Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С. Қосимов: "Сатҳи дониш аз 68 ба 70 дарсад расидааст"


Раҳбарияти Донишгоҳи миллӣ аз ихроҷ шудани 137 донишҷӯи ин донишгоҳ дар як соли ахир хабар доданд, ки миёни онҳо се донишҷӯи тавассути квотаи президентӣ шомили донишгоҳ шуда низ будаанд.

Солеҳ Қосимов, муовини сардори раёсати таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рузи 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, донишҷӯёни ихроҷшуда, ки тавассути квота донишҷӯ шуда буданд, як нафар аз вилояти Хатлон, як нафар аз Суғд ва нафари сеюм аз ноҳияҳои тобеи марказ буданд. Ҷаноби Қосимов мегӯяд, саривақт насупоридани санҷишу имтиҳонҳо, нападохтани маблағи шартномаи донишгоҳ ва ҳамчунин вайрон кардани низомномаи донишгоҳ, аз омилҳои аслии ихроҷ шудани донишҷӯён ном бурда мешавад.

Дар як сӯҳбат, бо Радиои Озодӣ нахуст аз Солеҳ Қосимов пурсидем, чаро донишҷӯёне, ки тариқи квотаи президентӣ шомили донишгоҳ шудаанд, дар ҷараёни таҳсил ихроҷ мешаванд. Оё чунин донишҷӯён квотаро тасодуфан дарёфт карданд?

Солеҳ Қосимов: «Як омили асосӣ, ин саривақт насупоридани санҷишу имтиҳонҳо дар ҷараёни сессия мебошад. Бубинед, дар вақти қабули донишҷӯ тавассути квотаи президентӣ, аз ҷониби вазорати маориф ва илми Тоҷикистон комиссия созмон дода мешавад, ки он аз ҳайати намояндаи вазорати маориф ва устодони Донишгоҳи миллӣ иборат аст. Ва чуноне, ки маълум аст, барои шомил шудан ба як ҷой ё як квота, бар асоси низомнома, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд, аз се то шаш нафар довталабро пешниҳод кунанд. Албатта вақте барои як ҷой аз 3 то 6 нафар довталаб аст, он замон озмун гузаронида мешавад, то бо ин озмун яке аз беҳтаринҳо интихоб шаванд. Аз сӯи дигар, ба донишҷӯе, ки тариқи квота таҳсил мекунад, танҳо дар ҷараёни шомил шудан ба донишгоҳ имтиёз дода мешавад, аммо дар раванди таҳсил, онҳо бо донишҷӯёни дигар имтиёзи баробар доранд. Вақте донишҷӯ дар раванди таҳсил бо вуҷуди истифода аз имкониятҳо санҷишу имтиҳонҳоро саривақт намесупорад, ӯ ихроҷ карда мешавад. Аз миёни 450 донишҷӯе ки бо квота таҳсил мекунад, ихроҷ шудани як ё ду нафар чандон хатар надорад. Вале ман гуфта метавонам, ки фоизи азхудкунии дониш дар Донишгоҳи миллӣ аз 68 фисади соли гузашта то ба 70 дарсад расидааст».

Радиои Озодӣ: Онҳое, ки тариқи квота ба Донишгоҳи миллӣ дохил мешаванд, бештар дар кадом ихтисосҳо таҳсил мекунанд?

Солеҳ Қосимов: «Ин пеш аз ҳама аз вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, инчунин аз мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста аст. Яъне бояд мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳоди мушаххасро ба вазорати рушди иқтисод барои нарасидани мутахассисон дар ин ё он шаҳру ноҳияҳо манзур намояд. Дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил тариқи квота аксаран дар равияҳои омӯзгориву иқтисодӣ бештар аст. Барои мисол, ба факулати ҳуқуқшиносӣ квота хеле кам аст, ҳамагӣ 12 нафар таҳсил мекунанд. Ин ба хотире ки талабот ба хатмкардаҳои ин факулта чандон зиёд нест».

Радиои Озодӣ: Ҳамасола чанд нафар тавассути квотаи президентӣ, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ мешаванд?

Солеҳ Қосимов: «Соли гузашта, 93 нафар ба Донишгоҳи миллли Тоҷикистон тавассути квота ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ду соли пеш ин омор камтар буд ва теъдоди онҳое ки бо квота донишҷӯ шуда буданд 54 нафарро ташкил медоданд. Имсол тибқи дастури ҳукумати кишвар ва нақшае ки вазорати рушди иқтисод ва савдо омода кардааст, 116 нафар бо квота ба донишгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки аз ин 67 нафарашон духтарон мебошанд. Ва алакай онҳое ки аз сӯҳбат гузаштанд як-як омада ҳуҷҷатҳои худро супорида истодаанд ва комиссия ҳам ба кори худаш шурӯъ кардааст».

Радиои Озодӣ: Донишҷӯёне, ки тавассути квотаи президентӣ Донишгоҳи миллиро хатм мекунанд, ҳамагӣ барои кор ба ноҳияҳои худ бармегарданд?

Солеҳ Қосимов: «Вақте ки мо омӯзгорро барои қабули донишҷӯ тариқи квота сафарбар мекунем, дар дасти мутасаддӣ қарордод медиҳем ва ин ҳуҷҷат ном дорад, қарордоди сетарафа: дар ин як тараф Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷониби дуюм мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва тарафи сеюм донишҷуй. Дар ин ӯҳдадории донишҷӯи тариқи квота таҳсилкунанда омадааст: донишҷӯе ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тибқи квота ба муассисаи таҳсилоти олӣ сафарбар мешавад, ӯҳдадор аст баъди хатми донишгоҳ, ба мақомоте ки ӯро сафарбар кардааст, барои кор равон карда шавад. Ва дар як ҳолат имконияти иваз кардани қарордод вуҷуд дорад. Агар донишҷӯ бо баҳои аъло хатм кардаву мехоҳад таҳсилро дар аспирантура идома диҳад».

Радиои Озодӣ: Ҳолатҳое буданд, донишҷӯёне ки бо квота донишгоҳро хатм кардаву барои фаъолият дар мақомотҳои маҳаллӣ саркашӣ карда бошанд?

Солеҳ Қосимов: «Чунин ҳолатҳо дар Донишгоҳи миллӣ хеле кам аст. Зеро ӯҳдадории онҳо қаблан ҳангоми қабул фаҳмонида мешавад. Ва нафароне, ки саркашӣ мекунанд, тибқи як қарори ҳукумати кишвар маблағе, ки тӯли панҷ сол барои донишҷӯ сарф кардааст, ҳисобӣ шуда дар асоси қарори додгоҳ рӯёнида шуда ба буҷаи кишвар ворида карда мешавад. Дар чанд соли ахир мо ба мақомотҳои судӣ муроҷиат мекардем ва ҷараёни он дар худи ноҳияҳо баргузор шуда буд. Ҳоло дар донишгоҳ 465 нафар донишҷӯён тариқи квота таҳсил мекунанд, ки 224 духтарон ҳастанд. Имсол аввалин маротиба 11 донишҷӯи бо квота таҳсилмекарда бо дипломи аъло донишгоҳро хатм карданд».

Ҳоло дар 17 факултети Донишгоҳи миллӣ 20260 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 15565 нафар дар шӯъбаи рӯзона, 4476 нафар ғоибона ва 219 нафар дар шӯъбаи магистратура таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG