Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Месси беҳтарин футболбози сол бо фарзияи FIFA эълон шуд


Лионел Мессии 32-солаи аргентинӣ, ҳамлагари тими "Барселона"-и Испания, беҳтарин футболбози сол бо фарзияи Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) эълон шуд.

Маросими супурдани ҷоизаҳои FIFA (The Best FIFA Football Awards 2019), 23-юми сентябр дар театри "Ла Скала"-и шаҳри Милани Италия доир гардид. Дар ин бора сомонаи FIFA хабар додааст.

Месси барои дарёфти ин ҷоиза аз ҳамлагари "Ювентус"-и Италия Криштиану Роналдуи португолӣ ва ҳимоятгари "Ливерпул"-и Англия Вирҷил ван Дейки ҳолландӣ пеш гузашт.

Месси мавсими гузашта ҳамроҳ бо "Барселона" қаҳрамони Испания гардидааст. Ӯ дар ин мусобиқот 36 гол зада, ҷоизаи "Бутсии тиллоӣ"-ро, ки ба беҳтарин голзани ҳамаи мусобиқаҳои миллии қаҳрамонии Аврупо тақдим мегардад, ба даст овардааст.

Инчунин вай ҳамроҳ бо "Барселона" то нимфинали Лигаи қаҳрамонҳо баромад ва дастааш аз "Ливерпул" (3:0, 0:4) шикаст хӯрд. Месси дар таркиби мунтахаби Аргентина ҷоизадори биринҷии Ҷоми Амрико дар соли 2019 гардидааст.

Ба ин тартиб, капитани "Барселона" Месси аз рӯи теъдоди ҷоизаҳои FIFA аз Криштиану Роналду пеш гузашт.

Роналду дар мавсими 2018/19 ба унвони қаҳрамони Италия даст ёфта, то чорякфинали Лигаи қаҳрамонҳо роҳ пайдо намудааст, ки дар ин марҳила "Ювентус" аз "Аякс"-и Ҳолланд (1:1, 1:2) мағлуб шуд. Инчунин ӯ дар ҳайати тими миллии Португалия ғолиби Лигаи миллатҳо гардидааст.

Ван Дейк бошад, дар мавсими гузашта дар ҳайати "Ливерпул" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардида, дар қаҳрамонии Англия баъди "Манчестер Сити" мақоми дувумро касб намуд. Аз ин пеш Ван Дейк барандаи ҷоизаи беҳтарин бозигари мавсим бо фарзияи Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи аврупоӣ (UEFA) гардида, Месси ва Роналдуро ба қафо гузоштааст. Ин бозигари 28-сола моҳи июл дар ҳайати мунтахаби Нидерланд ба финали Лигаи миллатҳои УЕФА баромад, ки дастааш аз мунтахаби Португалия (0:1) мағлуб шудааст.

Дар озмуни имсола ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Эден Азар ("Челси"/"Реал"), Фрэнки де Йонг ("Аякс"/"Барселона"), Ҳарри Кейн ("Тоттенҳэм"), Маттейс де Лигт ("Аякс"/"Ювентус"), Садио Мане ва Муҳаммад Салоҳ (ҳарду аз "Ливерпул") ва Килиан Мбаппе ("ПСЖ") дохил шуданд.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли гузашта Лука Модрич, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Хорватия ва бозигари бошгоҳи "Реал"-и Мадрид, беҳтарин бозигари сол бо фарзияи FIFA эълон шуда буд.

Ҳамчунин дар The Best FIFA Football Awards 2019 ғолибонро аз рӯи номинатсияҳои дигар муайян карданд. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабон ба Алиссон ("Ливерпул"), беҳтарин мураббӣ ба Юрген Клопп ("Ливерпул"), беҳтарин дарвозабон миёни дастаҳои занона ба Сари ван Венендал ("Арсенал"/"Атлетико") аз мунтахаби Ҳолланд, беҳтарин мураббии дастаҳои занона Ҷилл Эллис (мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), беҳтарин футболбоззан ба Меган Рапино аз бошгоҳи футболи "Рейн" супурда шуд.

FIFA беҳтарин футболбозони солро аз соли 1991 эълон мекунад.

Аз соли 2010 то соли 2015 FIFA ҳамроҳ бо маҷаллаи France Football ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро тақдим мекард, аз соли 2016 боз ба ҷоизаи худ баргашт.

Лионел Месси то соли 2019 панҷ бор бозигари сол эътироф шуда буд. Криштиану Роналду низ панҷ бор барандаи ҷоизаи FIFA гардидааст. Ҳамин тариқ, Месси аз рӯи ин унвонҳои инфиродӣ футболбози португалиро ба қафо гузошт.

XS
SM
MD
LG