Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Юнус роҳбари давлати муваққати Бангладеш шуд


FILES-BANGLADESH-POLITICS-UNREST-YUNUS
FILES-BANGLADESH-POLITICS-UNREST-YUNUS

Муҳаммад Юнус, иқтисоддон ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел роҳбари давлати муваққати Бангладеш эълон шуд. Шайх Ҳасина, нахуствазири собиқи ин кишвар дар пайи эътирозҳои густурда 5-уми август истеъфо дода, аз Бангладеш фирор кард.

Дафтари раёсатҷумҳури Бангладеш 7-уми август эълон кард, ки Муҳаммад Юнус дар ҷаласае ба иштироки фармондеҳи артиш, созмондиҳандагони тазоҳуроти донишҷӯён ва бархе аъзои ҷомеаи маданӣ, ҳамчун роҳбари давлати муваққат интихоб шуд.

Манбаъ мегӯяд, аъзои давлати муваққат ба зудӣ ва баъди гуфтугӯ бо аҳзоби сиёсӣ муаррифӣ хоҳанд шуд.

Муҳаммад Юнус яке аз мухолифони қадими нахуствазири собиқ Шайх Ҳасина аст ва феълан дар Порис қарор дорад. Қарор аст ӯ базудӣ барои анҷоми масъулияти роҳбари давлати муваққат ба Бангладеш баргардад.

Расонаҳои байнулмилалӣ натавонистанд бо Муҳаммад Юнус тамос гиранд, аммо яке аз роҳбарони аслии ҷунбиши донишҷӯёни Бангладеш эълом кард, ки Юнус ба қабули раёсати давлати муваққат розӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG