Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси Русия рафтан. Тоҷик 50 соли дигар муҳоҷир мемонад?


Мудири як мактаб дар ноҳияи Файзобод, ки ҷорӣ шудани дарси муҳоҷиратро дар мактабҳо пешниҳод кардааст, мегӯяд, сафари тоҷикон ба хориҷа барои кору даромад боз 50 соли дигар идома хоҳад кард.

Абдуҷаббор Саъдиддинов, раҳбари мактаби рақами 20 -и ноҳияи Файзобод, дар мулоқот бо намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо назардошти аҳамияти муҳоҷират дар иқтисоди кишвар, ин раванд ҳамчун дарси ҷудогона дар мактабҳо ҷорӣ шавад.

Ба ақидаи ӯ, ҷавонони тоҷик имрӯз бояд аз курсии мактабӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ омода шаванд: «Бояд ба бачаҳо омӯхта шавад, ки барои сафар ба муҳоҷират чиро бояд донанд, бояд ба дарсҳои русӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир гардад. Ва ба ҷои дарсҳои таълими меҳнат ё дар як дарсҳои алоҳида бо ҷалби муҳоҷирони устову ихтисосманд ба хонандагон дарси кафшергарӣ, андовачӣ ё дуредгарӣ омӯхта шавад. Ман худам солҳои 200-2005 ум дар Русия будам, куҷое, ки равед ҳуҷҷати кориатонро мепурсанд. Ин чизҳоро ҳоло аксари мо тоҷикон надорем.»

Ҷаноби Саъдиддинов бар ин аст, ки чунин омодагӣ зиндагии онҳоеро, ки ба муҳоҷират мераванд, ба маротиб осон хоҳад кард.
Соҳибёри Толиб
Соҳибёри Толиб
Ин бори нахуст нест, ки чунин пешниҳод садо медиҳад. Пештар, Соҳибёри Толиб, хабарнигори тоҷик дар Маскав ҳам пас аз ошноӣ бо вазъи муҳоҷирон аз вазорати маорифи кишвар хоста буд, дар мактабҳо дарси “Фарҳанги муҳоҷир”-ро ба роҳ монад. Ӯ ҳамчунин дар саҳфаи интернетиаш лоиҳаеро бо номи «Фарҳанги муҳоҷир» пешниҳод дошт, ки дар он қадам ба қадам гуфта буд, ки бояд ин дарс ба кадом шакл сурат гирад.

Соҳибёр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Албатта, медонам, ки таҳияи дастури таълимӣ ва ташкили нишасту семинарҳо роҳи ҳал нест, аммо ман фикр мекунам, зарурат дорад. Як ҷавони тоҷик пас аз хатми мактаб аз деҳа рост аз кишвар берун мешавад ба мушкилот дучор мешавад. Барои он, ки ӯ ақаллан донад, ки куҷо меравад, чӣ кор мекунад, ӯро бояд омӯхт, ҳоло баъзе китобчаҳои иттилоотӣ аз сӯи созмонҳои мухталиф нашр мешаванд, аммо ба теъдоди хеле кам ва онҳо роҳ ба сӯйи Русияро нишон медиҳанд. Ман фикр мекунам, бояд андешаи муҳоҷират танҳо ба Русия ҳам барҳам дода шавад.»

Дар посух ба чунин пешниҳодҳо, кормандони вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳалли чунин масъалаҳо семинар ва мулоқотҳои Хадамоти муҳоҷират роҳандозӣ шудаанд ва ниёзе ба ҷорӣ кардани дарси муҳоҷират дар мактабҳои миёна вуҷуд надорад.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯйи вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд: «Ин мавзӯъ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки фелан ба вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ вобаста шудааст ва дар он омӯзиши забони русӣ, география ва адабиёти рус пешбинӣ шудааст.»

Аммо пешниҳодҳои ҷорӣ кардани дарси муҳоҷират, ба ақидаи ҷомеашиносон баёнгари онанд, ки дар кишвар “тан додаанд”, ки асосан бо омода кардани муҳоҷирон ва судури нерӯи кор машғуланд. Иттифоқан, худи ҷавонон ҳатто хатмкардагони донишкадаву донишгоҳҳо бе ташвиқу таблиғи мақомот низ мегӯянд, азбаски дар кишвар кору даромади хуб ёфтан душвор аст, онҳо ягона роҳро дар муҳоҷират ба Русия мебинанд.
Латофат Назирова, равоншиноси тоҷик мегӯяд, аз сӯи дигар, чунин пешниҳодҳо ва сӯҳбатҳои такрор ба такрор роҷеъ ба муҳоҷират, ба мафкураи наврасон таъсири манфӣ мерасонад ва орзуҳои бузургу рӯшани онҳоро бо муҳоҷират ва кори сиёҳ дар Русия маҳдуд менамоянд: «Овони наврасӣ, ки зинаи ташаккули шахсияти наврас аст ва ин гуфтаҳо, ки ту муҳоҷир мешавӣ, ба муҳоҷират меравӣ гӯед, дар тафаккури ӯ аллакай мо ин ақидаро ҷой мекунем ва хонанда ҳам дигар дар гирифтани донишҳои зарурӣ кӯшиш намекунад ва мегӯянд ояндаи мо муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Тавассути ҳамин андеша мо ҳисси меҳру муҳаббати кӯдак ба меҳнат ва хушбин будан ба ояндаро маҳрум месозем. Мо бояд баръакс бо роҳандозии фанҳои махсуси омӯзиши иқтисодиёт, ба хонанда тарбияи дурусти иқтисодӣ диҳем. »

Иттифоқан, аксари онҳое, ки дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар мекунанд, низ мухолифи таблиғи муҳоҷиратанд. Онҳо мегӯянд, баръакс бояд роҳҳоеро пайдо кард, ки наврасон ба омӯзиши пешаҳои муҳим, кор дар ватани худ ва хидмат барои ободию шукуфоии он ҳавасманд шаванд.

Бино ба омори расмӣ, солона аз Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион нафар ва тибқи гузориши созмонҳои иҷтимоӣ беш аз 2 миллион нафар барои дарёфти кор ва музди муносиб ба Русия сафар мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (25)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG