Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озода Раҳмон дар "Форуми ҷумҳуриявии занон" дар шаҳри Душанбе ширкат накард


"Форуми ҷумҳуриявии занон" дар шаҳри Душанбе рӯзи 9 октябр бархилофи эълон ва хабарҳои нашршуда, бе ширкати Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Бархе аз ширкаткунандагони он ширкати ӯро мояи эътибори ин анҷуман ва калиде дар ҳалли мушкилоти занон медонистанд. Аммо дар ҳамоиш зикр гардид, ки Озода Раҳмон сарпарасти он хоҳад буд, бахусус ки ахиран Сафири Созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори Роҳбар" эълон шудааст.

Дар форум раҳбарони вазорату идораҳо ва занони фаъолу шинохта иштирок карда, дар он мавқеи занону духтарон дар идоракунии давлатӣ, пешгирии шомилшавии бонувон ба гурӯҳҳои ифротӣ, нақши занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёт ва пешгирии хушунати хонаводагӣ баррасӣ шуд.

Ин масоил дар нишасти занон дар ҳоле матраҳ шуд, ки занҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз ба сурати умум нақши калидӣ ё таъйинкунанда надоранд, даҳҳо тани онҳо ба гуруҳҳои ифротгаро пайваста ба ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ ҳар рӯз аз ҳар панҷ зан яке қурбонии хушунати хонаводагӣ мешавад. Лаҳни сухани ширкатдорони ҳамоиш руҳбаландкунанда буд, вале таҳлилгарон мегӯянд, сиёсати ҳукумат дар қиболи масоили занҳо бояд таҷдиди назар шавад, вагарна нақши онҳо дар ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон ҳамчунон камранг хоҳад монд.

Бештар аз 50 дарсади аҳолии Тоҷикистонро занҳо ташкил медиҳанд. Аммо як назар ба матбуоти маҳаллӣ кофӣ аст, то бубинед, ки дар сӯҳбат бо занҳои мақомдор низ ҳарф умдатан дар атрофи дегу табақ ва ошхонаву кӯдак ҷараён мегирад. Миёни 19 аъзои Ҳукумати Тоҷикистон занон танҳо як вазоратро раҳбарӣ мекунад, ки Сумангул Тағойзода Саид вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолист.

Занҳо дар Тоҷикистон тақрибан вазир таъйин намешаванд ва танҳо нақшҳои дуюм ва сеюмро дар вазоратхонаву кумитаҳо дарёфт кардаанд. Баландтарин мақом, ки то ҳол намояндаи занҳо дар ҳукумат соҳиб шудааст, муовини нахуствазир буда, соҳиби ин мақом бештар ба масъалаи занҳо ва масоили фарҳангиву иҷтимоӣ машғул аст. Аммо худи онҳое ки то ин маснад расидаанд, мегӯянд ҳама чиз ба ҳунару тавони шахс вобаста аст, ки обрӯи сиёсӣ касб кунанд.

Руқия Қурбонова, муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон 9 -уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт ҳар нафаре ки ба вазифаи масъул таъин мешавад, бояд "аввалан касбият дошта бошад". Ӯ пешниҳоди квота барои духтаронро яке аз талошҳои ҳукумати кишвар донист ва гуфт ҳадафаш ҷалби бештари занон ба вазифаҳои раҳбарикунанда ҳам ҳаст.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон сиёсат кори мардон дониста мешавад ва барои расидан ба мақомҳои баланди давлатӣ занҳои тоҷик танҳо аз камтарин имконот бархӯрдоранд. Аммо бархе ба ин ақида розӣ нестанд. Шариф Раҳимзода, вакили парлумон мегуяд, ҳарчанд занон ба фарқ аз мардон барои расидан ба мансабҳои баланд марҳилаи бештарро тай мекунанд, нақши онҳо дар иқтисоду соҳибкорӣ назаррас аст. Вай ҳузури 22-дарсадии занонро дар вазифаҳои давлатӣ хушҳолкунанда номид. Ин вакили парлумон мегуяд, барои ҷалби занону духтарон ба рушди бомуваффақ вақт лозим аст.

