Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳрӯ - барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиё (7 АКС)


Варзишгари тоҷик дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи таэквондо медали биринҷӣ ба даст овард, ки панҷӯмин нишони бозиҳои Осиё барои Тоҷикистон шуд.

Моҳрӯ Ҳалимова, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи таэквондо медали биринҷӣ ба даст овард. Вай 3 октябр дар сабқати таэквондо WTF байни занон дар вазни +73 кило бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Наталя Маматова аз Узбакистон бо ҳисоби 6-2 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Вале Моҳрӯ барои ба финал баромадан аз Донгҳуа Ли аз Чин бо ҳисоби 1-7 шикаст хӯрд ва барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз шуд. Ин 5-умин медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVII Осиё ба шумор меравад.

Рӯзи 3 октябр дар Бозиҳои XVII Осиё барои варзишгарони тоҷик рӯзи охирини мусобиқот буд. Дар сабқати таэквондо Наврӯз Ҳамидов дар вазни то 54 кило байни мардон бо Яскак Елдос аз Қазоқистон рақобат карда, бо ҳисоби 5-16 шикаст хӯрд. Инчунин рӯзи ҷумъа охирин варзишгари Тоҷикистон – Сафаралӣ Давлатов - дар риштаи каратэ дар вазни то 60 кило дар даври 1/8-ниҳоӣ ноком шуд.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар 14 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII Осиё дар16 намуд - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, софт теннис, таэквондо, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ - ширкат карда, 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ) ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дар сабқати таэквондо байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кило ва Алишер Гулов дар вазни +87 кило ба мунтахаби Тоҷикистон ду медали биринҷӣ оварданд. Бояд гуфт, дар муваффақияти бузурги таэквондочиёни тоҷик мураббиён – мутахассиси кореягӣ Ҷон Ҷонг Фи ва Ҷаҳонзеб Қармишев – хеле арзанда аст.

Дар Бозиҳои XVII Осиё, ки дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ 4-уми октябр ба охир мерасанд, дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 90 варзишгар ширкат карданд. Баъди натиҷагирии 13 рӯзи мусобиқот мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин то кунун ҳамагӣ 324 медал – 142 тилло, 101 нуқра ва 81 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 216 медал - 73 нишони тилло, 68 нуқра ва 75 биринҷӣ – дар ҷойи дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 187 медал - 46 нишони тилло, 71 нуқра ва 70 биринҷӣ дар мақоми севуманд. Тими Қазоқистон бо касби 72 медал (21 тилло, 19 нуқра ва 32 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Эрон бо касби 48 медал (18 тилло, 13 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 36 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII Осиёро ба даст овардаанд ва намояндагони 26 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон, Узбакистон бо касби 41 медал (9 нишони тилло, 12 нуқра ва 20 биринҷӣ) дар ҷойи 10-ум, Тоҷикистон бо касби 4 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи 24-ум, Қирғизистон бо касби 6 медал (2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 28-ум ва Туркманистон бо касби 6 медал (1 медали нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи 29-ум қарор доранд. Инчунин мунтахаби Афғонистон бо як медали биринҷӣ дар риштаи таэквондо дар вазни то 63 кило дар ҷойи 34-ум мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои Осиё ширкат дорад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад.

Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI Осиё дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Бояд гуфт, ки шумораи медалҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик нисбат ба теъдоди медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI Осиё дар Гуанҷоуи Чин як адад беш аст, инчунин аз ҷиҳати сифати медалҳо низ натиҷаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои XVII Осиё беҳтар мебошад.

XS
SM
MD
LG