Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Масъалаи 2022". Ҳалли он на 2х2 аст, тавре пиндошта мешавад


Эмомалӣ Раҳмон ва писари ӯ Рустами Эмомалӣ, Душанбе, 10 июли соли 2020

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ҳоло номаълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо чӣ барномае ба интихоботи президентии ноябри имсол вориди корзор мешавад. Мисле, ки ҳарифи тавонмандеро низ дар баробари ӯ дар ин маърака интизор надоранд. Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз соли 2013, ки низ интихоботи президентӣ доштем, дар муҳити коршиносиву таҳлилӣ аз “мушкилоти 2022” сӯҳбатҳое оғоз шуду зуд хомӯш гашт. Инҷониб ҳам матлабе дар кадом нашрияи фаъоли вақт навишта будам. Яъне баррасии мавзӯи интиқоли қудрат дар ҳамон давра ба гунаи ошкору нимаошкор сурат гирифт.

Тибқи ин фарзия, гуфта мешуд на танҳо дар интихоботи соли 2013, балки 2020 ҳам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, ғолиб меояд ва пас аз ду сол ба нафъи вориси худ истеъфо дода, роҳро барои ҷавонон боз мекунад.

Ҳоло ин мавзӯъ мешавад гуфт, дигар ошкоро матраҳ мешавад. Ба ҳар сурат, таҳлилгарони наздик ба ҳукумат ба қудрати сиёсӣ расидани Рустами Эмомалиро пас аз Эмомалӣ Раҳмон, ягона роҳи дуруст ва аз нигоҳи мантиқу дурнамо воқеӣ арзёбӣ мекунанд. Масалан, мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо менависад, ки “на дидгоҳҳои арзишманди дар доираи категорияҳои технократӣ, ислоҳталабӣ ва анъанавию фарҳангӣ шарҳ додани мавзӯъ, на талошҳои самимии бо эҳсосоти ихлосмандона ифода намудани масъала ва бештар аз ҳама, на шарҳҳои муғризонаи дар сатҳи мафҳумҳои моддию дарборию оилавӣ тафсир кардани он наметавонанд моҳияти сиёсии ин рӯйдоди муҳими сиёсиро дар раванди давлатдорӣ дуруст шарҳ диҳанд. Зеро ин масъала барои низоми сиёсии Тоҷикистон ва рушди давлатдории миллии мо маъно ва аҳамияти басе васеътар аз мафҳуму категорияҳои зикршуда дорад”.

Воқеан, фарзияи ба ҷои падар ба курсӣ нишастани Рустами Эмомалиро замоне ҷиддитар ба баррасӣ гирифтанд, ки ӯ раиси Хадамоти гумрук таъин шуд. Ин мансаби аввалини ҷиддиву сиёсии ӯ ба ҳисоб мерафт. Ҳарчанд хулосаи нахустинро бархе аз таҳлилгарон аз рӯзи қасамёдкунии президент пас аз интихоботи соли 2013 бардошта буданд. Онҳо дар ишора ба ҳолати рухдодаи пас аз маъракаи асосӣ гуфтанд, ки паёми аслӣ дода шуд. Гап сари ин мерафт, ки Эмомалӣ Раҳмон аз минбар поин рафт ва аввалан бо Рустам ва чанд хешу табори дигараш, ки раддаи аввал нишаста буданд, даст дароз карду бо ҳамин толорро тарк намуд.

Феврали соли 2017, пас аз як моҳи таъини Рустами Эмомалӣ ба сифати шаҳрдори Душанбе ва ташкили маъракае, ки онро мулоқот бо фаъолони пойтахт унвон карданду дар асл элитаи ҳукмрон ҷамъ шуда буд, дар доираҳои коршиносӣ мегуфтанд асли ин маърака додани паём ба дигарон дар масъалаи усулии интиқоли қудрат аст.

