Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Кӯктош” ба лигаи олӣ роҳ ёфт


Дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо шикаст додани тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 7:0 як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон барои худ медалҳои тиллоро таъмин кард ва соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ дар мавсими оянда гардид.

“Кӯктош” бо 47 имтиёз аз 21 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад ва сарфи назар аз бозиҳои даври охирин барои рақибонаш дастнорас аст.

Барои медалҳои нуқраю биринҷӣ се даста – «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Сомон»-и ноҳияи Данғара ва «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат – мубориза мебаранд. “Эсхата”, ки бозии даври 21-умро дар меҳмонӣ бо “Ваҳдат” бо ҳисоби 2:2 анҷом дод, бо 42 имтиёз ҷойи дувумро касб кардааст. “Сомон” низ бозиро бо дастаи мизбон – “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расонд ва дар ҷадвал бо 41 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудааст. “Ваҳдат” бо 39 имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор дорад.

Бар асоси дастури мусобиқа дастае, ки имсол дар лигаи аввал барандаи ҷойи дувум мешавад, бо дастае, ки дар лигаи олӣ дар ҷойи пешазохирин қарор мегирад, барои роҳ ёфтан ба мусобиқаи соли ояндаи лигаи олӣ талош мекунад.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 21-ум

«Кӯтош» – «Локомотив-Помир» – 7:0

«Ҳулбук» – «Саройкамар» – 3:1

«Зарафшон» – «Маҳаллаи 83» – 1:2

«Парвоз» – «Сомон» – 1:1

«Ваҳдат» – «Эсхата» – 2:2

«Равшан» – «Зарбдор» – 4:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

21

15

2

4

65-16

47

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

21

12

6

3

46-28

42

3

«Сомон» (Данғара)

21

11

8

2

58-26

41

4

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

20

11

6

3

42-19

39

5

«Саройкамар» (Панҷ)

21

10

4

7

32-27

34

6

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

21

10

2

9

45-44

32

7

«Ҳулбук» (Восеъ)

21

6

6

9

34-44

24

8

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

19

7

1

11

41-47

22

9

«Парвоз» – Фурудгоҳи Хуҷанд

20

5

4

11

24-34

19

10

«Зарбдор» (Исфара)

21

4

6

11

35-46

18

11

«Равшан» (Кӯлоб)

21

5

1

15

28-90

16

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

21

3

4

14

21-50

13

Нишонзани беҳтарин: Меҳроҷиддин Музаффаров («Ваҳдат»/«Кӯктош») – 27 тӯб.

XS
SM
MD
LG