Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагар Наврӯз Рустамов: "Ин як пирӯзии тоза буд"


Наврӯз Рустамов, ҳамлагари дастаи "Равшан"-и Кӯлоб
Наврӯз Рустамов, ҳамлагари дастаи "Равшан"-и Кӯлоб

Муаллифи ду голи аслии дастаи "Равшан"-и Кӯлоб баъди пирӯзӣ бар "Истиқлол" ба саволҳои Озодӣ посух дод.

Футболбози дастаи «Рашван», ки рӯзи 29 ноябр дар бозии ҳалкунандаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғалаба ба даст овард, муаллифи ду голи аслии сабқат будааст. Наврӯз 23 сол дошта, аз 8-солагӣ футбол бозӣ мекунад. Ҳоло донишҷӯи соли чорӯми факултаи ғоибонаи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи шаҳри Кӯлоб аст. Оиладор.

Озодӣ: Пирӯзӣ муборак шавад, Наврӯз. Бардошти худатон аз ин бозӣ чист?

Рустамов: Ташаккур. Бозии мо фақат барои ғалаба буд.

Озодӣ: Бароятон ин пирӯзӣ душвор буд?

Рустамов: Бале, душвор буд. Мо дар оғоз бой медодем ва дар 30 дақиқаи аввал мо эҳсос мекардем, ки дар миёни аъзои дастаи мо як ҳамоҳангӣ набуд. Яъне дар аввал бозии мо начаспид. Вале баъд мо худро ба даст гирифтем ва дар лаҳзаҳои муносиб ду голи ҳалкунандаро задем. Голи аввалро дар дақиқаи 32 задем.

Озодӣ: Ҳамкорони мо дар Озодӣ, ки бозии шуморо тамошо карданд, гуфтанд, ки яке аз голҳои шумо хеле бомаҳорат ва зебо буд ва голи Мессиро ба ёд меовард.

Рустамов: Ташаккур. Аслан вақте бозӣ 1-1 шуд, мо ҳис кардем, ки иншоаллоҳ, ин бозиро мебарем. Мо аз бозии худ 100 фоиз розӣ ҳастем.

Озодӣ: Зимнан, бояд гӯям, ки бозии шуморо тарафдорони хеле зиёдатон тамошо карданд ва тавассути сайти интернетии Озодӣ шуморо табрик мекунанд. Ба бачаҳо салому паёмҳои табрикии хонандагони моро расонед.

Рустамов: Ҳатман, ташаккур ба ҳама.

Озодӣ: Наврӯз, баъзе мухлисони футбол менавиштанд, ки эҳтимолан пеш аз бозӣ миёни «Равшан» ва «Истиқлол» як маслиҳате шудааст, ки ин навбат бояд пирӯзӣ насиби на дастаи душанбегӣ, балки футболбозони Кӯлоб шавад.

Рустамов: Не, не, ин гапҳо ҳама дурӯғанд. Ҳеҷ вақт миёни командаи «Равшан» ва «Истиқлол» маслиҳате буда наметавонад. «Истиқлол» бо мо ҳеҷ вақт гапе ҳам намезананд. Дастаи мову онҳо бисёр зиданд байни ҳам, барои ҳамин, ҳеҷ маслиҳате буда наметавонад. Ин як пирӯзии тоза буд.

Озодӣ: Шуморо баъди пирӯзӣ киҳо табрик карданд?

Рустамов: Модарам, ёру дӯстон, бародаронам. Оилаам ҳам табрик кард. Онҳо баромади моро аз шабакаи аввал тамошо карданд.

Озодӣ: Шумо гуфтед, ки аз хурдсолӣ дар клуби «Равшан» бозӣ мекунед. Оё муҳимтарин дарсе, ки аз ин мактаби футбол гирифтед, чист?

Рустамов: Тренери мо мегуфтанд, ки «Равшан» бояд қаҳрамон шавад. Ин буд гапи он кас ва мо кӯшиш кардем, ки имсол ҳатман чемпион шавем.

Озодӣ: Ҳоло баъди ин бозӣ нақшаҳои шумо чӣ аст?

Рустамов: Мо интизори Ҷоми ҷумҳурӣ ҳастем ва то моҳи январ истироҳат мекунем. Аз 20 январ дубора сарҷамъ шуда, ба чемпионат ва ҷоми АФК тайёрӣ мебинем.
XS
SM
MD
LG