Дар робита, бархе таҳлилгарон мегуфтанд, ки барои ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон ин паёми мусбат аст. Зеро гурӯҳҳои дигари «чашмчор» акнун осуда хоҳанд шуд ва барои қудрат муборизаи ошкор намебаранд. Албатта, ин танҳо як бардошт аст. Таҷрибаи кишварҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ки чунин қолаби интиқоли қудрат мушкилоти дигарро ба миён овард.

Ҳоло, агар чунин низоми тағйирёбии ҳокимиятро дар мо муҳим мешуморанд, бояд муҳимтарин масоилеро баррасӣ кард, ки барои ҳукумати имрӯзу оянда, фикр мекунам, корсоз хоҳанд буд.

Мушкилоте, ки Раҳмон аз онҳо гузашт

Тоҷикистон бидуни шак мушкилоти зиёде дорад. Бӯҳрони коронавирус то ҷое ҳукуматро метавонад ба он мулоҳиза бубарад ва худро осуда тасаввур намояд, ки дар ҳама ҷомеа ва ҳукуматҳо мушкилоте вуҷуд доштааст ва онҳоро ғофилгир намуд. Вале ин ҳам воқеият аст, ки дар доираҳои таҳлилӣ бӯҳрони COVID-19 ба маънои ислоҳталабии низомҳои мавҷуда фаҳмида шуда, дунёи пас аз коронавирусро дигаргуна баррасӣ мекунанд.

Бар иловаи ин мушкилоти эҳтимолӣ дар давлатҳои низомашон собит, барои кишварҳое чун Тоҷикистон, ки ҳукуматҳои дарозумр доранд, масоили ҳалношуда аз пешин боқӣ мондаанд. Пештар ҳам коршиносон мегуфтанд, ки вобаста ба ҳолати доштаамон мушкилоти Тоҷикистон начандон зиёд ва на он қадар ҷиддист. Ба таври дигар, мардуми мо талаботи сахт надоранд: дастрасӣ ба нерӯи барқи сартосарӣ (пас аз соли 2017 ин масъала қисман ҳалли худро пайдо кард), ташкили ҷои кори муносиб, маоши арзанда, барҳам задани фасод...

Дар ин баробар мавзӯе, ки ба он бархӯрди то ҷое асабонӣ эҳсос мешавад, ин “дасти дароз” доштани “одамони хос” ва имконоти маҳдуди дигарон аст. Ин мавзӯъ вижагиҳое дар худ дорад.

Масалан, ҷараёни ҳодисаҳои марбут ба Гулнора Каримова, духтари калонии президенти ӯзбек Ислом Каримов, метавонад ҳатто андешаеро ба бор биёрад, ки дар кишварҳои минтақаи мо «мақоми дахлнопазирӣ» хеле ноустувор аст.

Агар ба таърихи 28 соли ахири Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намоем, мебинем, ки шумори онҳое, ки аз имиҷи «қаҳрамонӣ» ба «душмании миллат» мақом иваз кардаанд, кам нестанд. Танҳо ёдоварӣ аз тақдири номдорони замони ҷанги шаҳрвандӣ Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Хӯҷа Каримов, Маҳмуд Худойбердиев, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Ҳабиб Насруллоев, Қувват Султон ва дигарон кифоят аст, ки фаҳмида бошем мо кадом мавзӯи ҷиддиро пайгирӣ дорем.

Дар назари аввал пайдоиши ин ҳолатҳо гӯё чизи наве нест ва ҳамон тавре англисҳо мегӯянд, «сиёсат дӯст ва душман надорад. Он танҳо манфиатро мебинад».

Пас, агар то андозае амбитсияҳои сиёсӣ пайдо кардани Ёқуб Салимову Қувват Султонро дар мисоли ташкил намудани ҳизбҳои сиёсиашон (Ҳизби ҷумҳурихоҳони Салимов ва Ҳизби тараққиёти Қувват Султон) ва ба ин восита «зарар расондан ба манфиатҳо» фаҳмида бошем, қазияҳои бамиёномада дар робита бо Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Маҳмуд Худойбердиев, Ғаффор Мирзоев, Ҳабиб Насруллоев ва дигарон ба паҳлуи дигар иртибот мегиранд.

