Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пешво" аз нав ёди президентӣ кард? Қудрати Назарбоев ба маротиб густариш ёфт


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев фармонеро имзо кард, ки ба Пешвои халқ, президенти нахустини Қазоқистон, раиси Шӯрои Амнияти ин кишвар Нурсултон Назарбоев салоҳиятҳои бештаре медиҳад. Акнун пешво метавонад аз нав мисли пешина аъзои ҳукумат шавад ва ҳамчунин раисони шаҳру ноҳияҳоро тағйир ё барканор кунад ва ба баъзе аз идора ва муассисаҳо назорати пурра дошта бошад.

Фармон дар сомонаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии Қазоқистон нашр шудааст.

  • Бино ба фармони нав, президенти Қазоқистон аз ин ба баъд ҳамаи вазиронро (ба ғайр аз вазири корҳои хориҷӣ, дифоъ ва умури дохилӣ) танҳо бо ризоияти Назарбоев таъйир карда метавонад.

Ҳамчунин таъйини раҳбарони ниҳодҳои бевосита тобеи президент низ баъд аз дарёфти ризоияти Назарбоев сурат хоҳад гирифт. Инҳо:

  • Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ
  • Додситонии кул
  • Кумитаи амнияти давлатӣ
  • Бунгоҳи хадамоти давлатӣ
  • Бунгоҳи мубориза бо фасод
  • Бонки Миллӣ
  • Горди ҷумҳурӣ
  • Хадамоти кашфи хориҷӣ
  • Хадамоти ҳифзи президент
  • Палатаи ҳисоб ва назорати буҷа
  • Шуъбаи умумии коргузории дастгоҳи президент.

Ҳамчунин президенти Қазоқистон бояд таъйиноти зеринро бо ризоияти раиси Шӯрои Амният аноҷм диҳад:

  • раисони вилоятҳо
  • раисони шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ
  • раиси пойтахти Қазоқистон, Остона.

Бо ҳамин фармон шеваи таъйини раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон низ дигар карда шуд, акнун номзадии ӯ бояд бо ризоияти Назарбоев сурат гирад. Қаблан ин шахсро президенти Қазоқистон бо пешниҳоди сардори дастгоҳи худ амалӣ менамуд.

*****

Аз 19-уми марти соли 2019 Нурсултон Назарбоеви 79-сола аз мақоми президенти Қазоқистон канор рафт ва танҳо вазифаи раиси Шӯрои Амниятро барои худ гузошт. Пеш аз ин дар поёни соли 2017 порлумони Қазоқистон ба Назароев ҳаққи якумрии раёсат дар Шӯрои Амниятро дода буд.

Пас аз истеъфои Назарбоев дар моҳи июни соли 2019 раиси пешинаи порлумон Қосимҷомарт Тоқаев президенти Қазоқистон шуд.

Фармони нав салоҳиятҳои ӯро дар ин мақом маҳдуд ва тавоноиҳои Назарбоевро ба мартиб густариш медиҳад. Ба ғайр аз мақоми раиси Шӯрои Амният, Назарбоев ҳамчунин дар курсии раҳбари ҳизби ҳокими "Нур Отан" боқӣ мондааст.

Шарҳҳоро бинед (17)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG