Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз пайдо кардани навзоде хабар доданд, ки рӯзи 11-уми октябр аз як таваллудхонаи марказии Душанбе нопадид шуд ва мояи нигаронии мардуми зиёде дар кишвар гашт.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми октябр бо нашри як баёнияи кӯтоҳ гуфт, тифлро “сиҳату саломат” ёфтаанд. Дар баёния ҳеч чизе дар бораи аз куҷову чӣ гуна пайдо кардани кӯдак нагуфтаанд, вале дар он омадааст, “ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, ки боиси паҳн шудани ҳар гуна гумону тахминҳо ва нигаронии аҳли ҷомеа гардид, ба таври муфассал ба зудӣ шарҳ дода мешавад.”
Яке аз хешовандони Мавзуна Акрамова, модари тифл, рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ, мақомот тифлро ба модараш баргардондаанд, вале ҳеч чизе ҳам ба аҳли хонавода нагуфтаанд.
Ӯ афзуд, “ҳоло ҳамаи хешу табор дар ҳамонҷо ҳастанд ва мумкин аст, Мавзунаро ба зудӣ аз таваллудхона ҷавоб диҳанд.” Мусоҳиби Радиои Озодӣ нахост, номаш бурда шавад, зеро аз мақомот дастур гирифтаанд, ки дар бораи ҳодиса бо расонаҳо суҳбат накунанд.
Пештар аз баёнияи мақомот, дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои кӯтоҳе нашр шуд, ки ба корманди Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак иртибот додаанд ва ба духтари ҷавоне мегӯяд, “ҳоло кӯдакатонро меоранд.” Хеши Мавзуна Акрамова ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ дар видео модари кӯдак аст.
Яке аз табибони Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ тифлро пайдо кардаанд, вале ба онҳо ҳам ҳеч чизе дар бораи аз куҷову чӣ гуна пайдо кардани ӯ нагуфтаанд ва ба онҳо низ маълум нест, тифлро кӣ рабудааст.
Тифли навзоди Мавзуна Акрамоваи 19-сола ва сокини ноҳияи Нуробод нимашаби 11-уми октябр аз таваллудхонаи рақами 1 ё зоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, муҳимтарин маркази ташхиси тиббӣ ва муолиҷаи модарон ва навзодон дар Тоҷикистон, гум шуд. Ин дар ҳолест, ки вуруд ба ҳуҷраи беморон ё аёдати онҳо дар нимашабӣ дар шифохонаҳои Тоҷикистон мамнуъ аст.
Яке аз хешовандони Мавзуна Акрамова, модари тифл, сабти як дурбини назоратиро ба Радиои Озодӣ фиристода буд, ки дар он дида мешавад, як зани ниқобпӯше дар либоси сабзи тамизкорони таваллудхона дар даст кӯдаки навзоде аз назди зойишгоҳ башитоб дур мешавад.
Дар Тоҷикистон нопадид шудани навзод аз таваллудхона бисёр кам иттифоқ афтодааст, вале соли 2023 як зани 45-сола аз ноҳияи Хуросонро бо гуноҳи дуздидани тифли дурӯза аз зоишгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 8 сол зиндон маҳкум карданд. Муфаттишон баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯ тифли навзодро пайдо карданд ва зан ба мақомот гуфтааст, аз тарси онки шавҳараш барои дигар фарзанд наовардан аз ӯ ҷудо мешавад, тифлро дуздид ва ба шавҳари муҳоҷираш ҳамчун фарзанди хеш нишон додааст.
Гуфтугӯ