Албатта, сабабҳои аслии кушта шудани Сангаку Файзалӣ дар моҳи марти соли 1993 (замони начандон қавӣ будани ҳукумат) то ҳанӯз танҳо аз рӯи фарзияҳо баҳогузорӣ мегардад ва дар рух додани он «изи хориҷӣ» мекобанд. Зеро ин ду нафар гӯё то андозае худро тавонманд медиданд, ки намехостанд дигар ҳарфи касеро гӯш кунанд, аз ҷумла машваратчиёни таъсиргузори берунаро. Дар ин замина гӯё «нерӯи сеюм» ҳузури онҳоро дигар нозарур донист.

Аз сӯи дигар, кушта шудани ин ду пешвои Фронти халқӣ метавонист ба вазъи умумии иҷтимоии он замон таъсири амиқ гузорад ва ҳолатро ба нафъи яке аз кишварҳои манфиатхоҳ (дар он шабу рӯз Русия ва Ӯзбакистонро чунинҳо медонистанд) ҳал кунад. Ҳукумати вақт тавонист вазъро дар муддати кӯтоҳ бо душворӣ ҳам бошад, зери контроли нисбӣ бигирад. Аммо, чун масъалаи бунёдӣ ҳал нашуда буд ва ҳукумат он замон ин имконро надошт, пас аз ду сол Маҳмуд Худойбердиев аз худ дарак дод ва пеши ҳукумат ултиматумҳои ҷиддӣ гузошт. Аз ҷумла, истеъфои муовини аввали сарвазир Маҳмадсаид Убайдуллоевро, ки аз чеҳраҳои калидии ҳукумат буд. Ҳукумат он вақт зарур донист, ки ба ин шартҳо посухи мусбат бидиҳад. Вале бо гузашти чанде «қазияи Хӯҷа Каримов» ба миён омад. Ин «разбор» ҳам барои як муддат ба нафъи «ҷабрдидаҳо» ҳал шуд. Баъдан Худойбердиев ва Каримов аз Тоҷикистон фирор намуданд...

Соли 1997, замони наздик шудани созишномаи сулҳ бо мухолифини низомӣ-сиёсӣ авзоъ аз нав шиддат гирифт. Тавре баъдтар доираҳои огоҳ навиштанду гуфтанд, сабаб он буд, ки хеле аз қумондонҳои ҷониби ҳукумат аслан зидди ин созиш буданд. Ба таври дигар, вазъи ҳукмрон онҳоро комилан қаноат медод ва дар сурати ба Ватан баргаштани мухолифин сенария метавонист иваз гардаду манфоеи онҳо зарар бинад. Сабабҳои пайдоиши ихтилофи нав аз ҷониби Маҳмуд Худойбердиевро, агар аз як ҷониб маҳз ба ин нукта пайванд диҳанд, аз сӯи дигар ба мавқеи номуайну номушаххаси ҳукумати Ислом Каримов нисбат медоданд, ки намедонист дар қазияи сулҳи тоҷикон чӣ мавқеъ бигирад, то манфиатҳои худро то охир ҳимоя карда тавонад. Аз ин ҷост, ки тавре дар таърихномаҳо омадааст, Тошканд чандин бор сарварони ИНОТ-ро дар сатҳи баланд қабул кард. Ин дар ҳоле буд, ки ҳукумати Каримов чанд сол пеш аз он ҳукумати Раҳмонро ба торумор кардани ин нерӯҳо таҳрик медод ва мегӯянд, дар ин кор кӯмак ҳам мекард. Яъне гардиши якбораи ҳодисаҳои Тоҷикистон ҳукумати кишвари ҳамсояро бесаранҷом сохта буду намедонист бо кадом васила риштаи асосиро ба дасти худ бигирад.

