Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Раҳимзода доктори илм мешавад. ВИДЕО


Рамазон Раҳимзода аз соли 2012 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аст

Баъди ду ҳафтаи дигар генерал Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилии Тоҷикистон – ба сафи докторони илми ҳуқуқ мепайвандад. Қарор аст, ки Раҳимзода рӯзи 29-уми декабри имсол дар Комиссияи олии аттестасионӣ ва дар ҳузури олимони ҳуқуқшинос рисолаи докториашро ҳимоя кунад.

Кормандони масъули бонкҳо бидуни арзёбии рискҳо, баъзан вақт бо маслиҳати пешакӣ ва бе маҳдудият ба додани қарзҳо мусоидат кардаанд

Мавзӯи рисолаи доктории Рамазон Раҳимзода “Фаъолияти ҷустуҷӯӣ-оперативӣ барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти назариявӣ, методология ва таҷриба (таҳлили таърихӣ- ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ)” аст. Рисолаи 582-саҳифаии Рамазон Раҳимзода ба доираи олимони ҳуқуқшинос тақсим шудааст.

Ин рисоларо дар Шӯрои илмии ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасвиб ва барои ҳимоя ба Комиссияи олии аттестатсионӣ пешбарӣ кардаанд.

Рисолаи нав

Абдураҳим Холиқзода
Абдураҳим Холиқзода

Абдураҳим Холиқзода – вакили порлумон ва собиқ раиси Кумитаи дин, Аида Куманалиева – устоди Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ва Рамон Ромашев – профессори Донишгоҳи гуманитарии иттифоқҳои касабаи шаҳри Санкт-Петербург ба кори илмии Раҳимзода тақриз навиштаанд. Абдураҳим Холиқзода гуфтааст, "рисолаи муаллиф самти наверо дар консепсияи сиёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар соҳаи ҳимояи амнияти иқтисодии Тоҷикистон дар илми ҳуқуқ боз мекунад".

Тақризнависҳои дигар низ рисолаи илмии Рамазон Раҳимзодаро, “нав” ва “хеле мубрам” арзёбӣ кардаанд.

Рамазон Раҳимзода доктори илм мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:16 0:00

Буҳрони бонкҳо аз куҷо сар шуд?

Чун мавзӯи рисолаи доктории Раҳимзода амнияти иқтисодии Тоҷикистон аст, вазир ба буҳрони бонкҳо дар кишвар низ рӯ оварда, сабабҳои сар задани ин буҳронро зикр кардааст.

Ӯ гуфтааст, “мушкили саривақт бознагаштани қарзҳои бонкӣ дар кишвари мо, бинобар фаро расидани буҳрони байналмилалии молиявӣ сар зад, ки дар натиҷаи он шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ осемасар ба гирифтани қарзҳои калон пардохтанд. Ин боиси нокомии молиявӣ дар низоми бонкии ҷумҳурӣ шуд. Кормандони масъули бонкҳо бидуни арзёбии рискҳо, баъзан вақт бо маслиҳати пешакӣ бе маҳдудият ба додани қарзҳо мусоидат кардаанд.”

Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк"
Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк"

Рамазон Раҳимзода дар ҳоле ба шарҳи омилҳои сар задани буҳрони бонкӣ рӯ меорад, ки инак чаҳор сол боз чаҳор бонки Тоҷикистон дучори буҳрон гашта, дар ин муддат ду бонк – “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” муфлис эълон шуданд.

"Беш аз ду миллиардро баргардондем"

Дар идома вазир саҳми Вазорати корҳои дохилиро дар ҳалли буҳрони бонкӣ зикр кардааст, ки дар бозгардони қарзҳои муштариҳо ба бонкҳо кумак кардаанд.

"Танҳо дар соли 2017-2018 бо иштироки бевоситаи ҳайати кормандони фаврии раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутшаккили ВКД ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни шахсони ҳуқуқиву воқеӣ (ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ)… 2 миллиарду 551 миллиону 837 ҳазору 216 сомонӣ қарзҳо ба чаҳор бонк боз гардонида шуд”, - афзудааст ӯ.

Рамазон Раҳимзода 7 сол боз вазири корҳои дохилӣ аст ва дар чанд ҷое аз рисолааш зикр кардааст, ки вазорат дар амри мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ рӯз ба рӯз шакл иваз мекунад ва ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад.

Аз ин рӯ, вазир дар ин рисола масъалаи дубора барқарор кардани раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар ВКД-ро матраҳ кардааст.

Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ: Бошад ё набошад?

Дар доираи ин тадқиқот вазир аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ пурсидааст, ки то куҷо дубора барқарор кардани раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодиро дар назди Вазорати корҳои дохилӣ зарур медонанд? Ба навиштаи ӯ, беш аз 70,3 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки таъсиси чунин шӯъба дар сохтори ВКД зарур аст.

Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар ВКД соли 2007 бо амри раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барҳам хурд ва ба ҷойи он Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфт.

Дар шарҳи ин тасмими хеш президент Раҳмон гуфт, ки масъулони раёсати ВКД гардиши маблағҳои соҳибкоронро тариқи бонкҳо назорат карда, аз онҳо “доля” меситониданд ва аз ин рӯ ин раёсат барҳам дода шуд.

Аз шеъри Ниҳонӣ то намоишнома

Генерал Рамазон Раҳимзода дар баробари таълифи чанд китоби илмиву таълимӣ дар арсаи криминилистика ва кофтукоби фаврӣ, шеър ҳам менависад. Маҷмӯи шеърҳои Раҳимзода таҳти тахаллуси эҷодии Ниҳонӣ ба чоп расидааст.

Бархе аз шеърҳои вазир бо тахаллуси Ниҳонӣ дар саҳифаҳои матбуот ҳам ба чоп мерасанд. Як шеъри Ниҳонӣ бо номи "Ту меарзӣ"-ро, ки зоҳиран ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, овозхони шинохтаи тоҷик Сурайёи Қосим бо духтараш Шабнам сароидаанд.

Раҳимзода ҳамчунин пйеса ва матни намоишномаҳои театрӣ низ эҷод мекунад. Моҳи августи имсол Театри академӣ-драмавии ба номи Аблуқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи асари Раҳимзода намоишномаи "Дили модар"-ро таҳия кард, ки ба мубориза бо терроризм бахшида шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG