Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкл Фелпс - барандаи 21 медали тиллои олимпӣ. АКС


Олимпиадаи Рио на танҳо қаҳрамонҳои маъмулӣ, балки қаҳрамонҳои фавқулоддаро ҳам кашф мекунад. Рӯзи сешанбе шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс танҳо қаҳрамони олимпие гардид, ки 21-умин медали тиллои худро ба даст овард. Дар шиноварӣ ба тарзи баттерфляй Фелпс фосилаи 200-метраро дар 1 дақиқаву 53,36 сония сипарӣ карда мақоми аввалро касб кард. Натиҷаи ӯ 0,04 сония пештар назар ба нишондоди рақибаш аз Ҷопон Макато Сакаи буд. Ин медали 20-уми олимпии ӯ буд ва шоми он рӯз баъди чанд соати дигар дар ҳайати мунтахаби ИМА Фелпс дар эстафетаи 200-метра бо шакли озод ба бурдани медали 21-уми олимпӣ мушарраф гардид.

Рақобатҳои Рио панҷумин бозиҳои олимпии Фелпс мебошад. Исми Фелпс дар таърихи варзиш ҳамчун барандаи рекордии медалҳои тиллои олимпӣ навишта хоҳад шуд.

Фелпс 31 сол дошта дар ӯро инчунин бо лақаби “моҳии паррон” ҳам мешиносанд. Аз шодии беандоза ин “моҳии паррон” қариб буд медалҳои худро бо дандон шикоф мекард ва баъдан дар ғояти шодӣ арӯсаш Никол Ҷонсон ва писарашон Бумерро ба оғӯш кашид.

Танҳо дар бозиҳои Рио Фелпс ба 3 медали олимпӣ ноил шуд. Рӯзи душанбе медали 19-уми тиллои ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби ИМА ба ҳангоми иҷрои барномаи озоди шиноварӣ ба даст омад.

Майкл Фелпс-қаҳрамони 21-каратаи бозиҳои олимпӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

Дар рақобатҳои олимпии рӯзи 10 август ҷудочии ингуш Ҳасан Холмирзоев (Русия) дар рақобат бо варзишгари амрикоӣ Тревис Стивенс ҷои аввал ва медали тиллои олимпиро ба даст овард. Рӯзе аз ин пеш шиновари рус Юлия Ефимова мақоми дуюм ва медали нуқраро ба даст овард. Вале ин шодии варзишгари русро интиқоди барандаҳои ҷоизаи тилло ва биринҷии ҳамин мусобиқот - Лилли Кинг ва Кэти Мейли амрикоӣ тира карданд.

Ҳасан Холмирзоев
Ҳасан Холмирзоев

Онҳо истеъмоли допинг аз ҷониби Ефимоваро дар гузашта ёдовар шуда ӯро табрик накарданд. Ефимова аз ин ҳамла гиряолуд шуд. Каме дертар баъди ин варзишгарони амрикоӣ аз ӯ узр хостанд.

Карина Горичева, вазнабардори қазоқистонӣ дар рақобатҳои дирӯза соҳиби ҷои сеюм ва медали биринҷӣ шуд. Ин медали сеюми олимпии Қазоқистон аст.

Дар маҷмӯъ то имрӯз дар садри феҳрасти ҷоизадорҳои олимпӣ – мунтахаби ИМА бо 9 медали тилло, дар ҷои дуюм Чин бо 8, дар ҷои сеюм Венгрия бо 4, дар ҷои 5-ум Австралия бо 4 ва Русия бо 3 медали тилло дар ҷои панҷум қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG