Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳама ҷо ба номи Назарбоев аст” ВИДЕО


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон

Имсол фурудгоҳи байналмилалии Остонаи Қазоқистон ба рӯйхати тӯлонии ҷойҳову муассисаҳое шомил шуд, ки номи президент Нурсултон Назарбоевро дорад.

Дар Қазоқистон донишгоҳу пажӯҳишгоҳ ва китобхона ба номи Нурсултон Назарбоев буда, акси ӯ дар пули миллӣ ҷой дода шудааст. Хизби ҳоким низ номи “Нур Отан”-ро ихтиёр карда, дар рамзи ин гурӯҳи сиёсӣ имзои Назарбоев ҷой дода шудааст.

Фурудгоҳи байналмилалии Остона ба номи Нурсултон Назарбоев аст
Фурудгоҳи байналмилалии Остона ба номи Нурсултон Назарбоев аст

Баъзеҳо фикр мекунанд, ки аз ҳад гузаштааст. Яке аз сокинони Қазоқистон гуфт, ки “ҳама ҷо ба номи Назарбоев аст. Ба фикрам дуруст нест.” Худи Назарбоев мегӯяд, ин пешниҳоди ӯ нест.

Нурсултон Назарбоев аз соли 1991 ба ин тараф раиси ҷумҳури Қазоқистон аст. Таъсири ӯ дар ҳама ҷо эҳсос шуда, ба назар намерасад, ки ин таъсир коҳиш ёбад.

Ҳар ҷо, ки назар кунам, нури султон аст он ҷо. Лавҳае дар бораи Президенти Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

XS
SM
MD
LG