Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президенти AFC бо Рустами Эмомалӣ


Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар доираи сафари кориаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе ташриф овард. Ӯ бо раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ мулоқот кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон , раҳбарони AFC ва CAFA дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъдаро ҷиҳати рушди футбол дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.

Шайх Салмон аз рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастоварди мунтахаби наврасони кишвар дар қаҳрамонии Осиё изҳори хушҳолӣ намуда, гуфт, "барои ман ин сафар ба Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ҳар замоне ба Душанбе меоям, хушҳол мешавам, ки мо якҷоя барои ҳалли масъалаҳои муҳим ҷиҳати рушди футбол дар Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳем. Ин ба манфиати футболи осиёист. Боиси хушнудист, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар тӯли солиёни зиёд натиҷаҳои мусбат нишон медиҳад."

Раҳбари футболи қораи Осиё, инчунин иброз дошт, ки дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро дар гурӯҳи "F" бомуваффақият оғоз намуда, бар тимҳои миллии Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуд.

Шайх Салмон ҳамчунин ба дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки тирамоҳи имсол қораи Осиёро дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия намояндагӣ мекунад, барори кор хост.

Рустами Эмомалӣ аз дастгирии президенти Конфедератсияи футболи Осиё барои рушди футбол дар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки ФФТ ва CAFA барои ҳамкориҳои судманд бо AFC ҷиҳати пешрафти футболи Осиё ҳамеша омодаанд.

Дар ин мулоқот, инчунин раҳбари Федератсияи футболи Ҷанубу Шарқи Осиё генерал-майор Хиев Саметҳ ширкат дошт.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, 24-уми апрели имсол президенти нави Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст. Бархе аз коршиносон бар инанд, ки мақоми давлатии ӯ ва фарзанди президент буданаш барояш имконият додааст, ки дар рушди футболи тоҷик саҳм гирад.

XS
SM
MD
LG