Дар ин миён пайдо шудани қазияи Ёқуб Салимов барои бисёриҳо тасаввурнопазир менамуд. Зеро ӯро то ин замон яке аз наздикон ва шарикони асосии ҳукумат, аз ҷумла президент Раҳмон медонистанд. Аз ҷониби дигар, нуфузу мартабаи Ёқуб дар он замон бештар аз ҳар каси дигар буд. Лиҳозо, ҳатто атрофиёни ҳукумат ҳам, ба эҳтимоли зиёд, намедонистанд дар қазияи баамаломада чӣ мавқеъ бигиранд. Шоҳидони ҷаласаи изтирории баррасишудаи ҳолат нақл мекунанд, ки ҳатто дар байни генералитети вақт дар ин робита ҳусни тафоҳум вуҷуд надошт. Дар натиҷа президент гӯё ба аксуламали ногаҳоние даст задааст, ки танҳо бо дахолати худораҳматии Ҳумдин Шарипов ва Сайдамир Зуҳуров роҳи ҳал пайдо намуд.

Мушкилоте, ки онҳоро ҳоло ҳам ҷиддӣ намебинанд

Воқеан, ончиро гуфтем, ба замоне дахл надошт, ки дар Тоҷикистон масъалаи «сиёсишавии оила»-ро рӯшан бубинанд. Ин масъала баъдтар, аниқтараш пас аз соли 2000-ум ва бааъди ба сулҳи нисбӣ расидани кишвар пеш омад.

Ҳарчанд “дасти дарози” пайвандони раҳбарон пеш аз президент Каримов ҳам дар кишварҳои Осиёи Миёна, ки то ҳанӯз дар баъзеашон ҳукуматҳои дарозумр фаъол аст, мушкилоти дигар ба бор овард. Хоса дар Қазоқистон ва Қирғизистон. Ба фарзи мисол, Роҳат Алиев -- домоди Нурсултон Назарбоев бо истифода аз “мавқеъ ва имтиёз” дар ҷавонӣ ба зинаҳои болоии қудрат расид ва дороии зиёде ҳам гирд овард. Вақте, ки аз чунин мавқеъ дар худ қудрату тавоноиро эҳсос кард, ҷоҳталабӣ ва шаҳди қудрат ӯро ба ҷое расонд, ки акнун мехост ба курсии падарарӯс даст дароз кунад. Ҳодисоти баъдӣ нишон доданд, ки нақшаи Назарбоев дигар буд.

Аз ин рӯ, ҳама роҳҳову дарҳоро бар рӯи домод баст ва духтарашро водор кард, ки аз Роҳат ҷудо шавад. Дар натиҷа Алиев на танҳо ба душмани шахсии Назарбоев ва хонаводаи вай табдил ёфт, балки ахиран дар зиндони Австрия кушта шуд. Ин маънои онро дорад, ки собиқ домодаш кадом «қоидаи бозӣ»-ро вайрон кардааст. «Сархӯр» -и Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев – собиқ раҳбарони Қирғизистон ҳам маҳз фарзандону пайвандонаш гашта буданд. Дар асл, ҳарчанд Акаев бо тасмимҳои демократӣ дар оғози раҳбариаш дар миёни раҳбарони Осиёи Миёна вирди забонҳо буд, детар бо додани имтиёзҳои бештари тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ ба аъзои хонаводааш ва бо овардани чанд узви хонаводааш ба парлумон дар соли 2005, ба нокомии сиёсӣ ва шӯриши мардумӣ рӯбарӯ шуд. Зеро масъала то ҷое ҷиддӣ гардид, ки ҳамсари Акаев, ҳарчанд мансаби давлатие надошт, гуфта мешавад, он қадар имтиёзҳое дошт, ки мардум бо шиори «Майрам Акаева, истеъфо!» ба кӯчаҳо мебаромаданд. Ин ҳолат ба Боқиев дарси ибрат нашуд ва пас аз 5 сол ӯ бо ҳамон наҳвае, ки ба қудрат омада буд, на танҳо қудратро супурд, балки аз мамлакат фирорӣ гашт...