"Масалан сад сол пеш мо занонро ҳамчун муаллима ё духтур ва умуман дар бисёр соҳаҳо қабул надоштем. Аммо ҳоло ҳаштод фисади духтурон занонад ё ҳафтод фоизи омӯзгорон занонанд. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ алаккай занон мавқеи худро пайдо карданд, вале дар соҳаи истеҳсолӣ, масалан ҳамчун роҳабри корхонаи истеҳсоли семент ҳоло ҳам мо занонро қабул надорем. Вақт лозим аст, ки мо дар ин самт пеш равем ва занон дар соҳаи истеҳсолӣ ҳам ҷойи худро ёбанд. Барои ҷавондухтарон идеал лозим аст",-гуфт Шариф Раҳимзода.

Нақши занони сиёсатмадору соҳибкор дар кишвар дар ҳоле матраҳ шуд, ки мақомот дар ин нишаст ҳамчунин аз пайвастани даҳҳо зан ба гуруҳҳои ифротгаро нигаронӣ карданд. Ҳотам Назарзода, муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон гуфт 250 зани тоҷик ба гуруҳҳои ифротгаро пайваста ба Сурияву Ироқ рафтанд, ки бархе куштаву гуруҳи дигар зиндонӣ шуда, даҳҳо фарзанди тоҷик ятим монданд. Ӯ пешниҳод кард бояд мақомотҳои маҳаллӣ миёни занону ҷавондухтарон чорабиниҳо баргузор карда, онҳоро аз хатари гуруҳу созмонҳои ифротгаро огаҳ созанд.

Дар ин нишаст аз шиканҷаи занон дар хонавода ва талоқҳои зиёд, ки ба қавли созмонҳои байналмилалӣ вазъи бонувонро дар кишвар бад кардааст, низ сухан рафт. Дар аксар маврид зӯроварӣ ва ҷабр ба зан сабаби худкушии онҳо гуфта мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, зӯроварӣ ба зан ва умуман хушунати хонаводагӣ, нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон аст, ки на танҳо зиндагии ҳазорон зану духтар дар ҷаҳонро зеру забар мекунад, балки монеи пешрафти ҷомеаҳо мешавад.

Сурайёи Шуҷоат, хабарнигор ва таҳлилгари масоили занон гуфт, чунин нишастҳо "шонс"-и хубест, ки ба мушкили занон расидагӣ шавад. Ӯ мегӯяд ҳоло аксари занон ки аз шавҳаронашон ҷудо мешаванд, маҷбуранд, дар хонаи онҳо бимонанд ва ҳамоно бо хушунату зуроварӣ рубару бошанд. "Бояд кодекси оила бозбинӣ шавад ва вазъи ҳуқуқии занонро ба сатҳи боло бурд. Дастрасии онҳо ба қарзҳои имтиёзнок бештар шавад, то ба соҳибкорӣ ру биёранд. Зеро вақте ҷои кор нест ва ҷомеаи мо рафтани занон ба муҳоҷиратро чандон хуш надорад, онҳо ин ҷо бояд ҷои кор таъмин карда шаванд",-мегӯяд Сурайёи Шуҷоат.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар баробари ин талошҳо бояд сиёсати ҳукумат дар мавриди бонувон ва ё ҷалби ҷиддии онҳо ба корҳои давлатӣ ва масоили баробарии ҷинсӣ таҷдиди назар мехохад. Дар акси ҳол иддаои роҳкушоӣ ба рушди бонувон дар сатҳи шиоре мемонад, ки ҳамасола такрор мешавад. Ҳоло теъдоди занон дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 дар сад ва дар ҳайати хидматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 25 дар садро ташкил медиҳад.

Бархе аз ширкатдорони ҳамоиши Душанбе гуфтанд, ба сурати умум дар 28 соли истиқлол нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистон ба нақши зан дар корҳои давлатӣ чандон дигар нашудааст. Гузашта аз ин дар тули ин солҳо қолабҳои кӯҳна мустаҳкамтар шуданд ва ҳануз ҳам "Зан чиву давлатдорӣ чӣ" шунида мешавад. Ҳарчанд Тоҷикистон барномаи давлатии баланд бардоштани мавқеи занонро дар ҷомеа қабул кардааст ва ҳамеша аз он ёдовар мешавад, дигаргуниҳои ҷиддӣ дар самт ба миён намеояд.

Яке аз ширкаткунандагони ҳамоиш ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ширкат ва суханронии Озода Раҳмон, бонуфузтарин зани тоҷик, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон метавонист, фазои нишастро ба куллӣ дигар кунад, ҷиддияти масъаларо нишон диҳад ва ҳамчунин ӯро на танҳо чун Сафири Созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори Роҳбар", балки як сарпарасти воқеии бонувони кишвар муаррифӣ намояд.

XS
SM
MD
LG