Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозтоби пардапӯшонаи ҳаводиси солҳои 90-ум дар китоби "Таърихи халқи тоҷик"


Китоби «Таърихи халқи тоҷик» иборат аз 6 ҷилд, таърихи тоҷиконро аз замони қадим то имрӯз бозгӯ мекунад, аммо иддае аз таърихшиносон мегӯянд, даврони истиқлолияти Тоҷикистонро танҳо баъд аз 100 сол метавон қазоват кард.

Чопи ин асари шашҷилда, ки 16 соли охир бо сабабҳои гуногун ба таъхир меафтод, ин ҳафта аз сӯи нашриёти "Империал Групп" ба поён расид ва он ба фурӯш баромад. Муаллифони китоб асари худро “падидаи назарраси таърихнигории навин” унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба кашф шудани маъхазҳои нав ва тағйир ёфтани диди таърихӣ, таълифи ин китоб ҳанӯз дар авохири солҳои 70-уми қарни гузашта дар назар буд ва мебоист то солҳои 90 - ум ба поён мерасид. Аммо ҳаводиси сиёсии кишвар, маҳдудияти захираҳои молӣ ва Тоҷикистонро тарк кардани иддае аз мутахассисон, ин тарҳро нотамом гузошта буд.

Хушвахтшо Пирумшоев, ки дар таълифи ҷилдҳои 3-юм ва 4-уми китоб саҳм дорад, мегӯяд, «ҷилди аввали китоб соли 1998 рӯи чопро дид ва ҷилди 2 - юм бошад соли 1999. Ин китобҳо ҳама зери назари умумии академик Раҳим Масов қарор доранд. Мушкилот ин буд, ки бояд 4 ҷилди дигар таълиф мешуд, аммо бинобар сабабҳои гуногун ин кор ба таъхир афтод. Ҳамин тавр соли 2004 ҷилди 5
Хушвақтшо Пирумшоев
Хушвақтшо Пирумшоев
ва соли 2011 ҷилди 6 аз чоп баромад. Вале чун ҷилди 3 ва 4 дарвоқеъ давраи муҳими таърихиро дар бар мегирифтанд ва диди навро талаб мекарданд, барои ин кор донишмандони нозукбин ҷалб шуданд. Ҷилди 4-ум ки асрҳои 16 ва ибтидои асри 19-ро дар бар мегирад, соли 2010 таълиф шуд. Ҷилди 3-юм ки аз асри 11 то 16 яъне давраи ниҳоят мураккабро дарбар мегирад, моҳи декабри соли 2013 таҳия гардид.»

Ин донишманди тоҷик афзуд, китоби 6-ҷилдаи "Таърихи халқи тоҷик" дар асоси маъхазҳои мӯътамад, ки аз соли 60-уми қарни гузашта ба ин сӯ ба даст омадаанд ва бо истифода аз дастхатҳои асримиёнагие, ки дар Эрону Афғонистон пайдо шудаанд, таълиф гардидааст. Ба гуфтаи ҷаноби Пирумшоев, дар тафовут бо таърихномаҳои қаблӣ, ки даврабандӣ аз рӯи сулолаҳо ба назар гирифта мешуд, дар китоби нав даврабандӣ бо асрҳо муайян шудааст. Ба гунаи мисол, халқи тоҷик дар давраи Шайбониён, не, балки ҳаёти мардуми тоҷик дар асри 16. Ба таъкиди Пирумшоев, ба ин васила онҳо таърихи бевоситаи тоҷиконро аз маҷмӯи умумии таърихи мардуми минтақа ҷудо нишон додаанд.

Рақиб Абдулҳаев, яке дигар аз муаллифони китоби шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» мегӯяд, таърихшиносони имрӯз, иштибоҳҳои таърихии давраи шӯравиро ба назар гирифта, дар 6 ҷилди нав ба таври муфассал ва бо далелу арқоми саҳеҳ рӯйдодҳоро қаламдод кардаанд. Вай гуфт, «он факту рақамҳое, ки дар китоб оварда шуда, бо сарчашмаҳои амиқ санҷида шудаанд ва ҳамчунин борҳо дар ҷаласҳои интистути таърих муҳокима гардидаанд. Аз сӯи дигар, мо ба он аҳамият додем, ки воқеаҳо ба таври объективӣ ба қалам дода шаванд. »

Рақиб Абдулҳаев
Рақиб Абдулҳаев
Аммо ин таърихнигорон мегӯянд, дар ин 6 ҷилд кори аз ҳама мушкил таҳлили таърихи 20 соли охир будааст. Зеро ба гуфтаи онҳо, то ҳанӯз сабаби ҳаводиси солҳои 90 - ум ба таври бояду шояд ошкор нашудаанд. Вале бо ин вуҷуд онҳо мегӯянд, то ҳадде талош кардаанд, воқеаҳои замони истиқлоли Тоҷикистонро низ дарҷ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Аҳмадхон Муродов, мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бар ин аст, ки дар таърихномаи нав, муаррихон ҳаводиси солҳои 90 - умро пардапӯшона бозтоб додаанд. Ба бовари ҷаноби Муродов, эҳтимол меравад бо гузашти як насл муаррихон имкон пайдо кунанд, нотарсона ва мушикофона ин ҳаводисро рӯи саҳфаи таърих биёранд. Аммо бо ин вуҷуд ба гуфтаи Аҳмадхон Муродов муаллифони китоби 6 ҷилда тавонистаанд рисолати худро дар назди таърих иҷро кунанд.

