Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дупорагиҳои ҷаҳон дар мавриди Косово


Афғонистон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки Косоворо ба расмият шинохт. Дар ҳамин ҳол, Сербия сафиронашро аз баъзе кишварҳо фаро хонд.

Вазорати корҳои хориҷии Сербия мегӯяд, дипломатҳои ин кишвар аз Вашингтон, Лондон, Париж ва Анкара ба ватан бармегарданд.

Дирӯз, 18 феврал мансабдорони ИМА, Британия, Фаронса ва Туркия дар шаҳри Приштина эътиборномаҳояшонро ба мақомоти Косово таслим намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ президенти Сербия Борис Тадич эъломияи истиқлоли Косоворо ҳамчун амали мухолифи қонунҳои байналмилалӣ маҳкум кард.

Ҷаласаи Шӯрои Амният дар мавриди Косово бидуни мувофақа сари ҳеҷ тасмиме ба поён расид. Дар Созмони Милал Русия ва Чин аз мавқеъи Сербия ҳимоят мекунанд. Африқои Ҷанубӣ ва Вйетнам низ аз иқдоми ахири ҳукуматдорони Косово нигаронӣ кардаанд.

Аз истиқлоли Косово бархе аз кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG