Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду узви дигари "Абрешимчӣ" зиндонӣ шуданд


Ахиран додгоҳи шаҳри Хуҷанд ду ҷавонро, ки мақомот онҳоро аъзои гурӯҳи “Абрешимчӣ” ва созмони “Лашкари ислом” ном мебаранд, ба ҳабс маҳкум кард.

Фирӯз Қурбонови 29-сола ва шарикаш Фатҳулло Раҷабов, сокинони шаҳри Хуҷандро додгоҳ ба“тамаъҷӯӣ бо истифодаи зӯр ва бо машварати пешакӣ бо нафарони дигар" тибқи банди 250-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор донист ва ба 11 ва 10.5 сол ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр, маҳкум кард. Бозбинии парвандаи онҳо дар боздоштгоҳи рақами 2-и Хуҷанд, паси дарҳои баста ҷараён дошт.

Равшаной Маҳкамова, вакили дифои Фатҳулло Раҷабов ба Озодӣ гуфт, ки зерҳимояаш ва шарики вай аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болои додгоҳӣ шикоят хоҳанд буд. Вай афзуд, аслан “онҳоро аъзои гурӯҳҳои мафиозӣ эълон кардан воҳимае беш набуд ва ин чиз дар парванда ҷой надорад.”

Мақомот ибтидо дар бораи боздошти раҳбар ва 4 узви гурӯҳи ҷиноии мавсум ба "Абрешимчӣ” (“Шелковик”) дар моҳи июни соли гузаштаи 2013 хабар дода буданд, ки гӯё тӯли солҳои зиёд дар маҳаллаҳои атрофи корхонаи абрешими Хуҷанд амал мекард ва ба ситондани “ҳақ” аз соҳибкорони маҳаллӣ машғул буд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ ба расонаҳо, ҳар узви ин гурӯҳ дар баданашош татуи вижае бо ҳуруфи арабӣ ва аксҳои шер ва ситораву моҳ доштааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Қурбонов ва Раҷабовро замоне, ки бо истифода аз аслиҳаи оташфишон ғоратгарӣ ва пулситонӣ дар Хуҷанд машғул буданд, дастгир кардаанд. Фирӯз Қурбонов, ки раҳбари “Лашкари Ислом” дониста мешавад ва шарикаш - Фатҳулло Раҷабовро мақомоти амниятӣ охири моҳи январи соли равон баъди бозгашти онҳо аз Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир карда буданд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо баъди боздошти 3 шарикашон аз Тоҷикистон фирор карда, дар Имороти Муттаҳидаи Араб паноҳ бурданд, “вале дар поёни соли гузашта ба таври пинҳонӣ аз Дубай ба Хуҷанд баргашта, ба аъмоли ҷиноии худ идома доданд.”

Ба гуфтаи мақомоти тафтишот, аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ дар роҳи ситондани “ҳақ” аз соҳибкорон зери чатри шиорҳои мазҳабӣ ва ифротӣ амал карда, гурӯҳи худро номи баланди “Лашкари Ислом” дода буданд. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, онҳо гӯё соҳибкоронро маҷбур мекардаанд, ки барои “ҷиҳод” ва “рушди Ислом” бо додани пул ба онҳо саҳм гузоранд. Ду нафар аз аъзои ин гурӯҳ -- Абдумаҷид Халилов ва ва Набиҷон Собиров ҳатто дар ҳудуди Русия ҳам даст ба ҷиноятҳои авбошӣ зада, “бо истифода аз таппонча шаҳрвандони Тоҷикистон таҳдиду зӯроварӣ намуда, ҳатто чанд нафари онҳоро захмӣ кардаанд."

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 8 декабри соли 2013 Зоҳирҷон Бобоевро ба мӯҳлати 11 сол, Абдумаҷид Халилов ва Набиҷон Собировро ба мӯҳлатҳои 10 солӣ аз озодӣ маҳрум карда буд.
XS
SM
MD
LG