сабти ақди никоҳ бо як духтар аз ноҳияи Восеъ ба идораи САҲШ (ЗАГС)-и Қӯрғонтеппа пешниҳод кардааст. Аммо идораи САҲШ тайи як ҳафта аст, ки сабти никоҳи ӯро ба таъхир мегузорад.
Ҷиёнбӣ Ҳалимшоева меафзояд, Давлатмурод 2-юми январ расман ба масъулони маҳбаси Қӯрғонтеппа дар бораи гуруснанишиниаш ариза пешниҳод кардааст. Ба иттилои ин манбаъ, масъулони маҳбаси Қӯрғонтеппа низ ба идораи ЗАГС муроҷиат кардаанд, ки барои қатъи гуруснанишинии Давлатмурод мусоидат кунанд.
Давлатмурод Ҳалимшоев аз хонуми аввали худ -- Зебуннисо, сокини шаҳри Душанбе, ба далели он ки эҳтироми ӯро ба ҷо наовардааст, рӯзи 26-уми декабр бо қарори идораи САҲШ ҷудо шудааст. Баъд аз ин, Давлатмурод ва арӯсшавандааш аз ноҳияи Восеъ ба идораи САҲШ барои сабти ақди никоҳ ариза пешниҳод кардаанд.
Ба гуфтаи Ҷиёнбӣ Ҳалимшоева, идораи САҲШ-и шаҳри Қӯрғонтеппа барои сабти ақди никоҳ аз навхонадорон талаб кардааст, ки 111 сомонӣ пардозанд. Барои рӯшан сохтани ин масъала наздикони Давлатмурод ба Маркази зидди шиканҷаи шаҳри Душанбе муроҷиат карда, кӯмаки ҳуқуқӣ талаб намудаанд.
Зебо Қосимова, масъули телефони боварии зидди шиканҷаи Маркази ёрии ҳуқуқии шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат аз шаҳри Қурғонтеппа аз номи маҳбус Давлатмурод Ҳалимшоев ба онҳо муроҷиат кардаанд. Зебо Қосимова афзуд, Маркази ёрии ҳуқуқӣ тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон мушаххас кард, ки барои сабти ақди никоҳ ва харҷи коғазу дигар санадҳои лозима ҳамагӣ 14 сомонию 10 дирам бояд пардохта шавад.
Дар ҳамин ҳол, Гулракат Холиқова, корманди идораи САҲШ-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ба Радиои Озодӣ гуфт, аризаи маҳбус Давлатмурод Ҳалимшоевро рӯзи панҷшанбе, 3-юми январ, ба қайд гирифтаанд ва қарор аст, намояндагони САҲШ рӯзи ҷумъа ба маҳбаси Қӯрғонтеппа раванду бо маҳбус дар масъалаи ақди никоҳ суҳбат кунанд. Гулракат Холиқова илова намуд, ки Идораи онҳо фақат чанд рӯз қабл Давлатмуродро аз зани пешинааш ҷудо кардааст ва акнун барои издивоҷ бо хонуми ояндааш, ба ӯ як моҳ муҳлат дода мешавад ва танҳо баъд аз ин никоҳи онҳо сабт хоҳад шуд.
Наздикони Ҳалимшоев Давлатмурод гуфта буданд, то замоне ки идораи САҲШ барои ақди никоҳи онҳо розӣ нашавад, ӯ аз гуруснанишинӣ даст намебардорад. Давлатмурод Ҳалимшоев, сокини ноҳияи Муъминобод, собиқ рассоми шӯъбаи фарҳанги ин ноҳия мебошад, ки дар соли 2006 барои тамаъҷуӣ аз як мулло бо маблағи 150 сомонӣ, ба додгоҳ кашида шудааст. Тибқи ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа ӯ барои13 сол равонаи зиндон шудааст.