Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи ҷанубӣ - пешсафи Бозиҳои XVII осиёӣ


Дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи ҷанубӣ дар ҷойи аввал аст.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Кореяи ҷанубӣ дар ҷойи аввал мебошад. Мизбонон то ҳоло ҳамагӣ 17 медал - 7 нишони тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Чин бо касби 14 медал - 6 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ - дар мақоми дувум аст.

Варзишгарони Муғулистон бо касби 4 медал - 2 нишони тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар мақоми севуманд.

Тими Қазоқистон (2 тилло ва 3 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Ҷопон (1 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 16 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст овардаанд ва намояндагони 8 кишвар ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҷуз мунтахаби Қазоқистон , Туркманистон 1 медали нукра ва Узбекистон 2 медали биринҷӣ доранд. Вале варзишгарони Қирғизистону Тоҷикистон медал нагирифтаанд.

Ёдовар мешавем дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи ҷанубӣ барпо мегарданд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 92 варзишгар, ки 16 нафарашон занонанд, ширкат меварзад.

Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 16 намуд - бокс, дзюдо, гуштини озод, гуштини юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ, ушу, софт теннис, қаиқронӣ ва волейболи соҳилӣ рақобат мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат меварзад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.

Варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг, Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштини юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ шудаанд.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ варзишгарони 45 кишвар барои 439 маҷмӯи медалҳо оид ба 36 намуд сабқат мекунанд.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ XVII ОСИЁӢ ДАР ИНЧОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

21 сентябр (якшанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 100 м. Брасс. 09.00-11.30

ТИРПАРРОНӢ. Мардон. 10 м (туфанг). 09.00-10.15 11.30-12.00

ДЗЮДО. Мардон. -73 кг, -81 кг. 14.00-18.00 19.00-21.30

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

ФУТБОЛ. 17.00. Тоҷикистон - Умон

УШУ. Мардон. -70 кг. 19.00-19.40

22 сентябр (душанбе)

ТИРПАРРОНӢ. Мардон. 10 м (милтиқ). 09.00-12.15

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

ШИНОВАРӢ. Мардон. 50 м (усули озод). 09.00-12.00 19.00-20.54

ДЗЮДО. Мардон. -90 кг, -100 кг, +100 кг. 14.00-17.00 19.00-21.30

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -69 кг. 14.00-15.30

УШУ. Мардон. -70 кг. 22.20-23.00

23 сентябр (сешанбе)

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон.09.00-18.00

КАМОНВАРӢ. Мардон ва занон.10.00-12.20 14.30-16.20

ДЗЮДО. Сабқати дастаӣ.14.00-22.00

24 сентябр (чоршанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 50 м (баттерфляй). 09.00-11.30 19.00-19.09

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -69 кг. 14.00-21.30

БОКС. Мардон. -56 кг, -60 кг. 14.00-17.00 19.00-21.30

25 сентябр (панҷшанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 100 м (усули озод). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (брасс). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (усули озод). 09.00-11.30

БОКС. Мардон. -49 кг, -75 кг.14.00-17.00 19.00-21.30

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -94 кг. 21.00-21.30

26 сентябр (ҷумъа)

БОКС. Мардон. -91 кг.14.00-17.30 19.00-23.00

27 сентябр (шанбе)

ВАРИШИ САБУК. Давидан, 1500 м. Мардон. 10:30-22.25

Гурзандозӣ. Мардон.18.45-20.15

Давидан, 400 м. Мардон. 21:00-22.25

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -57 кг, -70 кг. 13:00-17:00

ҚАИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ. Мардон. К1 1000 м, К1 200 м, С1 200 м, К2 200 м. 10:00 – 12:15 14:00-15:05

БОКС. Занон. -51 кг, -60 кг. 14.00-18.00

28 сентябр (якшанбе)

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 1500 м. Мардон.10:30-11.15

Бисёрҳарба. Занон.10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -65 кг, -97 кг. 13:00-17:00

29 сентябр (душанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Singles/ 09:00-18:29

ВАРЗИШИ САБУК. Бисёрҳарба. Занон. 10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -61 кг, -74 кг, -86 кг. 13:00-17:00

30 сентябр (сешанбе)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -74 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -49 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -59 кг, -98 кг. 13:00-17:00

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 200 м. Мардон. 19:45-22.05

Давидан, 800 м. Мардон. 20:40-22.05

1 октябр (чоршнбе)

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -66 кг, -130 кг. 13:00-17:00

19:00-21:00

ТАЭКВОНДО. Мардон. -80 кг, +87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -57 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

2 октябр (панҷшанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Doubles) 09:00-14:30

ТАЭКВОНДО. Мардон. -63 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

3 октябр (чумъа)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -54 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

КАРАТЭ. Мардон. Кумитэ. -60 кг. 11:50-16:50. Занон. +73 кг

Эзоҳ: агар варзишгарон ва дастаҳо ба даври баъдӣ роҳ ёбанд, он гоҳ аз рӯи ҷадвали Бозиҳои XVII осиёӣ сабқатро идома медиҳанд. Замони баргузории мусобиқот бо вақти маҳаллист.

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ

XS
SM
MD
LG