Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳсин зидди Долла. Футболи кӣ беҳтар?


Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Долла Салӣ, ҳамтои малайзии худ.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Долла Салӣ, ҳамтои малайзии худ.

Имрӯз, 7-уми август, дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд.

Дар нишасти хабарии сармураббиҳои дастаҳои Тоҷикистон ва Малайзия, ки рӯзи панҷшанбе дар толори меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe барпо гардид, Долла Салӣ, сармураббии тими миллии футболи Малайзия, қабл аз рақобати дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон гуфт, ба бозии рақибаш ошноӣ надорад. Вале афзуд, чун Тоҷикистон дар ҷадвали раддабандии ФИФА аз Малайзия болотар аст, интизор дорад, ки футболбозони тоҷик дар ин бозии дӯстона рақобати сахт намоиш хоҳанд дод.

Долла Сали, ки ҳафтае қабл бар мақоми сармураббии тими миллии футболи Малайзия баргузида шудааст, мегӯяд, ҳарчанд ба таҷрибаи футболбозонаш боварӣ дорад, аммо омодагии хосе ба ин бозии дӯстона бо Тоҷикистон нагирифтаанд.

Дар ҳоле ки Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон мегӯяд, омодагӣ ба ин рақобати дӯстонаро 29-уми июл шурӯъ карда буданд ва ба гунаи ҷиддӣ тамрин кардаанд. Аммо ба қавли Муҳаммадиев, бозии рақибони малайзии худро аз тариқи видео тамошо кардаанд ва мутмаин аст, ки дар кадом мақом ҷой гирифтан дар раддабандии ФИФА далели бартарии кадом тиме дар майдон нест. Зеро ба қавли у «Тӯб гирд аст ва майдон ҳамвор, ҳар тим метавонад сюрприз кунад».

Нишасти матбуотии сармураббиҳои мунтахабҳои Тоҷикистону Малайзия дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Муҳаммадиев ба ин бозии дӯстона як нафар легионери ҷавон – Нозимҷон Бобоҷоновро аз ҳайати ҷавонони тими «Рубин»-и Қазон даъват кардааст. Аксари бозигарони тими миллии футболи Тоҷикистон барои рақобат бо мунтахаби Малайзия аз бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе интихоб шудааст. Ба гуфтаи Муҳаммадиев, далел дар он аст, ки тимҳои футболи Тоҷикистон дар танаффус ҳастанд ва тамрин накардаанд.

Бозии дӯстонаи тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Малайзия фардо, 8-уми август, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Довари ФИФА Александр Гаузери 39-сола аз шаҳри Петропавловски Қазоқистон сардовари ин бозии байналмилалии дӯстона таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG