Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар артиши Русия "Легиони хориҷӣ" таъсис дод


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо судури як фармон тартиби хизмати ҳарбии хориҷиҳоро тибқи шартнома дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, муайян кард.

Рӯзи ҷумъаи 2-юми январ раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро содир кард, ки бар пояи он тартиби ҷалби хориҷиён дар артиши он кишварро муайян мекунад. Дар ин фармон, ки дар торномаи расмии ҳуқуқии Русия нашр шудааст, омадааст, ки “ҳарбиёне, ки шаҳрвандони хориҷианд, имкон доранд дар вазъияти ҷангӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ, мутобиқ ба тартиби муқарраркардаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунҳои Русия, ба артиш ҷалб шаванд.”

Дар ин идомаи ин санад гуфта мешавд, ки “шартнома бо шаҳрвандони хориҷие, ки зери пайгарди қонунӣ ва ё додгоҳ қарор доранд, ва инчунин мӯҳлати адои ҷазояшон тамом нашудааст, баста нахоҳад шуд.”

Фармони раиси ҷумҳури Русия дар мавриди ҷалби хориҷиён ба артиши он кишвар дар ҳолест, ки ҳанӯз дар моҳи ноябри соли гузашта пешниҳоди бархе вакилони Думаи давлатии Русия дар бораи таъсиси Легиони хориҷӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар, баҳс ва ҳамовозиҳоеро ба миён оварда буд. Вакили Думаи давлатии Русия аз Ҳизби либерал-демократ Роман Худяков ба вазорати дифои Русия ва созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод карда буд, ки дар таркиби артиши Русия "Легиони хориҷӣ" таъсис дода шавад. Ба ақидаи ӯ, чунин нерӯ метавонад кафили субот дар ҳудуди Осиёи Марказӣ шавад ва аз ҷумла посухе ба таҷовузи эҳтимолии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ин минтақа бошад.

Дар тақвияти пешниҳоди худ Роман Худяков "Легиони хориҷӣ"-и артиши Фаронсаро намуна оварда буд, ки аз 40 000 нафар иборат буда, дар он хориҷиён аз 136 кишвар тибқи шартнома хидмат мекунанд. Бино бар пешниҳоди ин вакил, онҳое, ки ба "Легиони хориҷӣ"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия шомил мешаванд, баробари сарбозу афсарони рус маош гирифта, ин ҳуқуқро пайдо мекунанд, ки баъд аз 6 соли хидмат дар артиш, шаҳрванди Русия шаванд. Ин вакил ба рӯзномаи “Известия”-и чопи Маскав гуфта буд, чунин легион харҷи камтар мехоҳад, ҳамон гуна ки музди якмоҳаи хидмат дар Легиони хориҷии Фаронса ҳамагӣ 1000 евро аст. Аммо ӯ пешниҳод карда буд, ки ҳамаи фармондеҳон ва мураббиён бояд афсарони артиши Русия бошанд.

Раҳбарони Думаи давлатии Русия он замон гуфта буданд, ки ин пешниҳод мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар гузашта низ пешниҳод шуда буд, ки ба хориҷиён имкони хидмат дар артиши Русия дода шавад. Ва барои ҳавасманд сохтани хидматчиёни эҳтимолӣ ба онҳо ва аҳли хонаводаашон ваъдаи додани шаҳрвандӣ низ дар миён буд. Аммо, ин пешниҳод аз тарафи департаменти ҳуқуқии ҳукумати Русия баҳои манфӣ гирифта буд.

Сарони чандин ҷомеаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, агар ин тарҳ ба тасвиб расад, ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Легиони хориҷии артиши Русия хоҳанд рехт. Раҳбари Иттиҳоди тоҷикистониҳо дар Русия Абдулло Давлатов моҳи ноябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, бо афзоиши бекорӣ дар байни муҳоҷирон, шумораи зиёде аз онҳо омода хоҳанд буд, ки ба ин легион шомил шаванд. Коршиносон бар инанд, ки танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки муҳоҷирон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ омода хоҳанд буд, ки ба ин легион шарик шаванд.

XS
SM
MD
LG