Пайвандҳои дастрасӣ

БМТ: терминалҳо то охири сол ба қабули пулҳои нав омода мешаванд


Рӯзи 20 декабр бо пахши як изҳорот Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки танзими кори терминалҳои қабулкунандаи пардохтҳо то охири соли ҷорӣ ба охир мерасад ва қабули пулҳои нави коғазӣ ҳам дар ҳамаи онҳо бемаҳдудият ҷараён хоҳад гирифт.

Бонки миллӣ менависад, ки баъди ба муомила бароварда шудани пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50 ва 100 сомонии намунаи соли 2017 бо дарназардошти унсурҳои иловагии ҳимоявӣ, дар бархе терминалҳо мушкили шинохти ин пулҳо пеш омад.

Таҳлилгарони умури бонк мегӯянд, бояд кард-ридерҳои терминалҳо дубора барномарезӣ шавад, то ки терминалҳо барои таъмин ва қабули пулҳои коғазӣ бо таркибҳои нави ҳимоявӣ мутобиқ шавад.

“Айни замон пулҳои коғазии мазкур дар ҳудуди кишвар ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо бе ягон маҳдудият мавриди истифода қарор доранд», менависад БМТ ва эътироф мекунад, ки «якчанд ташкилоти қарзӣ то ҳол ҳангоми қабули пулҳои коғазии намунаи нав тавассути терминалҳои худкор ба мушкилот» дучор шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, ки бо сабаби «носозиҳои техникӣ дар фаъолияти таъминоти барномавӣ» терминалро ба истеҳсолкунандааш барои такмил баргардонида шудааст ва муваққатан таъминоти барномавии пешина ба кор андохта шуд. Ин носозиҳо қарор аст то охири соли ҷорӣ бартараф шавад.

Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1518 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои ҷамъоварии пардохтҳо насб карда шудааст, ки беш аз аз 60 фоизи онҳо қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро бе ягон мушкилӣ таъмин мекунанд.

Дар бораи мушкили қабули пардохтҳо бо пулҳои нав рӯзи 14 декабр Радиои Озодӣ гузориш нашр карда буд.

"Терминал қабул намекунад". Мушкили 100 сомонии нав дар Тоҷикистон

Бо гузашти се моҳ аз чопи пулҳои нави коғазӣ дар Тоҷикистон, ҳанӯз аксари дастгоҳ ё терминалҳо барои қабули он омода нестанд ва муштариёнро соатҳо саргардон мекунанд. Дар ин шабу рӯз дар назди терминалҳо бо шахсоне дучор шудан мумкин аст, ки ивази пули нав ба кӯҳнаро дархост мекунанд.

Баръакси баҳсу ҷанҷоли харидору фурӯшанда ва ронандаву мусофир бар сари пулҳои фарсуда, аксари ин нафарон муштариёни телефонҳои ҳамроҳ ҳастанд, ки наметавонанд тавассути терминалҳо ба телефонашон пул гузаронанд. Зеро пулҳои коғазии намунаи соли 2017, ки ҳанӯз се моҳи пеш ба муомилот бароварда шуд, аз ҷониби терминалҳои электронӣ дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар қабул намешавад. Сокинонро зарур аст, барои пур кардани захираи пулии телефони мобил, пулҳои барориши соли 1999-ро дошта бошанд.

Саидҷамол Каримов, сокини шаҳри Душанбе, ки борҳо ба ин мушкил рӯбарӯ шудааст, гуфт, ҳар боре терминал пули намунаи соли 2017-ро бозмегардонад, ӯ маҷбур аст ба фурӯшгоҳе рафта, онро бо пули куҳна кунад.

Ӯ гуфт, “дар асри 21 ва он ҳам танҳо дар Тоҷикистон пули навро бо хоҳишу илтимос ба пули куҳна иваз мекунед ва ё соатҳо барои доштани пули нав дар кӯча саргардон мешавед”.

"Мардумро саргардон мекунанд, тамом"

Имрӯзҳо даҳҳо корафтодае, ки аз бонк ва ё банкоматҳо пули нав мегиранд, маҷбуранд аввал онро бо пулҳои куҳна иваз ва баъдан дар терминал пардохт кунанд. “Ман ҳатто ба маркази хидматрасонии терминалҳо занг зада, шикоят кардам. Онҳо гуфтанд, ки машғули ин корҳо мебошанд ва дар фурсати кӯтоҳ мушкилро ҳал мекунанд. Аммо ҳоло ҳам ин мушкил ҷой дорад. Кори мардумро душвор ва одамонро саргардон мекунанд, тамом. Ҳарчанд бартараф кардани ин мушкил вазифаи масъулони терминал ва ҳам бонк аст”, - гуфт Саидҷамол Каримов.

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Моҳи сентябри имсол Бонки Миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии сомониро бо ороиши нав ба муомила баровард. Ҳадаф аз ин кор “баланд бардоштани хусусияти ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорӣ” гуфта мешуд.

"Таҷ Пей": Мушкил ҳаст, аммо ҳал мешавад

Масъулони терминали “Экспресс Пей”, яке аз ширкатҳои пештоз дар пардохти электронии пул, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо пас аз ба муомилот баромадани пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 ва 200 сомонӣ, тамоми терминалҳояшонро дубора барномарезӣ карданд ва ҳоло мушкиле надоранд.

Аммо дар як тамоси телефонӣ дар ширкати “Таҷ Пей” вуҷуди чунин мушкилро дар терминалҳояшон тасдиқ карданд. Дилфуза Шарифова, масъули шӯъбаи хидматрасонӣ ба муштариёни ин ширкат гуфт, дар ин шабу рӯз мутахассисон сари ин мушкил кор мебаранд ва мушкил муддати 2-3 ҳафтаи наздик бартараф мешавад.

Таҳлилгарони умури бонк мегӯянд, бояд кард-ридерҳои терминалҳо дубора барномарезӣ шавад, то ки терминалҳо барои таъмин ва қабули пулҳои коғазӣ бо таркибҳои нави ҳимоявӣ мутобиқ шавад. Терминалҳои электронӣ, ки мисли “робот” кор мекунанд, ҳангоми пардохт пулро қабул намекунанд.

500 терминали пардохти пули телефон мондааст

Дар баъзе кӯчаву хиёбони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон терминалҳои пардохти электронӣ фаъол аст. Сокинон тавассути ин терминалҳо ба ҳисоби телефони худ пул мегузаронанд.

Баҳори соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор терминалҳои пардохти электрониро аз гирифтани фоиз ё ҳаққи хидмат аз муштариён манъ кард. Ба дунбол ҳудуди 4 ҳазор терминали пардохти электронӣ дар саросари кишвар бо сабаби зараровар будан, аз кор монд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG