Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани бозори "Ганҷина" (ВИДЕО)


Субҳи имрӯз, чоршанбеи 19 феврал даҳҳо соҳибкори бозори "Ганҷина" дари бозорро баста дарёфтанд.

Масъулони бозори "Ганҷина", воқеъ дар ҷануби Душанбе, рӯзи 19 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баста будани бозор ба мушкилоти риоя нашудани қавоиди оташнишонӣ ва ҳамчунин ба "рӯзи санитарӣ" рабт дорад.

Кормандони фаннии бозори "Ганҷина" дар пайи бартарафсозии мушкилоти оташнишонӣ буда ва иқдомотеро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бехтараиии оташнишонӣ рӯи даст доранд. Ба гуфтаи ин масъулон, фаъолият дар бозори "Ганҷина" муддати як рӯз қатъ карда шуда ва соҳибкорон низ ҳаққи фурӯшро нахоҳанд дошт. Ин ҳам дар ҳоле, ки даҳҳо тан аз тоҷирони бозори "Ганҷина" ба умеди боз шудани бозор ва фаъолият карданро дар назди бозор мунтазир ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, бозорҳои "Саховат" ва "Панҷшер", ки дар қабати бозори "Ганҷина" воқеъ ҳастанд, фаъоланд ва тоҷирони низ ба кори савдо машғуланд. Зимнан, гуфта мешавад, танҳо дар бозори "Ганҷина" беш аз 200 фурӯшанда ба тиҷорат машғул аст. Ин бозор аз дӯконҳои маъмулӣ ва мағозаҳо ё супермаркетҳои дуошёна иборат аст.

Баста шудани бозори "Ганҷина" ба сабаби мушкили оташнишонӣ дар ҳолест, ки фурӯшандагони бозори "Саховат", дар паҳлуи бозори "Ганҷина" дар моҳи декабри соли гузашта ҳудуди як моҳ моҳ бе барқ фаъолият карданд. Аз сӯи дигар, фасли зимистон хатари сар задани сӯхтор дар бозорҳоро низ пеш меорад.

Муддати як моҳи пеш ба сабаби расиши ноқили барқ дар бозори "Саховат" -и шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа хисороти сангини молӣ дар пай дошт. Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб маблағи тахминии амволи зарардидаро 2, 8 миллион сомонӣ гуфтанд. Дар пайи ин сӯхтор 96 дӯкон, 382 нуқтаи фурӯш ва дар маҷмӯъ 668 соҳибкор зарар дидаанд.

Шаҳрдорӣ ваъда дод, ки қисмати осебдидаи бозори "Саховат"-и Кӯлоб то ҷашни Наврӯз аз нав бунёд карда шавад, ки раёсати "Тоҷикматлубот" ин масъулиятро ба дӯш гирифтааст. Дар ҳамин ҳол барои бунёди қисмати сӯхтаи бозор маблағи 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Баста шудани бозори "Ганҷина"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00
XS
SM
MD
LG