Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Допинг варзишгари муғулро аз медали тилло бебаҳра гузошт


20 августи соли 2018, рақобати миёни Орхон Пуревдорж ва Айсулуу Тинибекова
20 августи соли 2018, рақобати миёни Орхон Пуревдорж ва Айсулуу Тинибекова

Орхон Пуревдорж, варзишгар аз Муғулистон, ки дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар мусобиқа оид ба гуштии озод миёни занон дар вазни зери 62 кило медали тилло гирифт, аз ҷоиза маҳрум шуд. Ҳамакнун варзишгари қирғиз барандаи медали тилло шуд. Дар ин бора вебсайти Шӯрои олимпии Осиё хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Орхон Пуревдорж аз Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия хориҷ гардида, натиҷаҳои нишондодааш дар ҷараёни мусобиқа бекор карда шудааст.

Ин дувумин ҳодисаест, ки аз байни ширкаткунандагони Бозиҳои осиёӣ ташхис барои допинг ё дорувории нерӯбахши мамнуъ барои варзишгарон натиҷаи мусбат додааст.

Ба иттилои Шӯрои олимпии Осиё ҳангоми ташхис дар бадани варзишгарзани муғул станозолол – дорувории мамнуъ барои варзишгарон ошкор шудааст. Бар асосои қоидаҳои байналмилалӣ, медали тиллои Бозиҳои осиёӣ ба барандаи ҷойи дувум - Айсулуу Тинибекова супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, варзишгарони қирғиз дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри имсол дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд, дар 29 намуд рақобат карда, бо 20 медал (2 тилло, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ) ҷойи 22-юмро касб намуданд. Ҳамакнун Қирғизистон бо 21 медал аз он ҷумла се медали тилло, дар ҳисоби умумидастаӣ боз ду зина боло шуда, аз Кувайту Имороти Муттаҳидаи Араб пеш мегузарад.

Ин натиҷаҳои беҳтарини мунтахаби Қирғизистон дар Бозиҳои осиёист. Варзишгарони қирғиз дар Бозиҳои осиёии соли 2014 ҳамагӣ 6 медал (2 нуқраву 4 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

XS
SM
MD
LG