Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи дигар аз чашмаки дурбини Муҳиддин Олимпур


Намоиши аксҳои Муҳиддин Олимпур
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00
Линки мустақим

Намоишгоҳи аксҳои хабарнигор ва аккоси зиндаёд, Муҳиддин Олимпур, дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Имрӯз, 13-уми декабр, дар солрӯзи қатли хабарнигор ва аккоси зиндаёд Муҳиддин Олимпур намоишгоҳи аксҳои ӯ дар толори "Мино"-и пойтахт ифтитоҳ ёфт. Дар ин намишгоҳ сафирони Озарбойҷону Фаронса, Муҳиддин Кабирӣ -- раҳбари ҲНИТ ва аккосони тоҷику хориҷӣ иштирок карданд.

Ҳамза Камол, раиси Конуни байналмилии "Олимпур", гуфт, ин намоишгоҳ бо кумаки молии Бунёди Сорос баргузор ва дар он ҳудуди 40 акс аз бойгонии Муҳиддин Олимпур ба намоиш гузошта шудааст. Ба қавли созмондиҳандагони ин намоишгоҳ, бархе аз ин аксҳои Олимпур фурӯхта хоҳанд шуд.

Ҳамза Камол мегӯяд, ин аксҳо бештар манзараҳои мухталифи табиати Тоҷикистонро дар бар гирифта, мазмуни фарҳангӣ доранд, вале то кунун дар ҳеҷ маҷалла ё рузномаву намоишгоҳҳо нашр нашудаанд.

Муҳиддин Олимпур, ки хабарнигори бахши форсии Радиои Би-би-си дар Тоҷикистон буд, 13-уми декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе аз тарафи афроди мусаллаҳ ба қатл расид. Баъдтар чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қатли ин хабарнигори тоҷик муҳокима ва зиндонӣ шуданд.

Пас аз марги Муҳиддин Олимпур то кунун ҳудуди 7 намоишгоҳи аксҳои ӯ таҳти унвони «Гулдухтарони тоҷик», «Афғонистон аз нигоҳи дӯст», ва «Пирмардон» дар Душанбе баргузор карда шудааст.
XS
SM
MD
LG