Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони ҳавзи пӯшидаи оббозӣ дар ҳоли анҷомёбист, ки бо маблағи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд мешавад.

Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони ҳавзи пӯшидаи оббозӣ дар ҳоли анҷомёбист, ки бо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд мешавад. Ин ҳавз бо ҳаҷми 50 ба 15 метр сохта шуда, чуқуриаш 3 метр хоҳад буд ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалии ҳавзҳои шиноварӣ мебошад. Ҳавзи мазкур аз 8 пайраҳаи шиноварӣ иборат мешавад ва, ба гуфтаи мақомот, дар оянда маҳалли баргузории сабқатҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ хоҳад шуд.

Ин маҷмааи шиноварӣ, ки баландиаш баробари як манзили се-чортабақа мебошад, тавони гунҷоиши 2000 тамошобинро хоҳад дошт. Сохтмончиён мегӯянд, ки бунёди ин маҷмааи нав то охири моҳи августи имсол анҷом меёбад ва қарор аст дар рӯзҳои сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб, расми кушоиши он барпо шавад. Ҳоло, мегӯянд масъулин, беш аз 90 дар сади корҳо анҷом шудаанд.

Баъди дар соли 2013 ба фаъолият шурӯъ кардани Маҷмааи варзишӣ ​дар Кӯлоб ин дуюмин муассисаи варзишӣ дар ин шаҳр мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG