Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза бо СПИД дар пасманзари COVID-19. Як мубталои ВИЧ дар Тоҷикистон аз коронавирус ҷон бохтааст


Акс аз бойгонӣ

Имсол рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории СПИД дар ҳоле баргузор мешавад, ки пандемияи комилан дигаре саросари ҷаҳонро пахш кардааст. Якуми декабр рӯзи мубориза бо ин беморӣ аст.

Аз соли 1991 ба ин тараф дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор нафар ба вируси норасоии масунияти бадан ва СПИД гирифтор шуда, зиёда аз севуним ҳазори онҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҳашт моҳи гузашта тақрибан 12 ҳазору 200 кас мубталои коронавируси нав шуда, ба иттилои расмӣ, 86 кас фавтидаанд. Хабаргузории давлатии "Ховар" ба нақл аз мақомот навишт, ки яке аз ҷонбохтаҳо мубталои вируси норасоии масунияти бадан буда, солҳо бо ин беморӣ мезист.

Як масъули барномаи Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо ВИЧ/СПИД (UNAIDS), гуфт, мардум бояд таҷрибаи мубориза бо вируси норасоии масунияти баданро ба инобат гирифта, дар ёд дошта бошанд, ки "ваксинаи ба зидди COVID-19 танҳо як бартарӣ барои сарватмандон нест".

Винни Биёнимо дар изҳороте гуфт, ҷаҳон бояд аз хатоҳое, ки дар мубориза бо ВИЧ/СПИД роҳ дод, ёд бигирад, "чун миллионҳо сокини кишварҳои дар ҳоли рушд дар интизори муолиҷаву табобат ҷон доданд."

Ӯ афзуд, COVID-19 нобаробарии иҷтимоиро, ки аллакай вуҷуд дорад, боз ҳам амиқтар мекунад ва дастовардҳои ҷаҳонро, ки дар бист соли гузашта дар амри мубориза бо СПИД ҳосил шудааст, зери хатар қарор медиҳад.

UNAIDS мегӯяд, беназм шудани кори хадамоти тиббӣ дар пасманзари пандемияи коронавирус метавонад, то охири соли 2022 шумори гирифторони бемории HIV ё вируси норасоии масунияти баданро 293 ҳазор ва марги одамонро бар асари СПИД 148 ҳазор нафар бештар кунад.

Гузориши нави UNAIDS, ки дар остонаи баргузории рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД нашр шуд, мегӯяд, соли гузашта 12 миллион нафаре, ки бо ин вирус зиндагӣ мекунанд, ба дору дастрасӣ надоштанд. Дар гузориш омадааст, соли 2019 бо сабаби бад будани хадамоти зарурӣ дар саросари ҷаҳон 1,7 миллион нафар ба HIV олуда шуданд.

Винни Биёнимо дар изҳороташ инчунин аз фаъолоне ситоиш кард, ки барои мубориза бо ин вируси марговар заҳматҳо мекашанд. Вай гуфт, кори онҳо ҷомеаҳоро қавитар мекунад ва эҳсоси масъулиятро боло мебарад ва ҳамаи ин кор барои пирӯзӣ бар HIV нақши муҳим мебозад.

Биёнимо афзуд, "маҳз ҳамин нирӯ ҳоло дар қиболи COVID-19 ҳам фавқулода зарур аст".

Дар саросари ҷаҳон 38 миллион нафар бо вируси норасоии масунияти бадан ва СПИД зиндагӣ мекунанд. Бар асари СПИД аз оғози солҳои 80-ум, ки бори аввал ин беморӣ ошкор шуда буд, то ҳол 33 миллион нафар ҷон бохтаанд. Аз соли 1988 рӯзи 1-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо СПИД баргузор мешавад.

Соли 2019 шумори онҳое, ки дар Тоҷикистон бо нишонаи HIV-СПИД ба сар мебаранд, беш аз 14 ҳазор нафар, аз ҷумла, беш аз 10 ҳазор мард ва наздики 4 ҳазор зан ҳисоб шудаанд. Ин афрод аз 15-сола боло мебошанд. Соли 2017 дар Тоҷикистон 1300 мавриди гирифторӣ ба HIV ва 1000 мавриди марг аз СПИД сабт шуда буд.

Аксари гирифторон сокини Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд мебошанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG