Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардҳо ва миллионҳои хешу табори Назарбоев


Назарбоев ва духтараш Дориға
Назарбоев ва духтараш Дориға

Таҳлили манобеи боз нишон медиҳад, ки як бахши аъзами афроди аз ҳама сарватманди Қазоқистон хешовандони раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев ва дигар мансабдорони баландпояанд.

Бино ба гузориши таҳқиқотии хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Қазис Тоғубоев, фарзандони мансабдорони баландпоя дар Қазоқистон нафақат дар идораҳои давлатӣ, балки дар арсаи тиҷорат ва бонкдорӣ низ карйераи хеле муваффақ доранд. Коршиносон сабаби инро дар непотизм (хешбозӣ) мебинанд, ки дар ин кишвар саршор аз газу нафт ва маъданҳои табиии Осиёи Марказӣ ба як навъ анъана табдил ёфтааст.

Фарзандон, домодҳо, набераҳо

Дар раддабандии афроди миллиардер, ки сомонаи маҷаллаи амрикоии Forbes нашр мекунад, Тимур Қулибоеви 49-сола ва Динора Қулибоеваи 48-сола низ роҳ ёфтаанд. Ин маҷалла дороии ҳар кадоми онҳоро 2,1 миллиард доллар баровард кардааст. Динора Қулибоева духтари дувуми президенти Қазоқистон ва Тимур Қулибоев табъан домоди Нурсултон Назарбоев мебошанд.​

Тимур Қулибоев
Тимур Қулибоев

Бино ба навиштаи Forbes.com, Тимру ва Динора Қулибоев аз тариқи ширкати “Алмэкс” молики "Бонки мардумӣ"-и Қазоқистонанд. Азбаски "Бонки мардумӣ" ахиран баъди рафтани сармоягузорони хориҷӣ бонки HSBC(ҳоло “Олтинбонк”)-ро низ харид, ҳоло ин зану шавҳар соҳиби ду бонк шудаанд.

Сомонаи Forbes.com дороиҳои Дориға Назарбоеваи 52-сола, духтари калонии Назарбоев ва ҳамсари собиқи Роҳат Алиевро, ки ахиран муовини сарвазири Қазоқистон ҳам таъин шуд, то моҳи майи соли 2013 назар ба хоҳари хурдиаш 3 маротиба камтар – ҳамагӣ ... 595 миллион доллар нишон медиҳад. Ӯ дар раддабандии афроди сарватманди Қазоқистон аз Динора Қулибоева 10 зина ақиб мемонад.

Гуфта мешавад, манбаи даромади Дориға Назарбоева риштаҳои матбуот, мухобирот, сохтмон ва молия мебошанд. Ин хонавода қаблан бонки худро ҳам дошт, вале бино ба гузоришҳои матбуотӣ, Дориға Назарбоева ва писараш Нуралӣ Алиев дар соли 2010, бастаи контролии саҳмияҳои “Нурбонк”-ро фурӯхтанд.

Нуралӣ Алиев, писари калонии Дориға Назарбоева ва Роҳат Алиев, бо онки ҳамагӣ 30 сол дорад, алакай ба мақоми муовини ҳокими Остона, пойтахти Қазоқистон расидааст. Сомонаи Forbes.kz сарвати то моҳи майи соли 2013 ҷамъовардаи ин набераи президент Назарбоевро 200 миллион доллар рақам зада, ӯро дар байни 50 нафари сарватмандтарини Қазоқистон дар мақоми 32-юм гузоштааст.

Писари дувуми Дориға Назарбоева ва Роҳат Алиев – Ойсултон Назарбоеви 25-сола ҳанӯз ба чунин раддабандиҳо роҳ наёфтааст. Вале ӯ дар авоили тирамоҳи соли равон аз азмаш барои расидан ба курсии президенти Федеросиюни футболи Қазоқистон хабар дод, ки як курсии “равғанин” арзёбӣ мешавад. Ду ҳафта пеш сухангӯи президенти Қазоқистон гуфт, Назарбоев мехоҳад ба рушди карйераи набераҳояш аз канор назорра кунад.”

Худи Роҳат Алиев, ки дар солҳои домодиаш низ дар ҷумлаи сарватмандтарин афроди Қазоқистон номбар мешуд, баъди як муноқида бо падарарӯсаш ба Аврупо фирор кард ва баъди чанд соли мухолифат бо хешовандони собиқаш дар моҳи феврали соли равон дар боздоштгоҳи шаҳри Венаи Австрия худкушӣ кард.

Бародарон ва ҷиянҳои Назарбоев

Аз ду бародари Нурсултон Назарбоев якеаш – Сотиболдӣ – ҳанӯз дар синни 34 дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохт. Вале бародари дигари президент Булат Назарбоев тиҷорати муваффақе дорад. Ӯ собиқаи кориашро дар як совхоз ба ҳайси сантехник ва челонгар сар кардааст. Ҳоло ӯ раҳбарии ширкати “Қазоқмис”-ро бар дӯш дорад. Ин ширкат 90 дарсади миси Қазоқистонро истихроҷ мекунад ва Булат Назарбоевро ба ин далел хеле сарватманд таъриф мекунанд.

Булат Назарбоев
Булат Назарбоев

Бино ба иттилои KASE – биржаи бурсҳои Қазоқистон, дар сентябри соли 2014 дар рӯйхати саҳомдорони бонки RBK саҳомдори нав – Булат Назарбоев пайдо шудааст, ки 7,83 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёр доштааст.

Булат Назарбоев дар соли 2013 бо ҳамсари собиқаш Моҳира Қурмонгалиева низ бар сари як манзили 20-миллиондолларӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баҳси додгоҳӣ дошт.