Дуруст аст, ки мавзӯъ дар мо то ин ҳадди бӯҳронӣ нарасидааст. Аммо воқеотеро ҳам паси сар кардаем, ки фикрзоанд. Яке бармехӯрад ба ҳаводиси моҳи майи соли 2008, ки ҳарчанд баррасии оммавӣ надошт, аммо вуҷуд доштани масъалаҳоеро ошкор мекард.

Воқеаи дигар, пас аз як сол - тобистони соли 2009 рух дод, ки дар натиҷа бо марги мармузи прокурори генералӣ, роҳбари Дастгоҳи президент ва вазири собиқи корҳои дохилӣ Маҳмадназар Солеҳов анҷом ёфт. Ин замоне буд, ки хабаргузориҳои русӣ Солеҳовро «президенти ояндаи Тоҷикистон» муаррифӣ мекарданд...

Чаро ин масоил бояд то соли 2022 роҳи ҳал пайдо кунанд?

Ин дар назари аввал чунин менамояд, ки Рустами Эмомалӣ баъди ба қудрат расидан, ба курсии “беташвиш” хоҳад нишаст. Ҳодисаҳои ёдшуда аз хориҷу дохил баёнгаранд, ки мушкил метавонад ногаҳонӣ ва ғофилгир пеш ояд.

Дар робита, ҳал ва баррасии се масъаларо, фикр мекунам, аз ҳоло бояд ҷиддӣ гирифт:

  1. Сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтаро набояд чунин маънидод кард, ки бояд бо як даст Русияро бидорем, бо дасти дигар ҷаҳони Ғарб ё Чину кишварҳои арабро. Тоҷикистон чунин қудрат надорад. Аз ин рӯ, аз лиҳози стратегӣ бояд мушаххас кард, ки ба кӣ авлавияти бештар медиҳем.
  2. Дар масъалаи сиёсати дохилӣ бояд дуруст дарк шавад, ки мардум танҳо аз ҷонибдорони ҳукумат дар шакли амалкунанда иборат нест. Бояд эътироф кард, ки дар Тоҷикистон шахсиятҳои дигаре ҳастанд, ки мардум онҳоро қабул дорад ва бовар мекунад. Акнун бо принсипи «танҳо ман ҳаққам!» ба ҷое расидан душвор аст. Ҳоло бояд ин шахсиятҳоро расману самимона эътироф кард ва барои рушди кишвар истифода намуд. Шарт нест, ҳамаи онҳо соҳибвазифа шаванд. Муҳим ин аст, ки маънову паёми “командаи нав” рӯшантар гардад.
  3. Мавзӯи асоситарин ин тезиси “ҳукумати қонун” хоҳад буд. Ин чунин маъно дорад, ки мардумро ба “худиву бегона” ҷудо кардан мумкин нест. Қонунро ҳамагӣ, чӣ ягон хешу табор, ё одами дигар ва ҳатто дигарандеш, агар вайрон кард, бояд муҷозот шавад. “Дасти дарози одамони хос” дар дороиҳои кишвар ба одамон на танҳо хуш намеояд, балки онҳоро аз эҳсоси воқеии ватандорӣ канортар мебарад. Аз ин бештар, таҷрибаи таърихӣ исбот намудааст, ки “одамони хос” на танҳо ба ҳич ҳукумат кӯмак намерасонанд, балки хатарзо хоҳанд буд. Ҳам ба ҳукумат, ҳам ба низоми давлатдорӣ.

Пас чӣ ҷои фикр дорад?

Ё дорад?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (17)

XS
SM
MD
LG