Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки аз рӯи натоиҷи ду бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор пирӯз шуд, ба финал баромад.
Бозии аввал бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи мизбон “Хуҷанд” -- анҷом ёфта буд. Дар бозии ҷавобӣ, ки 4-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо гардид, замони асосӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон ба поён расид. Голҳоро капитани «Барқчӣ» Шериддин Бобоев дар дақиқаҳои охири нимаи аввали дидор ва Ваҳдат Ханонов шаш дақиқа пеш аз анҷоми замони асосии бозӣ ба самар расониданд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ ҳисоб мусовӣ - 2:2 шуд.
Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд баъди ҳафт сол ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.
Бар асоси дастури мусобиқот барои муайян кардани ғолиб ду қисми 15-дақиқаӣ таъин гардид. Дар замони изофӣ ду бор футболбозони “Хуҷанд” ба задани гол муваффақ шуданд. Голҳои Дилшод Бозоров (дақиқаи 102-юм) ва Шоҳрух Раҷабматов (дақиқаи 109-ум) «Хуҷанд»-ро ба финали Ҷоми Тоҷикистон баровард.
Зимнан, “Хуҷанд” баъди ҳафт сол ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Рақиби «Хуҷанд» дар бозии ниҳоӣ пас аз натиҷагирии бозиҳои ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва CСКА «Помир»-и Душанбе маълум хоҳад шуд.
Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2018 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.
Соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд. Душанбегиҳо дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умумӣ – 5:4) пирӯз шуданд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 26-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозии ҷавобӣ
«Барқчӣ» – «Хуҷанд» – 2:2
Голҳо: Шериддин Бобоев, 45+2 (1:0). Ваҳдат Ханонов, 84 (2:0). Дилшод Бозоров, 102 (2:1). Шоҳрух Раҷабматов, 109 (2:2).
Огоҳонида шуданд: Шаҳром Самиев, Амирҷон Сафаров, Ҳувайдо Малиев («Барқчӣ»), Манучеҳр Аҳмадов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Рустам Ризоев («Хуҷанд»).
Бозигари беҳтарини ин дидор: Шериддин Бобоев («Барқчӣ»).
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
4 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин.
Бозии аввал – 0:2.