Бародари фақиди Назарбоев – Сотиболдӣ – ду писар дошт. Яке аз онҳо Самат Абиш бо онки ҳамагӣ 37 сол дорад, алакай генерал-майор аст. Ҷияни дигари президент аз ин бародараш Ғайрат Сотиболди-улӣ 45-сола аст. Ӯ ҳам алакай дар синни 35 унвони генерали КГБ-ро ба даст оварда буд. Дар соли 2005 Ғайрат Сотиболдӣ-улӣ аз хидмат дар ниҳодҳои амниятӣ истеъфо дод ва ҳоло котиби ҳизби “Нур Отан”-и президент Назарбоев мебошад. Ӯ худро одами хеле диндор муаррифӣ мекунад.

Ғайрат Сотиболдӣ-улӣ дар соли 2014 аз сармоягузорони ширкати Kaspi шуд. Ин ширкат ҳоло қариб 90 дарсади саҳмияҳои бонки Kaspi Bank-ро дар даст дорад.

Исми хонаводагии ҳам Ғайрат ва ҳам Самад қаблан Назарбоев буд. Нозирони умур мегӯянд, мансабдорони баландпояи қазоқ дар ин авохир ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар навъ гапу калоча дар бораи карйераи хешовандонашон исми хонаводагии наздикони худро иваз мекунанд. Аз ҷумла Сергей – писари раиси Кумитаи амнияти миллӣ Нуртой Абикаев ҳоло фамилияи Нуртоевро гирифтааст. Нурбол – писари раҳбари собиқи дастгоҳи президент Сарибой Холмирзоев исми хонаводагиашро ба Султон иваз карда, ҳоло Нурбол Султон шудааст.

Атрофиёни президент

Аз атрофиёни наздики президент Назарбоев нозирон вазири дифоъ Имонгалӣ Тасмагамбетови 58-сола ва ҳокими 61-солаи Остона Одилбек Ҷақсибековро бештар зикр мекунанд. Ҳарду ҳамзамон бо комёбиҳои ҳайратовари хешовандонаш дар арсаи тиҷорати Қазоқистон маъруфанд.

Аз байни онҳо бештар аз ҳама мултимиллионер Кенес Ракишев – домоди вазири дифоъ ном баровардааст. Ӯ дар моҳи январи соли равон аз ҳайъати шӯрои мудирони “Қазоқистон инжиниринг” – як ширкати марбут ба “Самрук-Хазина”-и президент Назарбоев берун шуд, вале алакай дар моҳи март узви шӯрои мудирони “Қазкоммерсбонк” – яке аз бузургтарин бонкҳои Қазоқистон шуд. Сомонаи Forbes.kz ҳаҷми дороиҳои домоди вазири мудофирао 684 миллион доллар баровард карда, Кенес Ракишевро дар байни сарватмандтарин афроди Қазоқистон дар мақоми 10-ум ҷой додааст.

Одилбек Ҷақсибеков
Одилбек Ҷақсибеков

Сарвати аҳли хонаводаи шаҳрдори пойтахт Ҷақсибековро ҳамин манбаъ 628 миллион доллар рақам задааст. Ин хонавода – ҳамсари 60-солааш Лаззат Иброҳимова, писари 37-солаи шаҳрдор Даврон ва бародари 59-солааш Серик Ҷақсибеков – молики гурӯҳи ширкатҳои мавсум ба “Цесна” мебошанд. Ин ширкат “Цеснабанк”, консерти “Цесна-Астик”, “Медет-Ҳолдинг”, ширкати миёнарави “Цесна-Капитал” ва ширкати суғуртаи “Цесна-Гарант”-ро муттаҳид мекунад.

Дар рӯйхати саҳомдорони бонки “Qazaq banki” дастикам ду тан аз хешовандони мансабдорони баландпояи қазоқ ҳам ҳастанд. Нурхон Нурланов – писари раҳбари кунунии дастгоҳи президент 9 дарсад ва Бахит Иброҳим, ки дар матбуот ӯро домоди муовини сарвазир Бахитҷон Сагинтаев ном мебаранд, 10 дарсади саҳмияҳои “Qazaq banki”-ро дар ихтиёр доштаанд.

Ва ин танҳо чанд намуна аз рӯйхати хеле тӯлонии афродест, ки бо шарофати риштаи хешутаборӣ бо мансабдорони баландпояи Қазоқистон, бо шумули раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев, дар арсаи тиҷорати ин кишвар чунин комёб ва миллионеру ҳатто миллиардер шудаанд.

Марат Асипов, хабарнигори таҳқиқотии сомонаи маҳаллии Ratel мегӯяд, дар пушти ин ҳама непотизм ё хешбозӣ истодааст: “Ин дигар як зуҳуроти “оддӣ” шудааст. Ягон тозагӣ надорад, чунки ҳамеша чунин буд. Ин як шеваи хоси раҳбарии ҳокимон дар Осиёст.”

Ба ақидаи нозирони умур, айни ҳолат – ба комёбиҳои фавқулодда ва боварнокарданӣ даст ёфтани наздикони раҳбари аввал ва дигар мансабдорони баландпояро метавон тақрибан дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ мушоҳида кард.

Зимнан худи раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам гоҳо дар маҳзари ом изҳори “ҳайрат” мекунад, ки чаро ширкатҳову бонкҳои миллӣ дар ин кишвар ба корхонаҳои “ҷиянҳову фарзандони нозпарвард”-и мансабдорони баландпоя табдил ёфтаанд?

XS
SM
MD
LG