Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи 22 апрел гуфт, ки ин изҳорот ба ҷанг мебарад, на ба сулҳ. Дар марзи Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 5 апрел хушунатҳо сар зад ва аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта шуд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар поймол шудани созиши оташбас гунаҳгор карданд. дар изҳороти президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфта шуд, ки Туркия дар канори Озарбойҷон қарор дорад. Ин таҳаввулот дар пасманзари бад шудани равобити Маскаву Анқара мегузарад.Вале айни замон, дар Ереван бархе гурӯҳҳо Маскавро дар фурӯши силоҳ ба Боку гунаҳгор мекунанд, ки сабаби сар задани хушунатҳои ахир шуд. Рӯзи панҷшанбе, ҳангоми вуруди вазири хориҷаи Русия ба Ереван, намоиши эътирозии ин гурӯҳҳо барпо гардид. Рӯзи 22 апрел дар нишасти матбуотӣ Лавров маҷбур шуд ба ин нигарониҳо посух диҳад. Дар ин бора Саргис Арутюнян, хабарнигори радиои Озодӣ дар шаҳри Ереван сӯҳбат мекунад.
Русия раҳбарияти Туркияро барои ба истилоҳ изҳороти ғайри қобили қабул дар робита бо хушунатҳои ахир дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ интиқод кард.
Ному насаби судяе ки 28 сол ҳукм баровард ки медонад, илтимос нависед.
Падари бечора бо ин фарзандони беаклаш дар азоб аст! Ин кадар сахт мусалмони, намозата хон, рузата гир, бас нест магар! Бо чи мусалмони аз бештар! корат чи ба чиходу сиесат ба корхои аз худату дахонат калон! Дар кунчи зиндон пусида мерави, танхо падару модарат дар гами туи аблах дар азобанд!
Агентии захирахои модди магар дар кадом холат карор дорад, ки дам ба дарун гирифта хомуш истодааст. захирахоро бояд дар хамин вакт ба мардум дастрас кард. Холо Агентии захирахо меистад ва баъд махсулотхо, ки вайрон шудан гирифтанд ягон вохима андохта махсулотхои вайроншударо бо нархи гарон ба фуруш мебарорад.
Ақалан ришатро гир, ҳамин ки чунин риш мемонӣ, худат барои худат ҳукми шадид содир мекунӣ. Охир намон ҳамин риши сабилмондара, магар имон дар риши инсон часбидааст????
Далерчон хангоме ки дар зиндон будед доим дар фикрам будед пайваста дар хакатон дуо мекардам ки харчи зудтар озод шавед. На хешу хастем на табор аммо барои хакикатгуйиятон шуморо хурмат мекунам зеро паёмбари Худо (с) гуфтанд : Бигуйед хакро, агарчи талх бошад !