Вай гуфт, «нусхаи аз ҳама охири ин китоб яъне ҷидли 3-юм, ки дирӯз ман бо он ошно гардидам, дар ҳақиқат 3 давраи таърихиро дар бар мегирад, шахсан аз нигоҳи ман то андозае, давраи аҳди Темуриён қаноатманд нест. Дар бораи ин аҳд манбаҳои зиёди арабӣ, форсӣ, англисӣ, русӣ, дастрас аст ва агар муаррихон ин манабҳоро мавриди баррасӣ қарор медоданд, шояд, паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти халқи тоҷикро дар ин давари таърихӣ аз лиҳози нав нишон медоданд. Ба ҳар ҳол бояд бигӯям, интизороти мо аз ин китоб то андозае бароварда шуд, зеро дар он далелҳову бозёфтҳои нав хусусан то аҳди Сомониён хеле ҷолиби диққат аст.»

Аҳмадхон Муродов
Аҳмадхон Муродов
Бо он ки Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи улуми Тоҷикистон дар ҷиҳати бозгӯ кардани таърихи халқи тоҷик иқдомеро анҷом додааст, китоби шашҷилда бо забони русӣ таълиф шуда, бисёриҳо мегӯянд, ин интизорро надоштанд. Хоса дар аёме, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дорад.

Аммо муаллифони «Таърихи халқи тоҷик» -и 6 ҷилда мегӯянд, ин китоб асосан барои олимони дохил ва хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст ва аз ин хотир бо забони русӣ таҳия гардидаст. Ҳамзамон барои донишомӯзони тоҷик низ аз нашри нави таърихнома таълим дода мешавад. Вале тавре пурсиши мо нишон дод, аксарияти донишҷӯёни тоҷик аз таҳия ва таълифи китоби "Таърихи халқи тоҷик" хабар надоранд.

Гулсара, фурӯшандаи мағозаи "Китоб", воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе ҳам, ки ин китоби 6-ҷилдаро дар дӯкон дорад, мегӯяд, талабот ба ин китоб дар миёни донишҷӯён дида намешавад. Гулсара афзуд, арзиши як ҷилди ин таърихнома 100 сомонӣ будаст ва харидоронаш аксаран олимони тоҷик ва пажӯҳишгарони хориҷӣ мебошанд. Аммо ба гуфтаи Гулсара, ҳарчанд ин афрод мехоҳанд дар китобхонаи худ ҳар 6 ҷилди ин китобро дошта бошанд, вале аксаран бо харидории ҷилдҳои алоҳида иктифо мекунанд. Ӯ гуфт, «хориҷён бинобар он, ин китоб вазни зиёд дорад, танҳо он ҷилдашро мехаранд, ки барояшон маълумоти заруриро доранд. Бартарии ин китоб аз таърихномаҳои дигар дар он аст, ки қисм ба қисм ҷудо шудааст, ва маъулумоти зуруриро хеле осон метавон пайдо кард. Аз ҳама ҷилди вазнин, беш аз 1000 саҳифаро дар бар мегирад, ҷилди чорум аст.»

Дар ҳамин ҳол интизор меравад, дар оянда шаш ҷилди китоби «Таърихи халқи тоҷик» бо забони тоҷикӣ низ нашр шавад. Зеро ба гуфтаи муаллифон, раиси ҷумҳур ваъда додаст, ки барои тарҷумаи ин китоб маблағ ҷудо хоҳад кард.

Бо ин ҳам нозирони умур мегӯянд, китоби "Таърихи халқи тоҷик", ки пас аз китоби "Тоҷикон" -и Бобоҷон Ғафуров, ҳамчун маҷмӯаи арзишманд аст, мебоист ба таври ҳамаҷониба ва бо далелу бурҳони аниқу саҳеҳ даврони истиқлоли Тоҷикистонро низ тасвир мекард ва дар он ҳол умри ҷовидонӣ касб менамуд. Ҳамонгуна, ки "Тоҷикон" -и Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз ҳам ба унвони маъхази муҳтарами таърихӣ истифода мешавад.

Чопи китоби 6 ҷилдаи "Таърихи халқи тоҷик"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00
XS
SM
MD
LG