Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти он шаҳри Душанбе, ором ва бидуни ҷашну тантанаи хосе баргузор шуд. Аз субҳ фазои идона дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба назар намерасид ва ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ кам буд. Албатта ба ҷуз чанд дӯкон ё нуқтаи гулфурӯшӣ, ки мардум барои азизони худ ба ин муносибат гул харидорӣ мекард.
Ҳарчанд гаштугузори одамон дар кӯчаву хиёбонҳо кам ба назар мерасид, аммо бинову идораҳои давлатӣ бо тоблуҳо навиштҷоти идона оро дода шудаанд. Аммо растаҳои гулфурӯшӣ ба мисли ҳарватқа пуродам буданд. Ҳарчанд гулфурӯшони Душанбе мегӯянд, ки бо фарқ аз солҳои гузашта, харидорони гул хеле кам муроҷиат мекунанд.
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти он шаҳри Душанбе, ором ва бидуни ҷашну тантанаи хосе баргузор шуд.
Икромҷон -- яке аз гулфурӯшони растаи гулфурӯшии кӯчаи Рӯдакии пойтахти дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Одамон мисли як ду соли пеш зиёд гул намехаранд. Савдо суст аст". Ӯ ин ҳолатро ба бӯҳрони иқтисодӣ рабт дод, зеро одамон ҳоло одамон дар даст пули зиёд надоранд.
Ба гуфтаи вай, ҳоло як дона гули Ҳолланди 20-25 сомони нарх дорад: «Мо шароити дар ин ҷо парвариш кардани ин гулҳоро надорем, онро аз Ҳолланд ва ё Ҳиндустон меоранд. Бо ҳавопайом меоранд, дар Маскав дар сардхонаҳо меистад баъд ба ин ҷо меоранд. Ҳамаи ин хароҷот дорад ва албатта нархаш гарон аст”.
Дар муқоиса ба дигар ҷашнҳо, ҳатто дар маконҳои аслии таҷлили чорабиниҳо, аз ҷумла, майдони 800-солагии Маскав, Кӯли ҷавонон, Боғи Дӯстии халқҳо ва Боғи устод Рӯдакӣ, аз субҳ чорабинии хосе дар иртибот ба Рӯзи Модар ба назар нарасид. Танҳо дар театри Опера ва балет як консерте ба муносибати ин ҷашн баъд аз ниммаи дуввуми рӯзи доир гашт, ки онро Россотрудничество –оҷонсии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон доир кард.
Ҳамзамон, дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоте бо фаъолзанони кишвар дар толори Кохи Борбад занону модарони тоҷикро ба муносибати идашон шодбош гуфт.
Бархе аз сокинони кишвар ба таҷлили Рӯзи Модар назари мутафовит доранд. Абдухолиқ, ҷавони 43-солаи сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, иди Рӯзи Модарон барояш беҳтарин ҷашн мебошад ва ин аст, ки вай ҳар сол дар ин рӯз субҳи барвақт бо тӯҳфа ба аёдати модар меравад ва ӯро табрик мекунад. Вай гуфт, “чун ҳамаи модарону занон дар ин рӯз дар хона ҳастанд ва ҳатман, ки табрики фарзандону наздиконро мунтазиранд, ба ин далел ҷашн гирифтани ин рӯз дар муҳити хонаводагӣ беҳтар аст. Шояд ба ин далел, Рӯзи модар ба таври оммавӣ дар кӯчаву хиёбонҳо таҷлил намешавад.”
Аммо Гуландом, ҷавонзани 36-сола ба ин назар аст, ки беҳтар мебуд то Рӯзи Модар дар канори идҳои муҳими давлативу миллӣ – Истиқлол, Наврӯз бо шукӯҳ таҷлил мешуд: “Бубинед, модар ҳастии инсоният ва неъмати худодвандӣ аст, ки болотар аз ӯ дигар неъмате нест. Агар иди занону модарон дар сатҳи оммавӣ, бо тантана ва базму хурсандӣ дар кӯчабоғҳои кишвар ва ҳатто бо баргузории ҳар гуна аксияву гирдиҳамоиҳои осоишта баргузор мешуд, ин аз боло будани қадру манзалати занону модарон дарак медод.”
Ин гуна назарҳо дар ҳолест, ки то ду соле қабл “Рӯзи Модар” – ин иди миллӣ дар сатҳи ҳукуматӣ бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардид. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ду соле пеш ҳатто пешниҳод карда буд, то дар Душанбе "Муҷассамаи модар" бунёд шавад.
Бо ин ҳам аллакай рӯзи гузашта тамоми идораву корхонаҳои кишвар занону модаронро бо идашон табрик гуфта ва барояшон тӯҳфаҳо арза доштанд. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ чун анъана ба беш аз ду ҳазор зани роҳрӯб дар ҳаҷми муодили 300 доллари амрикоӣ ироа кард. Дар гузашта Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқ низ аз кори занони роҳрӯб тавсиф намуда, онҳоро “посбони зебоиву тозагии шаҳр" унвон карда буд.
Зимнан, таърихи Рӯзи байналмилалии занон аз гирдиҳамоии занони коргари Амрико дар шаҳри Ню Йорк дар 8 марти соли 1857 маншаъ мегирад. Тақозои занҳо дар гирдиҳамоӣ коҳиши соати корӣ ва баробар кардани маоши занони коргар бо мардон буд. Ин занон тавонистанд аз тариқи эътирозоти густарда, талабҳои худро бароварда созанд. Баъдан Рӯзи байналмилалии занон аз Амрико вориди Аврупо шуда, ин рӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври расмӣ таҷлил ва рӯзи таътил маҳсуб мешуд.
Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун «Иди Бонувон» дар тамоми қаламрави Тоҷикистон барои чанд соле боқӣ монд ва ҳамчунин дар дигар мамолики муштаракулманофеъ ин сана ба унвони Рӯзи занон ҷашн гирифта мешуд. Вале дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2010 Рӯзи байналмилалии озодии занон, ки қаблан ба ҳамин ном ҷашн гирифта мешуд, табдил ба Рӯзи модар гашт. Акнун ва минбаъд дар тақвими тоҷикии мо 8-уми март бо хати сурх ба унвони Рӯзи модар ва рӯзи таътил нишон дода мешавад.